Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нилуфари ташнаи дидори модар


Ӯ чеҳраи волидони худро дар ёд надорад, танҳо аз гуфтаҳои дигарон медонад, ки падараш вафот кардаву модар ҳам ба беморие гирифтор шуда, ӯро ба ятимхона месупорад. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин Нилуфар мегӯяд, аз рӯи тахаюлоти худ рӯзе расми волидонашро рӯи қоғаз хоҳад вард:

«Хай дар ёд надорум падару модарма, лекин ҳолӣ калон шавум мекашум суратошона.»

Расмкашӣ машғулияти дӯстдоштаи ин навраси ятим аст. Бо вуҷуди ин ки Нилуфар ба бемории руҳӣ гирифтор аст ва дар мактабинтернати Чорбоғ дар миёни кӯдакону наврасони маълул ва ноқисулақл ба сар мебарад, ҳунари аҷибе дорад. Дар ҳолатҳои оддии худ, яъне вақтҳое, ки бемориаш хуруҷ намекунад, ӯ тамоми вақташро ба кашидани расмҳои гулу мева ва табиату чеҳраҳои хандони кӯдакону наврасон сарф мекунад:

«Ҳар рӯз қати талабаҳо баъди дарсмон ман расм мекашум, дигаро бозӣ кунанд агар.»

Шояд дар назари аввал барои як бинанда кашидаҳои Нилуфар на он қадар хуб бошад, аммо ба ҳар сурат бар рағми ҳама бераҳмиҳо, ки тақдир ба ин навраси ятиму бемор аз хурдсолӣ раво дидааст, ӯ бо рассомиаш гӯиё зиндагиашро рангин месозад.

Нилуфар истифода аз рангҳои баландро ниҳоят дӯст медоштааст, аммо дар сӯҳбат бо мо маъсона шиква кард, ки на ҳама вақт имконияти истифода аз қаламҳои рангаро дорад. Ва набудани ин қаламҳои арзонбаҳо, вале бисёр муҳим барои Нилуфар аксаран боиси рӯҳафтодагии ӯ ҳангоми кашидани расмҳояш мешудааст:

«Мада мефора, ки фломастери рангобаранг биёран, барои ки расмҳои кашидагим хушрӯтар шаванд.»

Нилуфар мехоҳад, омӯзгор шавад ва ба дигар наврасон расмкаширо омӯзонад. Ва аксаран кӯдакони ин парастишгоҳро ҷамъ оварда, ба онҳо расмҳои кашидаи худро нишон дода, ҳунарашро меомӯзонад. Ба гуфтаи кормандони парастишгоҳи ноқисулақлони Чорбоғ аз миёни беш аз 100 кӯдаки тарбиятгирандаи ин мактабинтернат имрӯз Нилуфар яке аз наврасони ангуштшумори гирифтори бемории рӯҳӣ, аммо дорои истеъдод будааст.

Малоҳат Буйдоқова, яке аз муррабияҳои ин парастишгоҳ мегӯяд, боз ба фарқ аз дигар тарбиятгиранагони онҳо Нилуфар бисёр ҳассос аст ва дар бораи фарқияти худ аз ҳамсолони берун аз парастишгоҳ будааш, зиёд фикр мекунад: «Мо ба ин духтар диққат медиҳем, ки дар ягон озмун ширкат кунад, ҳунарашро нишон диҳад. Шавқи зиёд дорад. Ақлу заковаташ аз дигар кӯдакон ба куллӣ фарқ мекунад. Масалан, агар ман ягон вақт ба кӯдакон дар бораи падару модар ҳарф занам, Нилуфар хеле ғамгин мешавад.»

Нилуфари ятиму бемор имкон дорад, ба наздики ҳунари худро ба ҳамсолони хориҷии худ нишон диҳад. Ӯро мактабинтернат барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии давидан ба шаҳри Тошканд пойтахти Ӯзбакистон мефиристад.
XS
SM
MD
LG