Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаҳои Бедорӣ: Солгарди ҳафтуми ҳамлаи Маҳмуд Худойбердиев ба шимоли Тоҷикистон


Эҳтимоли ҳамлаи нави Маҳмуд Худойбердиевро дар соли 1998 гӯё ҳама медонист, вале ҳам гӯё касе интизорашро надошт. Ин буд, ки ҳамлаи шаби 3 ба 4 ноябр қариб ҳамаро ғофил гирифт ва нирӯҳои Худойбердиев дар байни ҳамагӣ чанд соат нуқоти муҳим дар шаҳрҳои асосии шимоли Тоҷикистон - Хуҷанду Чкаловск, Қайроқуму Ӯротеппа, бо шумули шоҳроҳҳо, фурудгоҳҳо, истгоҳҳои муҳими роҳи оҳан ва ҳам ағбаи Анзоб, танҳо масири иртиботӣ байни шимоли кишвар ва пойтахт шаҳри Душанбе таҳти назорати худ медароранд.

Ҳоҷиюсуф Рабеъзода, раиси бахши гумруки ноҳияи Нов дар соли 1998 мегӯяд, аҷиб он буд, ки он шаб ҳатто дар посгоҳҳои муҳими Деҳмою Нов ба ҷойи 10-15 навбатдори маъмулӣ танҳо дунафарӣ истода буданд. Дар натиҷа, нирӯҳои Худойбердиев он шаб аз ду самт - аз ноҳияи Нов ва аз Шаҳристон вориди вилояти Ленинобод, Суғди кунунӣ мешаванд. Нирӯе ки аз роҳи Нов омад, ба самти Хуҷанду Чкаловск ҳаракат мекунад. Як бахши дигари нирӯҳои Маҳмуд Худойбердиев таҳти фармондеҳии муовини ӯ полковник Сергей Заварикин, тавассути Шаҳристон вориди вилоят шуда, Шаҳристону Уротеппа ва ағбаи Анзобро ба ҳадаф мегиранд.

Мираҳмади Амиршоҳ, сухангӯи фармондеҳи Горди Раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1998 мегӯяд, танҳо ду қисми низомӣ, ки ба афроди Маҳмуд Худойбердиев муқовимати мусаллаҳона нишон доданд, яке марбут ба ин Горд дар шаҳри Чкаловск ва яке дигар марбут ба генерал Сӯҳроб Қосимов мустақар дар Қалъачаи Хуҷанд будаанд.

ТАЪРИХЧАИ ЗИНДАГИИ М.ХУДОЙБЕРДИЕВ

Маҳмуд Худойбердиев, зодаи соли 1964, 20 сол пеш омӯзишгоҳи низомии шаҳри Алма-Аторо хатм кардааст.Дар ҷангҳои Афғонистон таҷрубаи ҷангӣ бардошта, соли 1992 ибтидо муовини кумиссари низомии вилояти Хатлон ва баъди шурӯъи ҷанги шаҳривандӣ дар водии Вахш фармондеҳи як гурӯҳи вижаи дивизияи 201-уми артиши Русия будааст. Ӯ дар тирамоҳи ҳамон сол чанд тонки ин дивизияро ба ихтиёри Фронти Халқӣ мегузорад ва бо ин тонкҳо ҷанги водии Вахш дар ниҳоят ба фоидаи Фронти Халқӣ анҷом меёбад. Дар пайи пирӯзии Фронти Халқӣ Маҳмуд Худойбердиев фармондеҳи бригадаи таъйиноти махсус дар шаҳри Қӯрғонтеппа таъйин мешавад. Ин бригада алакай баъди ду сол дар пайи кушта шудани полковники 21-сола Иззат Кӯганов нирӯҳои боқимондаи Файзалӣ Саидовро шикаст дода, назорати низомии водии Вахшро ба дасти худ мегирад. Полковник Худойбердиев чанд дафъа алайҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов ба мухолифати мусаллаҳона бармехезад, ки охиринаш дар моҳи августи соли 1997 бо барканории Маҳмуд аз мақоми фармондеҳӣ ва тарки қаламрави Тоҷикистон кардани ӯву ёрони мусаллаҳаш ба поён мерасад.

Баъди ҳамла ба Хуҷанд дар тирамоҳи соли 1998 Худойбердиев аз мазҳари омм ғайб мезанад. Дар ин байн чандин бор хабари марги Маҳмуд Худойбердиев нашр, вале боз ба зудӣ такзиб мешавад. Охирин бор матбуъот дар бораи кушта шудани ӯ дар моҳи октябри соли 2001, чанд рӯз пеш аз оғози маъракаи ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон навишта буд.

Соли 1998 ангушти иттиҳоми Душанбе билофосила ба сӯи Узбакистон баланд шуда буд, ки нирӯҳои Худойбердиев аз қаламраваш вориди вилояти Ленинобод шудаанд. Даъвое, ки Тошканд ҳамеша радд мекард. Раҳим Каримов, муовини раиси пулиси ҷиноии Узбакистон дар моҳи октябри имсол дар Душанбе гуфт, ки ба маълумоти онҳо, Маҳмуд Худойбердиев ҳеҷ гоҳ дар ҳудуди Узбакистон ба сар набурдааст.



Сухангӯи вақти Горди РҶТ, Мираҳмади Амиршоҳ, ки мегӯяд, нирӯҳои Маҳмуд нуқоти муҳими шимоли кишварро ба даст оварда, танҳо як фурудгоҳи хурдеро дар Исфара аз ёд бурда буданд, ки ба фоидаи Душанбе шуд. Ба гуфтаи Мираҳмади Амиршоҳ, аввалин шуда нирӯҳои таҳти тобеъияти фармондеҳи Горди раёсатҷумҳурӣ генерал Ғаффор Мирзоев дар ҳамроҳӣ бо нирӯҳои мухолифин, ки ба онҳо Ҳамроҳ ном нафаре раҳбарӣ мекардааст, тавассути ҳамин фурудгоҳи Исфара вориди шимоли кишвар шуда ва аз он ҷо ба самти Чкаловску Хуҷанд ҳаракат мекунанд.

Амалиёти алайҳи Маҳмуд Худойбердиев дар пойизи соли 1998 аз нахустин амалиётҳои муштараки нирӯҳои давлат ва Иттиҳоди Нирӯҳои Оппозисиюн (ИНОТ) ба шумор мерафт. Полковник Худойбердиев дар яке аз сӯҳбатҳои ангуштшумори матбуотиаш баъдан гуфта буд, ки ҳеҷ чашми ба ҳимояти давлати Раҳмонов ва алайҳи ӯ бархостани нирӯҳои мухолифинро надошт. Муаррих Нуралии Давлат мегӯяд, мухолифати шадиди Маҳмуд ба бозгашти ИНОТ ва саркашиҳои пайдарпаяш ба давлати вақти Тоҷикистон буд, ки ҳам давлат ва ҳам мухолифин дар муқобили ӯ аз як гиребон сар бароварданд.

Раҳбари собиқи бахши гумруки ноҳияи Нов Ҳоҷиюсуфи Рабеъзода мегӯяд, иттилоъоти мувассақе аз пеш дар бораи омодагии Худойбердиев ба ин ҳамла ба даст омада буд, аммо касе зиёд ҷиддиаш нагирифт. Ба ҳар сурат,
Маҳмуд Худойбердиев шимоли Тоҷикистонро дар моҳи ноябри соли 1998 дар зарфи ҳамагӣ чанд соат таҳти тасарруф даровард, вале ҳама дастовардҳои низомии ин ҳамларо дар зарфи ҳамагӣ се рӯзи баъд ва дар пайи як муқовимати ночиз аз даст дод ва худро ночор ба фирор кард. Муаррихи тоҷик Нуралии Давлат мегӯяд, чанд омил боиси шикасти ӯ шуд ва аз ҷумла ин, ки ҷомиаи байналмилалӣ ва бахусус Русия давлати Тоҷикистонро тоза бо як гурӯҳи мухолифинаш оштӣ дода, барои худ дар ин қаламрав дарди сари наве намехостанд. Аммо иллати аслӣ, ба ақидаи ӯ, адами такягоҳи иҷтимоӣ, яъне ҳимояти фаъолонаи мардум аз ин ҳамла будааст.

7 сол пеш полковник Маҳмуд Худойбердиев пеш аз тарки Хуҷанд карданаш гуфта буд, ки ӯ бар хоҳад гашт. Ҳоҷиюсуф Рабеъзода бо гузашти 7 сол мегӯяд, барояш то ҳол ин ҳамлаи барқосо ва фирори низ барқосои Маҳмуд Худойбердиев ҳамчунон ҳайратангез ва пурмуаммо менамояд.
XS
SM
MD
LG