Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дониш - сармоя ва сарвати ҳар кишвар


Дар Тоҷикистон, таври маълум тайи 10 - 15 соли ахир илму маориф, ба монанди дигар соҳаҳои иқтисоди кишвар, таназзул кардааст ва дар ҳолати ногувор қарор дорад. Шумори зиёди муаллимони мактабҳо аз кор рафтаанд, сифати омўзишу парвариш пойин омадааст. Пояҳои моддию техникии мактабҳо ниҳоят заъифанд, муаллимони баландихтисосу ботаҷриба, китобу дафтар ва васоили техникии таълим намерасанд. Мазмуну мўҳтавои китобҳои дарсӣ низ мувофиқи талаботи замон нестанд. Ва гуна гуна мушкилоти дигар.

Ин ҳама боиси пойин амадани сатҳи дониши шогирдон гардидааст. Дар миёни хонандагон майлу рағбат ба илмомўзӣ камтар шудааст ва пешаи муаллимӣ аз доираи эътибору эҳтиром афтодааст. Раванди тарбияи кадрҳо дар донишгоҳҳои кишвар низ боиси нигаронӣ аст. Ба гуфтаи устодони донишгоҳҳо, чун бисёре аз хонандагон дар мактабҳо дониши кофӣ намегиранд, дар мактабҳои олӣ низ ба душвориҳо рў ба рў мешаванд. Онҳо аз роҳҳои ғайриқонунӣ баҳо гирифта, соҳиби диплом мешаванд, аммо соҳиби дониш не. Ин аст, ки шумори дипломдорони камдониш торафт афзоиш меёбад. Ва ин ҳолат барои ояндаи кишвар хатари бузург дорад.

Дар «Барномаи рушди иқтисодии Точикистон» зикр шудааст, ки дар мактабҳо «сифати таълим бад шудааст ва савияи дониши хонандагон дар ҳамаи зинаҳои маъорифи кишвар пойин омадааст» ва лозим аст, ки вазъият ислоҳ гардад, то ин ки «сифати захираҳои меҳнатӣ баланд бардошта шавад».

Агарчӣ дар барнома иллати вазъи пеш омада ва роҳҳои ислоҳи он зикр нашудааст, вале равшан аст, ки сабаби асоссии таназзули системаи илму маориф, ба таври кулл - бўҳрони иқтисодӣ ва адами таваҷҷӯҳи лозим ба ин соҳа аст. Агар ба таври хос гўем, ин ҳолат пеш аз ҳама натиҷаи кам будани музди кори омўзгорон ва ночиз будани сармоягузорӣ барои тақвияти пояҳои моддию техникии системаи маориф аст. Дар ҷое, ки дастмузди омўзгорон барои харидани ҳатто як халта орд намерасад, ҳолат наметавонад таври дигар бошад. Савол ин аст, ки ҳукумат бар асоси кадом муҳосиботу меъёрҳо маоши кормандони муассисоту корхонаҳои давлатиро, аз ҷумла маоши муаллимону олимонро дар ҳудуди 40 - 50 ё 70 сомонӣ муқаррар кардааст?

Бар асоси қонуни бозор? Аммо ҳукми қонуни бозор ин аст, ки ҳадди аққали музди як коргари оддӣ набояд камтар аз арзиши зиндагии вай ва аҳли хонаводааш бошад. Имрўз арзиши зиндагии фақиронаи як нафар дар як моҳ беш аз 150 сомонӣ ва як хонаводаи чорнафара, дар ҳудуди 600 - 700 сомонӣ аст. Яъне маоши омўзгорон чанд баробар камтар аз арзиши зиндагии фақирона аст.

Қонуни бозор ҳамчунон ҳукм мекунад, ки дар бозор, рӯиҳамрафта, бояд арзишҳои боҳам баробар мубодила шаванд. Ин ҳукм низ дар Тоҷикистон риоят намешавад. Олимону омўзгорон дорои тахассуси баланд мебошанд ва кори басо муҳиму боарзишро барои ҷомеа анҷом медиҳанд. Метавон гуфт, ки арзиши кори як моҳаи онҳо на камтар аз 1000 сомонӣ аст. Аммо дар бадали он арзиши ба маротиб камтарро дарёфт мекунанд. Яъне ҳиссаи бештари кори онҳо пардохта намешавад. Албатта, ин аз рўи адлу инсоф нест ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба пешрафти иқтисоду фарҳанги ҷомеа мусоидат намекунад. Чунин сиёсат комилан ғалат аст ва он корро ба маҳви саводу илму маърифат мекашонад. Ва ин мумкин аст, пайомадҳои басо ногувор ва ҷуброннопазир дошта бошад.

