Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти таронаҳои миллӣ


Чашмандозе ба вазъи мусиқӣ дар Афғонистон баъд аз суқути Толибон Нишот ба чеҳраи афғонҳо бармегардад, чун нури хуршед баъд аз шаби ялдо. Дар шаҳру деҳи Афғонистон аз субҳ то шом садои мусиқӣ гӯшҳоро менавозад, мусиқие, ки ҳамагӣ чанд соли пеш шунидани он боиси қатли ҳунармандон мешуд.

Саидқосими Қиёмпур
Ду сол пеш садҳо нафарони мусаллаҳ дар мавзеъи Чак дар маҳфиле гирдиҳам омаданд то барои нахустин бор баъди суқути Толибон мусиқии Атани миллии Афғонистонро бишаванд ва зери он рақс кунанд. Ва аммо рушан шуд, ки пайдо кардани ҳунармандон ва навозандагон корест сангин -- дар ин минтақа фақат як навозандаи кӯҳансоли нағораи дҳол мезисту халос. Кушиши пайдо курдани сурнайнавоз бенатиҷа анҷом ёфт ва мусаллаҳон ҷойи сурнайро бо садои тири Калашников пур карданд.

Ва аммо бо гузашти ду сол теъдоди зиёди ҳунармандону навозандагони афғон аз Эрону Покистон ба диёрашон баргаштанд ва акнун навохтани Атани миллӣ мушкиле эҷод намекунад ва акнун ба тадриҷ сурнай ҷойи Калашниковро мегирад.
Бо вуҷуди ин, навозандагону овозхонҳои афғон ҳанӯз ҳам худро дар амн эҳсос намекунанд. Моҳи гузашта овозхони маъруфи туркман Қураб Назар ҳамроҳ бо аъзои дастааш баъди як сури арусӣ дар вилояти Ҷузҷон кушта шуд. Пулис гуфт, ки ҳунармандон аз сӯи толибон ба қатл расидаанд. Толибон дар ҳамлаҳо ба аҳли ҳунар дар вилоятҳои ҷанубӣ ва шарқии Афғонистон ҳам муттаҳам мешаванд.
Вале бо вуҷуди ин ҳунармандони афғон ба ватан бармегарданд то дар манзили мардум аз нав садои мусиқӣ танин биандозад.

Барои шунидани гузориш ба ин ҷо ангушт занед
XS
SM
MD
LG