Ин комиссия иборат аз 6 гурӯҳи корӣ буда, шурӯъ аз шароити макотиби миёнаву олӣ, дараҷаи дониши муҳассилин, фаҳмишу рафтори онҳо, бо муносибати устодон бо омӯзгорон ва дигар паҳлӯҳои соҳаи маорифро дар сартосари кишвар мавриди санҷиш қарор медиҳанд.
Раҳбарии ин гурӯҳҳоро мушовири президент Шарофиддин Имомов ва муовинони вазири маориф ба уҳда доранд. Барои санҷиши мактабҳои олии пойтахт ду гурӯҳ равона гардидааст, ки кори худро аз Донишгоҳи омӯзгорӣ шурӯъ намуданд. Саидбой Шербоев узви ин комиссия мегӯяд:
"Мақсади ин комиссия дар тамоми мактабҳои оливу миёна санҷидани вазъи таълим, хониш, шароити зисту зиндагонии омӯзгорону донишҷуён аст."
Ин комиссия дар пайи норозигии Эмомалӣ Раҳмонов раисиҷумҳури Тоҷикистон аз вазъи бади соҳаи маориф, ки дар ҷаласаи ахири ҳукуматӣ иброз дошт ташкил ёфтааст ва бо талаби президенти кишвар то охири моҳи ҷорӣ натиҷаи кори ин ҳайъат дар шакли як ҳисоботи вижа ба ҳукумат пешниҳод шавад. Дар навбати худ ҳукумат бо вазорати маориф барои ҳалли мушкилоти мавҷуда барномаҳои гуногунро роҳандозӣ хоҳанд кард.
Ба назари Сироҷиддин Бандаев, ноиби ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ, ин кор метавонад, барои беҳбуди вазъи таълим дар Тоҷикистон, мусоидат намояд:
«Ташвише, ки президент изҳор карданд, нисбати паст будани раванди таълиму тарбия ин албатта ҷой дорад ва барои баратараф кардани камбудиҳо кори ин комиссия муфид аст.»
Комиссия дар ин донишгоҳ пеш аз ҳама кори худро аз тафтиши ҳуҷҷатгузории донишгоҳу устодон шурӯъ намуд. Ба ақидаи Сахидод Хоркашов устоди Донишгоҳи омӯзгорӣ яз ҷиҳати дигар бо омад омади чунин комиссияҳо устодон ба кори худ ва донишҷуён ба таҳсил масъулияти бештар ҳис мекунанд:
«Донишгоҳҳои мо як миқдор ба тафтишу ба баррасиву ҳамин гунна чизҳо ниёз доранд, агар ин корҳо набошанд, одам бепарвоӣ зоҳир карданаш мумкин аст.»
Ҳайъати корӣ аз бархе синфхонаҳои донишгоҳ дидан кардааст. Як донишҷӯ мегӯяд: «Комиссия аз мо музейҳоро пурсид, музейи Айнира, Мирзо Турсунзодара, донистем мо, ҷавоб додем ва комиссия баҳои хуб дод.»
Сайидбой Шербоев узви комиссияи ҳукуматӣ мегӯяд, бори аввал аст, ки чунин комиссияи бузург ба таҳқиқи муассисаҳои таълимӣ мепардозад. Соли равон шахсан вазири маориф аз чандин донишгоҳу макотиби миёна дидан карда, фаъолияти донишгоҳҳоро қайриқаноатахш арзёбӣ намуд.