Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назорат бар интернет


Салом.
Пеш аз он ки перомуни фоида ва зарар гап занем, бояд ки маънои интернетро дар фаҳмиши пешниҳодкардаи радиои Озодӣ дуруст сарфаҳм рафт. Азбаски радиои Озодӣ онро ҳамчун шабакаи иттилоотии ҷахонӣ арзёбӣ карда, манфиат ва ё зарарашро мепурсад, бояд ҳаминро дар назар гирем, ки ҳамагуна шабакаҳои иттилоотӣ аз манфиат холӣ нестанд, чун ки дар ин маврид зарбулмасали муносиби русие ҳаст:
Тот кто владеет информацией, тот владеет миром. Аз ин нигоҳ (ҳамчун шабакаи ҷаҳонии иттилоот) намешавад онро манфӣ баҳо диҳем, чи расад ба зарарҳои иттилоотӣ ва ё пешгирӣ кардани он.
Доро
------------------------------
Салому алейкум.
Ба фикри ман, интернет дар асри 21 муҳимтарин чиз ба шумор меравад. Айни ҳол бе алоқаи интернетӣ мо наметавонем бисёр корҳои худро анҷом диҳем. Масалан, дар донишгоҳи мо роҳбарони мо ба мо супориши илмӣ медиҳанд ва мо ин супоришу ҳамаи иттилои заруриро танҳо ба воситаи интернет пайдо карда метавонем. Ва иншоаллоҳ, умедворем, дар оянда дар донишгоҳҳои Тоҷикистон низ ба ҳамин низом мегузаранд.
Аммо баъзе донишҷӯёни мо дар интернет ба саҳифаҳои нохубе медароянд, ки ахлоқи онҳоро коста мекунад. Ин аст зарари интернет. Медонам, ки бархе аз ҷавонон ва духтарон вақти худро дар чат ё нависонависи байни худ сарф мекунанд ва баъзан дар он ҷо дашномҳои қабеҳ навишта мешаванд, ки кори одами боақл нест.
Ҷовидон
------------------------
Салом.
Монополияи алоқа, ки интернет як намуди он мебошад, ҳамеша вуҷуд дошт ва яке аз сабабҳои он махфӣ доштани иттилоъ аз рақибон ё ағёр буд.
Ҳоло агар ба Тоҷикистон нигарем, чунин ба аназар мерасад, ки соҳибкороне ки бо ҳам дар рақобатанд, аз фарҳанги рақобати созанда огоҳ нестанд. Онҳо барои фоида аз ҳама чӣ сарфи назар мекунанд. Ин ҳол ба наслҳои оянда таъсири манфӣ хоҳад дошт. Аз сӯи дигар рушди интернет дар ҷомеа ҳам фоида ва ҳам зиён дорад. Фоида ин робита бо ҷаҳон аст, зарар -- он метавонад, тарзи зиндашӣ ва тафаккури моро ба куллӣ дигар кунад, ба хулқу атвор ва маданияти мо таъсир расонад.
Нозир
---------------------
Интернет назорат намехоҳад. Он мисли бозор худ худашро назорат мекунад. Маълумоте ки ба касе даркор аст, харидор меёбад, нодаркораш худ бесоҳиб мемонад. Ҳукуматҳо барои он мехоҳанд ба интернет назорат кунанд, ки маълумоти шармсоркунандаи онҳо рӯ назанад. Масалан, агар сирру асрори мансабдорони кишварҳои мухталиф, аз он ҷумла Тоҷикистонро донистан хоҳед ба саҳифаи Компромат.Ру равед. Он ҷо бисёр маълумоти нодир меёбед.
Ҳусниддин Шамсиддинов,
Маскав

----------------------
Ман инро гуфтаниям, ки интернет бояд аз тарафи масъулин назорат карда шавад.
Фардан
-----------------
Ҳам зарар дорад ва ҳам фоида.
Масъала ин аст, ки мо аз он чӣ тавр истифода мекунем. Ин ба шуур ва дарку фаҳми мо бастагӣ дорад.
Умед аст, ки интернет дар Тоҷикистон дар хидмати илму дониш бошад.
Юсуфи Қубодиёнӣ
------------------
Зарари Интернет ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ин набудани қонуни ягона дар мавриди назорат аз болои ин шабакаҳост.
Дар Тоҷикистон чанд бунгоҳи иттилоотӣ фаъолият дорад, аммо дастрасӣ ба иттилооти онҳо мардумро раҳгум задааст.
Имрӯз дар Тоҷикистон вақти он расида, ки як қонуни нав "Дар бораи шабакаи интернет " ба тавсиб расад.
Мо бояд интернетро дар зери назорати қатъӣ гирем ва нагузорем, ки касе чӣ кор хоҳад бикунад.
Додварз
-----------
САЛОМ!!!!
Интернет воситаи хуби иттилоотгирӣ аст. Аммо дар Тоҷикистон он шояд солҳои 2050-ум рушд кунад. Нархҳои қиммату суръати суст ва монополияи майдони Интернет аз тарафи соҳибидораҳо бар болои ин дар ҳоли фақр қарор доштани мардум намегузорад, то мардум алалхусус донишҷӯён онро дастрас кунанд. Алҳол дар Душанбе бойбачаҳо аз Интернет бархурдоранду қисмати дигари ҷавонон ҳатто чӣ гуна истифода бурдани Интернетро намедонанд.
Aслам
XS
SM
MD
LG