Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарбияи фарзанд бо дашном ва задану пучидан


Ассалому алейкум, дӯстони ҳамнафас.
Ин ҳамнафасиҳои мову шумо як ҳадафи дигар ҳам доранд, ки ба бовару ақидаҳои маъмулӣ аз зовияҳои нав бингаранд, зеро фақат замоне ба дарки масъала мерасем, ки ҳама чиро мавриди шубҳа қарор диҳем.
Масалан, як ақидаи маъмулӣ ин аст, ки дар кишварҳои Шарқ ба тарбияи дурусти фарзанд аҳамияти зиёд медиҳанд ва ҳатто бо истифода аз зӯр, фарзанди ба истилоҳ, беақлро боақл мекунанд.
Ва ақидаи дигари маъмул ин аст, ки ҷавонон дар Ғарб бебандуборанд, зеро падаронашон онҳоро намезананд. Ин боварҳо аз камии иттилоъ ва тарзи одатшудаи фикр маншаъ мегиранд.
Як тадқиқоте, ки дуним сол боз идома дорад, нишон медиҳанд, задани кӯдак дар Ғарб ҳам ҳаст, вале ҳаққи фарзанд дар ин ҷо беҳтар риоя ва ҳимоят мешавад. Аммо дар Тоҷикистон, баракси ақидаи маъмули мардум дар бораи худаш, зӯроварӣ ба кӯдак ва таҳқири фарзанд он қадар чизи оддист, ки як рукни фарҳанги миллӣ шумурда мешавад. Ин пажӯҳишро бо дархости Дабири кулли Созмони милали муттаҳид як муҳаққиқи мустақили бразилиёӣ, профессор Паоло Серҷио Пинҳейро раҳбарӣ мекунад ва дар пешбурди он наздик ба 1000 кас ширкат дорад. Натиҷаҳои ниҳоии он дар соли 2006 нашр хоҳанд шуд, аммо аз ҳоло сар карда бархе аз кашфиётҳои аҷиби он эълон мешаванд. Дар бораи аввалин натиҷаҳои пажӯҳиши вазъи кӯдак дар Тоҷикистон, гуфта мешавад, 60 дарсади кӯдакон мавриди озори ҷисмонӣ ва лафзӣ қарор мегиранд ва 50 дарсади хонаводаҳо задани кӯдакро василаи оддии тарбияи кӯдак медонад. Аз 5 як кӯдак дар Тоҷикистон бо сабаби камбизоатӣ ва ё бесарпарастӣ аз мактаб маҳруманд. Хосияти вазъ дар Тоҷикистон ин аст, ки на танҳо волидайн, балки фарзандони калонӣ ба худ ҳақ медиҳанд, нисбат ба хурдсолон хушунат нишон диҳанд.
Вақте ки нахустин бор ин маълумот нашр гардид, дар ҷомеаи Тоҷикистон садоҳои эътироз баланд гашт.
Махсусан, он нукот, ки задану таҳқир кардани кӯдак дар Тоҷикистон падидаи муқаррарист ва шумори зиёди духтарони хурдсол дастизӯр мешаванд ва дар бархе аз хонаводаҳо атфол мавриди зинои наздикон қарор мегиранд.
Онҳое ки ба гузориши Юнисеф эътироз кардаанд, мегӯянд, ин як нигоҳ аз зовияи ғарбӣ ба масъалаҳои тарбия дар ҷомеаи шарқист. Баъзеҳо ҳатто инро кӯшиши тӯҳмат ба ҷомеаи худ номиданд. Вале чандин нафари дигар гуфтанд, бозёфти муаллифони таҳқиқот аз воқеъият дур нест ва сабаби такондиҳандагии арқому ададу падидаҳо ин аст, ки бори аввал ҷадал мешавад, вазъият ба таври амиқ баррасӣ гардад ва шояд ба ин сабаб асрори бисёр махфии ҳаёти оилавӣ рӯ мезанад.
Аксари онҳое ки дар хиёбонҳои Душанбе ба саволи хабарнигорони мо посух доданд, ин вазъро тасдиқ карданд. Яке аз дарёфтҳои пажӯҳишгарон тасдиқ шуд, ки кӯдакону наврасон, истифодаи зӯрро дар баробари худ кори муқаррарӣ ва ҳатто аз нигоҳи худ қонунӣ мешуморанд. Ин ҷо мебинем, ки дар воқеъ масъалаи бархӯрд ба кӯдакону хурдсолон дар ҷомеаи тоҷик ва оқибатҳои он, на дар сиёсат, на дар илм, на дар адабиёт, на дар синамо ва на дар ягон сатҳи ҷомеа ҳанӯз амиқан таҳқиқ нашудааст. Шояд ба ин сабаб аст, яке аз ширкаткунандагони баҳс дар саҳифи интернетии СентазияРу менависад, Тоҷикистон бо ин ҳол то рафт ба кишварҳои исломӣ монанд мешавад, ки дар ҳамаи онҳо муносибат ба фарзанд ҳамингуна аст.
