Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи олудаи муҳити зисти водии Фарғона


Барномаи мазкур бо мусоидат ва кӯмаки молии барномаҳои оид ба зистмуҳит ва рушди СММ (ЮНЕП ва UNDP), Cозмони амният ва ҳамкории Аврупо (OSCE) ва бахши дипломатияи ҷомеаи Cозмони паймони Атлантикаи шимолӣ (NATO) ба хотири бозбинӣ ва ҳалли масоили баҳсбарангези экологӣ дар минтақаи водии Фарғона рӯи даст гирифта шудааст ва дар нишасти Хуҷанд намояндагони ду созмони аввал иштирок доштанд.

Ба гуфтаи иштирокдорони нишаст, водии Фарғона бо мушкилоти зиёди муҳофизати муҳити зист рӯ ба рӯст, ки баррасиву ҳалли онҳо дар алоҳидагӣ ба се ҷамоҳири ин минтақа Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон даст надодааст.

Бен Слей, сарвари бахши минтақавии барномаи рушди СММ оид ба Аврупо ва кишварҳои муштаракулманофеъ дар ин маврид мегӯяд, дар ҳоли кунунӣ аз сӯи масъулин як барномаи амал барои ҳалли масъалаҳои асосии экологии минтақаи водии Фарғона таҳия шуда, мавриди коркард ва такмил қарор дорад.

Ҷаноби Слей дар бораи муҳимтарин масоили ҳалталаби минтақа афзуд: «Мутаассифона, чунин масоил зиёданд. Танзими захоири обӣ дар минтақаи водии Фарғона аз муҳимтарин масоили экологӣ ба ҳисоб меравад. Баъдан тақдири ояндаи партобгоҳҳои радиатсионии минтақа, ба мисли партобгоҳи Майлусуу, инчунин масъалаи шусташавӣ ва истифодаи замин. Ин масъалаҳои зистмуҳитӣ дар манотиқи наздимарзӣ ва ҷазирақаламравҳои ин се ҷумҳурӣ - Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон ба ташаннуҷи авзоъ боис гашта метавонад. Аз ин рӯ, бо дарназардошти вазъ ҷомеаи байналмилалӣ барои кӯмак ба ҳалли ин масоил кӯшиш дорад.».

Ҷаноби Слей бар ин назар аст, ки масоили хурди ҳифзи муҳити зисти водии Фарғонаро мақомот ва сокинони маҳалҳои ҳамсарҳад бо роҳи созиш ва кӯшиши якҷоя метавонанд ҳаллу фасл кунанд. Вале дар минтақа масъалаҳои бузурги экологие ҳам вуҷуд доранд, ки ҳалли онҳо дар сатҳи созишномаҳои байнидавлатӣ ба даст меояд.

Арслонбек Ҷалилов, корманди маъули кумитаи давлатии оид ба табиат аз шаҳри Андиҷони Узбакистон, иштироккунандаи нишаст покдошти манобеъи обии рӯдхонаи Сирро аз олудашавӣ бо партовҳои саноатӣ ва радиатсионӣ яке аз масъалаҳои бузурги экологии минтақа арзёбӣ мекунад. Чаро ки, мегӯяд вай, бештари рӯдҳои минтақа қаламравҳои кишварҳоро убур мекунанд:

«Масалан, тамоми рӯдҳои вилояти Андиҷон аз Қирғизистон сарчашма мегиранд. Ва дар марзи Андиҷон олудашавии об ба се дараҷа баробар ва ба саломатии одам хатарангез аст.»

Ба гуфтаи оқои Ҷалилов, дуввум аз масъалаҳои асосии ҳалталаб дар минтақаи Андиҷон ин бартараф намудани хатари партовгоҳҳои радиатсионии минтақаи ҳамсарҳади Майлисуи Қирғизистон мебошад, зеро дар сурати шусташавӣ он манобеъи обии Андиҷонро низ олуда мегардонад.

Инчунин хатари шусташавӣ ва омезиш ба рӯди Сир, аз нигоҳи экологҳои Суғд, дар сурати вуқӯъи ҳодисаҳои табиӣ, ба мисли заминларза ва сел ба партовгоҳҳои радиатсионии Деҳмой, воқеъ дар канори Хуҷанд ва Табошар, низ таҳдид мекунанд.

Татяна Волкова - намояндаи департаменти экология Қирғизистон аз шаҳри Боткан ба як ҷиҳати дигари ин масъала ишора мекунад: «Дар ҳоли ҳозир дар Осиёи Марказӣ як комиссияи байнидавлатии тақсим ва танзими захоири обӣ фаъолият мебарад. Вале ин комиссия низ танҳо ба миқдори захоири обӣ аҳамияти аввал қоил аст ва масъалаи беҳдошти сифати онро аз мадди назар берун гузоштааст.»

Ба гуфтаи хонум Волкова, талоши об аз сӯи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳолест, ки қисмате аз сокинони минтақа, аз ҷумла аҳолии деҳоти вилояти Боткан шадидан камбуди оби нӯшидании покро эҳсос мекунанд.

Рустам Латифов, муовини раиси хоҷагии давлатии ҳифзи муҳити зист ва ҷангали ҷумҳурии Тоҷикистон, яке дигар аз ширкатдорони нишасти Хуҷанд, ҳалли масъалаи тақсиму танзими захоири обиро ба ҳифзи муҳити зист ва манфиатҳои кишварҳои минтақа тавъам меҳисобад:

«Ин ҷамоҳир бояд дар ҳалли масоил бояд ба ҳамдигар ҳамкорӣ намоянд. То ки ин масъалаҳо бо дарназардошти манфиати ҳар як аз ин кишварҳо, масалан Қирғизистон бар ивази об газу нафт мехоҳад, Узбакистон об, ҳалли худро ёбанд.»

Татбиқи барномаи «Ҳифзи муҳити зист ва бехатарӣ дар Водии Фарғона», ки нишасти дуввуми масъулини татбиқи он дар Хуҷанд баргузор гашт, ба гуфтаи дастандаркорони барнома, то поёни соли 2007 идома меёбад. Нишасти аввали онҳо чанде қабл дар шаҳри Ӯши Қирғизистон баргузор гашта буд.
XS
SM
MD
LG