Дар ду бозии охирини мавқуфгузоштаи мусобиқот дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар тими мизбон -«Равшан»-и Кӯлоб бо натиҷаи 4 бар 3 ғалаба карда, дидори дастаи ХИМА-и Душанбе бо тими меҳмон-«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо натиҷаи мусовӣ - 1 бар 1 хотима ёфт. Ва аммо натоиҷи ин бозиҳо ба мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот тағйирот ворид накард. Ёдовар мешавам, ки «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 47 имтиёз соҳиби медалҳои тилло шуд. «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 42 имтиёз медаҳои нуқра ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо 34 имтиёз медалҳои биринҷиро ба даст оварданд. Аҳтам Ҳамроҳқулов, ҳамлагари «Вахш», ки ҳамагӣ 12 гол задааст, беҳтарин нишонзани мусобиқоти имсола гардид.
Ҷадвали ҷамъбастии мусобиқот
бозӣ/ пирӯзӣ/мусовӣ/бохт/тӯбҳо/имтиёз
1. «Вахш» 18/15/2/1/41-12/47
2. «Регар» ТадАЗ 18/13/3/2/46- 9/42
3. «Парвоз» 18/10/4/4/38-20/34
4. CSKA 18/9/1/8/30-24/28
5. «Хуҷанд» 18/8/3/7/29-19/27
6. ХИМА 18/6/5/7/29-29/23
7. «Равшан» 18/4/5/9/21-30/17
8. СКА «Помир» 18/5/4/9/29-36/19
9. «Саройкамар» 18/3/2/13/18-55/11
10. «Данғара» 18/2/1/15/11-60/7
Ҷадвали ҷамъбастии мусобиқот
бозӣ/ пирӯзӣ/мусовӣ/бохт/тӯбҳо/имтиёз
1. «Вахш» 18/15/2/1/41-12/47
2. «Регар» ТадАЗ 18/13/3/2/46- 9/42
3. «Парвоз» 18/10/4/4/38-20/34
4. CSKA 18/9/1/8/30-24/28
5. «Хуҷанд» 18/8/3/7/29-19/27
6. ХИМА 18/6/5/7/29-29/23
7. «Равшан» 18/4/5/9/21-30/17
8. СКА «Помир» 18/5/4/9/29-36/19
9. «Саройкамар» 18/3/2/13/18-55/11
10. «Данғара» 18/2/1/15/11-60/7