Ислом падарсолориро талқин мекунад ва падар дар оила метавонад фарзандро ба ҳар тариқе хост, аз ҷумла бо калтаку шаллоқ, ҷазо диҳад. Аммо эшони Маҳмудҷон аз ҳадисҳои набавӣ намуна оварда, мегӯяд, кӯдак дар ислом ато ва амонати муқаддаси парвардигор аст ва ҳар падару модар бояд ба қадри он расида, амонатро парасторӣ кунад ва ба худованд бозгардонад. Зоеъ ё талаф шудани ин амонат гуноҳи бузурге дар назди худованд хоҳад буд.
Ҷомеъашиноси тоҷик, раиси бунёди Осиёи Озод, Мубораки Шариф дар ду соли гузашта узви ҳайъати пажӯҳишии Юнисеф дар Тоҷикистон буд ва дар таҳияи бахши аввали гузориш саҳм гирифтааст. Вай ҳоло дар Дания ё Донмарк ба сар мебарад, ва дар як сӯҳбати телефонӣ гуфт, зӯроварӣ ба кӯдак дар ҷомеъаи тоҷик ду сабаб дорад, яке вазъи кулли равонии ҷомеъа, ки ҳамеша ноором, дар машаққат ва таҳти фишор будааст ва дигаре камбуди саводи хонадорӣ ва фарзандпарварӣ. Аммо, афзуд ӯ, бо вуҷуди ин таърихан тоҷикон кӯдакро ширинтарин меваи зиндагии худ мешуморанд.
Ҳар барномаи Ҳамнафас ҷамъбасту хулосае дошт. Ин бор фақат саволҳое. Оё чунин ҷомеа солим аст ва рушд хоҳад кард? Оё онҳое ки кӯдакияшон бо таҳқиру зарбулат мегузарад, чи шаҳрвандҳое хоҳанд шуд ва то куҷо маънии шарафу номусро дарк хоҳанд кард?

ВОКУНИШИ ХОНАНДА:
Вақте ман хурд будам, падарам маро маҷбур мекард, то шеърҳои зиёд аз худ кунам. Вақте сухани бад мегуфтам, вақту бевақт дар кӯча саргарми бозӣ шуд, ба хона дер меомадам, маро мезад. Задан ба маънии он ки бо даст ё пой. Балки бо тасма. Таҳаммули ин амал, албатта, барои ман хеле гарон буд. Лекин рафта-рафта кӯшиш
мекардам, ки гуфтаҳои падарамро ба анҷом расонам. Ана, ҳамин кӯшишҳо буд, ки дар синни ҳаштсолагӣ зиёда аз ду ҳазор мисраъ шеър аз ёд кардаму ягон бор дар қади кӯча бо корҳои ғайр машғул набудам. Ман ҳоло аз падари худ миннатдорам, ки маро чунин тарбия кард. Имрӯз ман бемалол ба дарсҳо ҷавоб медиҳам, пеш аз ҳар кор бо падарам маслиҳат менамоям. Аммо онҳоеро, ки падару модаронашон дар вақташ сахтгир набуданд, ба мо ҳасад мебаранд, ки чаро дар вақташ волидонашон онҳоро чунин тарбия накардааст. Магар хуб нест, ки фарзандони мо оқил, доно ва чолок ба воя расанд? Ё имрӯз мо ҳар амалро зӯроварӣ гуфта, махкум менамоем? Ман тарфдори ин акида нестам. Ҳоло дар кӯчаҳои Душанбе ҷавононе пайдо шудаанд, ки якҷоя бо духтарон нишаста сигор мекашанд, дискотека мераванд, бо якдигар дар сари роҳ, ки аз он ҷо ҳазорон нафар мегузарад, бӯсобӯс мекунанд. Магар одамон ба онҳо нигариста, раҳмат мегӯянд? Не, баръакс ба волидони онҳо лаънат мефиристанд. Ва фарзанди бетарбия имрӯз ба ҷомиаи мо даркор нест. Фарзандони бетарбия буданд, ки духтаронро таҷовуз мекунанду нашъа мекашанд. Магар ҳамаи онҳоро волидонашон тарбияи хуб додаанд? Барои
ҳамин ҳам, мақсади пажӯҳиш на зӯроварӣ, балки чунин мебуд: Дар
Тоҷикистон одамон фарзандонашонро чи гуна тарбия мекунанд?
Фикри ман ҳамин аст. Ман аз накӯҳиши падарам дилмонда нестам, баръакс хурсандам. Чунки падарам ин хел рафтор намекард, шояд, ман холо на дуруст кор карда метавонистаму на дуруст хонда.
Бо салом
Дабири Кабир
XS
SM
MD
LG