Пўшида нест, ки шарти суботу пешрафти ҷомеа маърифати баланду зиндагии осудаи мардум ва адл аст. Ва таъмин намудани адл дар ҷомеа ва мусоидат ба пешрафти он вазифаи аввалин ва муҳимтарини ҳукумат аст. Албатта, ҳукумати Тоҷикистон дар барнома зарурати «беҳтар кардани сифати кори мактабҳо ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон»- ро эълон намудааст. Вале эълон кардани ин ҳадаф кофӣ нест, онро бояд ҳарчӣ зудтар амалї кард.

Ва барои ин пеш аз ҳама мебояд, ки музди кори омўзгорону олимон, табибон, коргарону кишоварзон ва дигар кормандони давлат ба маротиб боло бурда щавад, то онҳо ба кори пурсамар ташвиқ гарданд. Ин кор аз рўи адлу инсоф хоҳад буд ва на танҳо сифати омўзишу парваришро боло мебарад, он ҳамчунон ба рушди иқтисоди кишвар суръат мебахшад ва ҳамзамон ба кам шудани фасоди иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Гузашта аз ин мебояд ки як нуктаи муҳими дигарро мадди назар гирифт. Ва он нукта ин аст, ки замони мо замони дониш аст.

Дар ҷомеаҳои суннатӣ омили асосии тавлид ва сармояи асосии миллатҳо - замин буд. Ҳар кишваре ё афроде, ки замини бештар дошт, сарватманд ҳисоб мешуд. Пас аз инқилоби санъатӣ аҳамияти замин пойин омада, аҳамияти сармоя, яъне корхонаҳою муассисаҳо боло рафтанд ва ба сармояи асосӣ табдил шуданд. Дар ҷомеаи санъатӣ онҳоеро бою сарватманд меномиданд, ки заводу фабрикаҳо ва корхонаҳои зиёд дошта бошанд. Аммо тайи даҳсолаҳои ахир пешрафти илму техника вазъиятро дигаргун кард. Ҳоло кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба марҳилаи тозае ворид шудаанд, ки онро ҷомеаи варосанъатӣ ва ё иттилоотӣ меноманд.

Яке аз вижагиҳои ҷомеаи нав ин аст, ки дар он аҳамияти замину сармоя пойин омада, нақши дониш ва технология боло рафтааст ва дониш ба сармояи асосӣ табдил ёфтааст. Имрўз он кишварҳое ғанию сарватманд ҳисоб мешаванд ва нақши муҳимро дар иқтисоду сиёсати ҷаҳон доранд, ки сатҳи донишу маърифати мардумашон баланд аст ва дорои илму технологияи пешрафта мебошанд.

Дар ҳоли ҳозир қариб ҳамаи кишварҳои ҷаҳон мекўшанд, ки аз ин раванд пас намонанд, зеро ояндаи миллат ва ватанашон дар ин роҳ аст. Аз ин ҷост, ки дар кишварҳои пешрафта ҳамасола даҳҳо ва садҳо миллиард долларро барои таҳқиқоту пешрафти илму техника сарф мекунанд ва ба дастовардҳои бузургу ҳайратангез нойил мегарданд.

Аз ин рў, иқтисоддонон ба чунин натиҷа расиданд, ки барои таъмин намудани пешрафти босуръати кишвар, мебояд, пеш аз ҳама бо худи инсонҳо сармоягузорӣ шавад, яъне сатҳи донишу маърифати мардум баланд бардошта шавад ва мутахассисони зиёд барои ҳамаи соҳаҳои иқтисоди кишвар тарбия шаванд, то онҳо аз манобеъу сармояҳои дохилию хориҷӣ ба таври муассир истифода намуда, пешрафти ҳамаҷонибаи ҷомеаро таъмин кунанд. Ва имрўз бештари кишварҳои ҷаҳон чунин сиёсатро пеш гирифтаанд. Ҳукумату мардуми Тоҷикистон бояд аз онҳо ибрат гирад.
XS
SM
MD
LG