Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Р.Зоиров: "То интихобот 1 соли дигар монд"


Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2006 таъин шудааст, аммо чунин ба назар мерасад, ки ин ҳафта маъракаҳои қабл аз ин интихобот дар кишвар алакай шурӯъ шудаанд. Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ин ҳафта дар ҳузури хабарнигорон гуфт, аҳзоби сиёсии мухолифи давлат бояд муштаракан як номзади худро ба маснади президентӣ пешбарӣ кунанд: "Бояд якчанд ҳизби оппозитсионӣ як номзади ягонаро пешниҳод карда тавонанд ва касеро интихоб кунанд, ки аз ҷиҳати ҳам лаёқатҳои шахсӣ ва ҳам имкониятҳои молии ӯро ба ҳисоб гиранд, ки он номзад дар интихоботи президентӣ иштирок карда тавонад. Агар мо як номзади ягонаро пешниҳод карда натавонем, дар он сурат ҳам, Ҳизби сотсиал-демократ номзади худро пешниҳод мекунад."

Сарвари сотсиал-демократҳои тоҷик афзуд, феълан миёни аҳзоби мухолифи сиёсӣ дар масъалаи пешбарӣ намудани номзади ягона мувофиқаи шифоҳӣ ҳосил шудааст.

Ҳамзамон дар ин ҳафта дар баробари Ҳизби сотсиал-демократ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ изҳор дошт, ки дар интихоботи раиси ҷумҳур ширкат хоҳад варзид. Муҳиддин Кабирӣ, муовини аввали раиси ин ҳизб гуфт, барои як ҳизби сиёсии мухолиф касби раъйи мардум дар Тоҷикистон мушкил нест, балки ҳифзи ин раъйи бадастомада мушкилтар аст: "Албатта, шаклу тарзи ширкати мо дар ин интихобот ҳанӯз мушаххас нашудааст. Чунки ширкат дар интихобот метавонад бо номзади худ бошад ва ё бо роҳи дастгирии яке аз номзадҳои пешниҳодшуда. Ва, албатта, ширкати мо вобастагӣ дорад боз ба фазои баргузории интихобот. Зеро интихоботҳои порлумонӣ нишон дод, ки ширкат дар интихоботҳо дар ғайри сурати вуҷуди фазои муносиб сарфи беҳудаи захираҳои моддӣ ва нирӯҳои инсониву зеҳнӣ аст."

Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон мегӯяд, бо ин вуҷуд ки Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, номзади аслии ин ҳизб ба маснади раиси ҷумҳур равонаи зиндон шудааст, ин ташаккули сиёсӣ омодаи ширкат дар интихоботи соли оянда аст ва номзадҳои зиёди дигарро метавонад пешбарӣ кунад. Аммо оқои Валиев аз даъвати раиси Ҳизби сотсиал-демократ барои пешбарии номзади муштарак ба маснади президенти Тоҷикистон истиқбол кард ва гуфт, чунин пешниҳодро ба соъири аҳзоби мухолиф пештар Ҳизби демократ ҳам карда буд.

Аммо Ҳуринисо Ғаффурзода, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва муассиси як созмони ғайридавлатӣ, нахустин зани тоҷик аст, ки аз омодагии худ ҷиҳати ширкат дар интихоботи президентӣ изҳор доштааст. Вай мегӯяд, бо даст додани аввалин имкон ҳатман номзадии худро ба президентӣ хоҳад гузошт. Хонум Ғаффурзода аллакай барномаи худро дорад: "Аввалин коре ки хоҳам кард, ҳалли масоили маориф, иҷтимоӣ ва кадрӣ хоҳад буд. Кадрҳоро ба тариқи озмун интихоб мекунам, то ки намояндагони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон шомил бошанд ва ҳамагӣ кадрҳои варзида бошанд. Вақти он расидааст, ки ба занони тоҷик бояд такя кард. Ман ҳатто орзу дорам, ки вазири дифоъ зан бошад, вазири умури дохила зан бошад."

Дар ҳамин ҳол, Исмоил Раҳматов, коршиноси масоили сиёсӣ бар ин назар аст, ки эъломи қабл аз вақти номзадҳо ба интихоботи раёсати ҷумҳур, ба амнияти худи номзадҳо хавф дорад. Вай мегӯяд, давлат бояд кафолат диҳад, ки номзадҳои дигар ба маснади президентӣ мавриди таъқиб ё сӯъиқасдҳо қарор намегиранд.

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон тайи ин ҳафта боз ба парлумони кишвар пешниҳод намуд, ки Қонуни интихоботи раёсати ҷумҳур таҷдиди назар шавад, зеро навоқиси зиёд дар ин қонун ҷой доранд. Ҳамзамон оқои Зоиров гуфт, мувофиқи ин қонун ва Сарқонуни Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, президенти амалкунандаи кишвар барои ин дафъа ҳаққи пешбарии худро ба маснади президентӣ надорад. Аммо бо ин андешаҳои сарвари сотсиал-демократҳо на ҳамаи лидерони аҳзоби мухолифи сиёсӣ низ мувофиқанд. Муҳиддин Кабирӣ, муовини аввали раиси Ҳизби Наҳзати исломӣ ва ҳамзамон вакили парлумони кишвар мегӯяд, барои ин маротиба низ пешбарӣ шудани Эмомалӣ Раҳмонов ба маснади президентӣ ягон монеъа вуҷуд надорад ва ӯ аз сӯҳбатҳои оқои Зоиров дар ин бора танҳо аз матбуот хабардор шудааст. Исмоил Раҳматов, коршиноси масоили сиёсӣ дар ин робита чунин андеша дорад, ки ҳизбҳои мухолиф бояд ҳанӯз соли 2003, яъне қабл аз баргузории раъйпурсии умумихалқӣ доир ба ворид намудани тағйирот ба сарқонуни кишвар, ки ба раиси ҷумҳури вақт ҳақ додааст дубора номзадии худро ба ин маснад пешбарӣ намояд, садо баланд мекарданд. Ба андешаи оқои Раҳматов, бо вуҷуди норозигии аҳзоби мухолиф, президенти амалкунанда соли оянда дар интихоботи раёсати ҷумҳур ҳатман иштирок хоҳад кард ва рақобат бо вай барои номзадҳои дигар бисёр мушкил хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, як намояндаи баландмақоми Ҳизби ҳокими халқии демократӣ гуфт, ҳанӯз вақти он нарасидааст, ки Ҳизби халқии демократӣ номзади худро ба маснади президентӣ маълум намояд. Аммо ба назари коршиносон, 99 дарсад маълум аст, ки ин номзад боз ҳам оқои Раҳмонов хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG