Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони Қонуни Асосӣ?


Шурӯъи баррасии тарҳи ислоҳоти қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон (МН)вокунишҳои мухталиферо ба дунбол доштааст. Таҳиякунандагони тарҳи ислоҳот гуфтаанд, тағйироту иловаҳо ба ин қонун ба манзури мутобиқсозии он ба шароити Қонуни Асосӣ сурат мегирад, ки дар тобистони соли 2003 ислоҳ шуд. Аз ҷумла мутобиқи ислоҳоти Қонуни Асосӣ акнун як нафар барои на як бор, балки ду бор метавонад ба мӯҳлати 7 сол раисиҷумҳур интихоб шавад. Ва ҳамчунин дар қонуни қаблӣ гуфта мешуд, ки номзад ба мақоми президент касе метавонад бошад, ки сини ӯ аз 65 боло набошад. Қонуни ҷадид чунин тақозоеро надорад. Аммо баҳси аслӣ сари ин ҳама нест. Балки Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСД) бори дигар иддао кардааст, ки раисиҷумҳури амалкунанда бар асоси Қонуни Асосии соли 1994 интихоб шуда ва барои панҷ сол, на барои ҳафт сол ва аз ин хотир, мегӯянд пешвоёни ҲСД, президенти феълӣ машрӯъиятро аз даст додаст. Ба ин хотир дар Тољикистон феълан, ба даъвои ин ҳизб, бўҳрони конститутсионӣ ҳукмфармост.

Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСД: "Ман мехоҳам расман изҳор кунам, ки дар Тоҷикистон то ба ҳол қонуни интихоботи соли 1994 амал мекунад ва порлумони Тоҷикистон бо гузашти 11 сол ин шарти Қонуни Асосиро дар мавриди қабули қонуни нави интихоботи президент иҷро накардааст. Ва президенти Тоҷикистон бар асоси қонуни соли 1994 интихоб шудааст. Аз ин ҷост, ки бояд ба сурати оҷил ин масъала мавриди баррасии порлумон қарор бигирад ва ба авзоъ баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Дар ғайри сурат, мо дучори як бӯҳрони қонунӣ мебошем."

Дар ҳамин ҳол, Раҳматуллоҳ Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон гуфт, дар воқеъ бӯҳрони Қонуни Асосӣ маҳсус аст ва имкон дорад бештар ташдид шавад. Аз ин хотир, мегӯяд вай, бояд Додгоҳи Қонуни Асосӣ авзоъро шарҳ диҳад.

Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) низ, ки умдатарин ташаккули мухолифи давлат маҳсуб мешавад, агарчанд дар баёни худ аз адабиёти бӯҳрон истифода накардааст, аммо мегӯяд зарурати пеш омадани ислоҳоти қонун баёнгари мавҷудияти мушкил дар ин замина мебошад.

Аммо Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ва намояндаи порлумон назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, ин нирӯҳое, ки акнун даъво доранд, ки бӯҳрон пеш омадааст, яъне мухолифини собиқ, худашон сабабгори қабули ислоҳоти Қонуни Асосӣ ва ноқис сохтани он ҳастанд.

Вале ҳамаи ин дар ҳолест, ки Мӯсо Асозода, раиси дастгоҳи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ мегӯяд, ҳеҷ гуна бӯҳроне вуҷуд надорад ва зарурате ба мудохилаи Додгоҳи Қонуни Асосиро ӯ намебинад.

Дар ҳар сурат, МН дар иҷлоси рӯзи ҷумъаи худ қарор аст, қонуни интихоботи президентро баррасӣ ва тарҳи ислоҳоти онро қабул кунад. Аммо маҷлис ба иддаои аҳзоби мухолиф дар мавриди бӯҳрони қонунӣ посух хоҳад гуфт ва ё онро нодида хоҳад гирифт, ба дурустӣ маълум нест. Гумони ғолиб ин аст, ки аз таваҷҷӯҳ ба ин масъала сарфи назар шавад.
XS
SM
MD
LG