Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври охирин ҳалкунанда аст


Дар даври ҳабдаҳум дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар меҳмонӣ бар тими «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 2 бар 0 ғалаба кард. Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар майдони худ СКА «Помир»-и Душанбе - ро бо натиҷаи 7 бар 0 шикаст дод. Дар ин бозӣ Сӯҳроб Ҳомидов, ҳамлагари мизбонон се гол зада, шумораи умумии голҳои дар бозиҳои мусобиқоти имсола ба ҳадаф расондаашро ба 11 расонд. Аҳтам Ҳамроҳқулов, ҳамлагари «Вахш» низ ҳамин миқдор гол задааст ва ҳарду дар рақобатҳои беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот мақоми аввалро ишғол мекунанд.

«Парвоз» 4 - 1 ХИМА
CSKA 7 - 1 «Данғара»
«Хуҷанд» 3 - 0 "Равшан»

Ба ин тартиб, «Вахш» бо 44 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Регар» ТадАЗ бо 41 имтиёз мақоми дуввумро ишғол мекунад. «Вахш» ҳатто дар мавриди ҳадди ақал бо натиҷаи мусовӣ анҷом додани охирин бозиаш 5 ноябр дар меҳмонӣ бо «Равшан»-и Кӯлоб соҳиби медали тиллои мусобиқот мешавад. Ва аммо дастаи «Регар» ТадАЗ танҳо дар мавриди ғалаба дар даври охирини мусобиқот 8 ноябр дар Душанбе бо ХИМА ва бохти «Вахш» муваффақ ба дарёфти унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон хоҳад шуд.

Дастаи «Парвоз» бо 28 имтиёз мисли пешин дар зинаи севвум ҷойгир аст ва муддаии аслии медали биринҷии мусобиқот маҳсуб мешавад. Ин даста дар даври охирин 5 ноябр дар майдони худ бо ҳарифи аслиаш - CSKA зӯрозмоӣ карда, бозии мавқуфмондаро бо «Равшан» 8 ноябр дар шаҳри Кӯлоб анҷом хоҳад дод.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот то 2 ноябр


1. «Вахш» 17 бозӣ, 44 хол
2. «Регар» ТадАЗ 17 --- 41
3. «Парвоз» 16 --- 28
4. CSKA 16 --- 25
5. «Хуҷанд» 16 --- 24
6. ХИМА 17 --- 22
7. «Равшан» 16 --- 17
8. СКА «Помир» 17 --- 16
9. «Саройкамар» 17 --- 11
10. «Данғара» 17 --- 7

2 ноябр, чоршанбе, бозии мавқуфмондаи даври 16-ум
« Хуҷанд » - CSKA

Даври ҳаждаҳум ва охирини мусобиқот 5, 6 ва 8 ноябр баргузор мешавад:

5 ноябр, шанбе
«Парвоз»- CSKA
«Равшан»- «Вахш»

6 ноябр, якшанбе
«Хуҷанд» - «Данғара»
СКА «Помир» «Саройкамар»

8 ноябр, сешанбе
ХИМА - «Регар» ТадАЗ
Бозии мавқуфмондаи даври 14-ум
«Равшан» - «Парвоз»
XS
SM
MD
LG