Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - соҳиби Ҷоми «Дӯстӣ»


Тими миллии Тоҷикистон дар охирин даври мусобиқот, ки дар варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бар дастаи мунтахаби ҷавонони ин кишвар бо натиҷаи 2 бар 1 ғалаба кард. Голҳоро Аҳтам Ҳамроқулов (дақ. 25) аз дастаи ҷавонон ва Ҷомихон Муҳиддинов (дақ.34) ва Юсуф Рабимов (дақ. 35) аз тими миллии Тоҷикистон
ба самар расонданд.

Шариф Назаров, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқот қабл аз ҳама барои таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкорӣ бо ҳамкасбони хориҷиамон мусоидат хоҳад кард. Вай гуфт: «Моро ҳунарнамоии дастаи Афғонистон бисёр хушнуд кард ва эҳсос мешавад, ки футбол дар ин кишвар рӯ ба инкишоф аст. Ҳарифи дигари мо - тими «Амбассадор», ки ҳайати он аз футболбозони касбии кишварҳои мухталиф, минҷумла ИМА, Бразилия , Швейтсария ва Ҳолланд иборат мебошад, бозии хуб нишон дод.»

Дар бораи имрӯз ва фардои футбол дар Афғонистон, Муҳаммадюсуфи Коргар, сармураббии тими ин кишвар ва чанд тан аз аъзои он бо Радиои Озодӣ сӯҳбат доштанд.

Ва аммо дар бозии дигари даври саввум тими миллии футболи Афғонистон аз дастаи «Амбассадор»-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо натиҷаи 2 бар 3 мағлуб шуд. Голҳоро Трой Реди, (дақ. 5 ва 77), Лусиано Сантос (дақ. 27) аз дастаи «Амбассадор» ва Алиаҳмади Ёрзода (дақ.47) ва Ҷалоли Афшор (дақ. 50) заданд.

Ба ин тартиб дастаҳо дар ҷадвал ба таври зайл қарор гирифтанд:

1. Тоҷикистон 3 бозӣ, 3 пирӯзӣ, 0 мусовӣ, 0 бохт, 8-1 таносуби тӯбҳо, 9 имтиёз
2. Ҷавонони Тоҷикистон 3 / 1 / 1/ 1/ 5-5 / 4
3. Амбассадор 3/ 1 / 0 / 2 / 4-6 / 3
4. Афғонистон 3 / 0 / 1 / 2 / 4-9 / 1
XS
SM
MD
LG