Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии нави гӯштигири тоҷик


Парвиз Собиров, гуштигири машҳури тоҷик дар мусобиқа оид ба гуштии миллӣ бахшида ба рӯзи тасвиби Қонуни Aсосии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби мошини сабукрави тамғаи «Жигули-07» гардид. Ин мусобиқа бо ҳузури нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар рақобатҳо зӯртарин паҳлавонони Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат доштанд. Паҳлавони тоҷик Парвиз Собиров, ки дар яке аз рақобатҳо бар ҳарифи худ Рамзиддинпаҳлавон аз Узбакистон дастболо шуд, бо ҷоизаи асосӣ сарфароз гашт. Воқеан ин чаҳорумин мошини ба даст овардаи Парвиз Собиров дар мусобиқоти имсолаи гуштии миллӣ мебошад. Ӯ яке аз мошинҳои соҳибшудаашро ба устодаш, мураббии варзида Носир Бозоров тақдим намудааст.

Паҳлавони тоҷик Парвиз Собиров ( дар вазни 90 кило) ҳамроҳи гуштигирони маъруфи кишвар Далер Музофиров (62 кг), Салоҳиддин Ғайратов (68 кг), Санҷар Сарфарозов (74 кг), Фурқат Раминшоев ( 74 кг) ва Фаридун Устопиров (82 кг) шарафи Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо, ки аз 11 то 14 ноябр дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона барпо мешавад, ҳимоя хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG