Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Вахш» - қаҳрамон


Ин даста дар охирин даври мусобиқоти қаҳрамонии футболи ин кишвар байни тимҳои лигаи олӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бар дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бо натиҷаи 3 бар 1 ғалаба кард. Ду голро Назир Ризомов ва як голро Аҳтам Ҳамроҳқулов, беҳтарин нишонзани мусобиқот аз дастаи «Вахш» ба самар расонданд. Даҳ дақиқа қабл аз хотимаи бозӣ ба ҳамлагари «Равшан» Иззатулло Исҳоқов муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд.Ба ин тартиб «Вахш», ки дар 18 бозӣ 47 имтиёз ба даст овардааст, пас аз ҳашт сол соҳиби унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуд.

«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон новобаста аз натиҷаи охирин дидори худ, ки рӯзи 8 ноябр дар шаҳри Душанбе бо тими ХИМА баргузор мешавад, соҳиби медали нуқра гардид. Дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров пас аз пирӯзӣ дар майдони худ бар ҳарифи аслиаш, CSKA-и Душанбе бо натиҷаи 2 бар 0 мақоми севвумро касб намуда, чун мусобиқоти соли гузашта муваффақ ба дарёфти медали биринҷии мусобиқот гашт.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали
мусобиқот то 8 ноябр



1. «Вахш» 47 хол, (18 бозӣ)
2. «Регар» ТадАЗ 41 (17)
3. «Парвоз» 31 (17)
4. CSKA 28 (18)
5. «Хуҷанд» 27 (18)
6. ХИМА 22 (17)
7. СКА «Помир» 19 (18)
8. «Равшан» 17 (17)
9. «Саройкамар» 11 (18)
10. «Данғара» 7 (18)
XS
SM
MD
LG