Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши хабарнигорон дар ҳалли мушкилоти муҳитизистӣ


Дар Алмаато фестивали панҷуми журналистикаи экологии Осиёи Марказӣ шурӯъ шуд, ки ба гуфтаи баргузоркунандагонаш яке аз ҳадафҳои асосии он ҷалби васеъи журналистон барои ҳалли мушкилоти зистмуҳитӣ ва беҳтар кардани муҳити зисти минтақа аст.
Тавре дар маросими ифтитоҳи фестивал гуфта шуд, дар чаҳор фестивали қаблӣ беш аз 2500 журналистон ширкат кардаанд ва анқариб 2000 кори эҷодии онҳо мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст.

Дар ин фестивал Тоҷикистонро 15 нафар хабарнигор намояндагӣ мекунанд. Тилав Расулзода - хабарнигори ҳафтаномаи "Вароруд" мегӯяд, бори дуввум аст, ки дар ин фестивал ширкат мекунад ва дар ҷашнвораи гузашта дар шаҳри Тошканд бо навиштаҳои хеш ҷойи сеюмро дар миёни хабарнигорони минтақа касб кард.
Вай афзуд, дар озмуни ҷумҳуриявӣ доир ба мавзӯи амният ва муҳити зист, ҷойи аввалро соҳиб шуда буд ва умедвор аст, дар ҷашнвораи навбатӣ низ ба комёбӣ ноил мешавад.

Аз сӯи дигар, Тилав Расулзода фестивалро барои худ макбати хуби эҷодӣ медонад: "Мо дар ин ҷо бо таҷрибаи пешқадаме, ки ҳамкорони мо дар ҷумҳуриҳои дигар доранд ошно мешавем. Барои мо имкон фароҳам мешавад, ки аз онҳо биёмӯзем."

Дар озмуни пешина, чун Тилав Расулзода 500 хабарнигор аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ширкат доштаанд, ки аз онҳо 58 нафар ба давраи ниҳоии озмун роҳ ёфта, ҳаққи ширкат дар фестивали Алмааторо пайдо кардаанд.

Зулфиддин Мӯъминҷонов, журналисти тоҷик, ки чун довар ба озмун даъват шудааст, бар он аст, ки чунин ҳамоишҳо барои хабарнигорон самтҳои нави фаъолиятро боз ва дар ҳалли масоили муҳитизистӣ кӯмак мекунанд.
Фестивали панҷуми журналисти экологии Осиёи Марказӣ, ки бо мусоидати чандин созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мешавад, се рӯз идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG