Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалат менависем ё мегӯем?


Баҳриддин Камолиддинов - профессори тоҷик ва як тан аз мураттибони «Имлои забони тоҷикӣ» дар соли 1998 мегӯяд, пас аз қабули қонун дар бораи имло баҳсҳои забоншиносони тоҷик акнофи баъзе носуфтагиҳо дар забони муосир то ҳанӯз идома доранд ва китоби Аҳмадҷон Неъматов давоми мантиқии ҳамин баҳсҳост. Баҳриддин Камолиддинов меафзояд, усулан баҳсҳои уламои тоҷик акнофи ҳарфҳои «йодбарсар», ташдид ва мавқеъу истифодаи онҳо авҷ гирифтаанд. Ва аммо агар тибқи талаботи забон ва гӯиш мо ҷои «хонаи ман» аз истифодаи ибораи «хона(й)и ман» кор гирем, мо ҳарфи «йо» -ро дуруст истифода мебарем, аммо қонуншиканӣ мекунем!

«Дар ибораи «чойи кабуд» ҳарфи «й» навишта мешавад ва талаффуз мешавад, аммо дар ибораи «хона(й)и мо» ҳарфи «й» навишта намешавад, ҳарчанд ки талаффуз мешавад! Ҳатто баъзеҳо дар вожаи «хона(й)и…» ҳамон ҳарфро менависанд, ки ин албатта хилофи «имлои забони тоҷикӣ» аст, ки онро ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кардаасту аммо баъзеҳо онро худсарона тағйир додан мехоҳанд."

Ин дар мавридест, ки адибону рӯзноманигорон дар мавриди истифодаи калимаву иборот аз «Қонун дар бораи имлои забони тоҷикӣ» кор намегиранд. Мунаввари Мунавварзод, журналисти тоҷик:

«Агар ин қонуншиканӣ бошад, ман қонуншикан ҳастам! Ман аслан ҳама қобу чаҳорчӯбаҳои ғалату нодурустро мешиканам! Масалан, ман ҳама вақт калимаи «фаъ(ъ)ол» -ро бо ду «ъайн» менависам. Барои ман муҳим нест, ки ҳукумати Тоҷикистон дар симои академияи улум ин калимаро дар «Имло» бо як «ъ» ва ё бе ягон «ъ» овардааст. Ман худ медонам, ки «фаъъол» бо ду «ъайн» ва бо ташдид навишта мешавад, ё ин калимаи «хос(с)ийат» бо ду «сод» навишта мешавад. Ман дар шаҳри якчашмаҳо ба ҳеч ваҷҳ як чашмамро кӯр намегирам!»

Мураттибони «Имлои забони тоҷикӣ» дар соли 1998 уламои саршиносе ҳамчун Абдусаттор Мирзоев, Шарофиддин Рустамов, Талбак Хаскашов, академик Муҳаммадҷон Шакури, Маҳмадулло Лутфуллоев ва Баҳриддин Камолиддинов будаанд. Устод Камолиддинов мегӯяд, роҷеъ ба ҳуруфи «йодбарсар» ва қатъи истифодаи онҳо дар забони муосири тоҷикӣ ин олимон талош кардаанд ва аммо ҳукумати вақт дар соли 1998 аз ин пешниҳоди мураттибони «Имлои забони тоҷикӣ» сарфи назар кардааст.

Ва дастури дарсии « Имло ва нигориш»-и Аҳмадҷон Неъматов идомаи баҳсҳои сарфу наҳвӣ дар Имлои забони тоҷикист.
XS
SM
MD
LG