Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набарди фақр бо дороӣ дар корзорҳои Тоҷикистон


Дар соли гузашта танҳо дар соҳаи кишоварзӣ барои 24 000 сокини кишвар ҷойи нави кор ташкил шуда ва дастрасии кишоварз ба замин ду баробар бештар шудааст. Буҷаи давлати Тоҷикистон низ сол то сол бештар ба бахши иҷтимоӣ маблағ пешбинӣ мекунад, ки барои мисол дар муқоиса бо соли 1999 маблағгузорӣ дар ин соҳа тақрибан се баробар афзоиш пайдо кардааст.

Ин арқом ва нишондод дар як ҳамоиши дурӯза таҳти унвони «Раванди рушди устувор дар Тоҷикистон: ҷустуҷӯ ва дурнамо» бо ширкати мақомот, коршиносон ва намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ дар Душанбе баргузор гардид, эълом шуд. Нозигул Хушвақтова - раҳбари гурӯҳи мониторингии дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба иҷрои барномаи давлатии коҳиши сатҳи камбизоатӣ гуфт, бо ин вуҷуд Тоҷикистон ҳамчунон фақиртарин кишвари собиқи шӯравӣ ва минтақа боқӣ монда ва 64 дар сади аҳолии ин кишвар дар сатҳи пойинтар аз хатти фақр ба сар мебарад.

Исомиддин Салоҳиддинов - мушовири аршади раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон иллати аслии харобии иқтисод - қатъи тавлидот дар корхонаҷотро, ки дар натиҷа кишварро дар феҳристи мамолики фақрзада қарор додааст , чунин тавзеҳ дод: "Агар мо ба соли 1990 назар кунем, фақат содироти Тоҷикистон қариб 2,5 миллиард долларро ташкил мекард. Ва аммо дар натиҷаи пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яку якбора ҳаҷми истеҳсолот, содирот ва дигару дигар хеле хароб шуда рафт. Ва дар баробари ин ҷанги шаҳрвандии чандсола, ки қариб 50 000 мардумро кушта ба ҷо гузошт ва қариб 7 миллиард доллар ба иқтисоди мо зиён овард. Ин аст, ки мо дар байни кишварҳои бенаво боқӣ мондаем." Оқои Салоҳиддинов афзуд, ки яке аз роҳҳои муассири коҳиш додан ва батадриҷ маҳв кардани қашшоқӣ ҳамкории мақомот бо созмонҳои ғайридавлатист.

Ин дар ҳолест, ки ба бовари бархе аз намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ, баъд аз вуқӯъи инқилобҳои ранга дар бархе аз кишварҳои собиқи шӯравӣ равобити мақомот бо созмонҳои ғайридавлатӣ ба сардӣ гаройида ва масъулин ба фаъолият ва ё пешниҳодоти ин созмонҳо бо назари шубҳа менигаранд. Малоҳат Абдуллоева - раиси созмони ғайридавлатии мавсум ба «Иттиҳодияи зиёиёни машғул ба илм ва фановарӣ» мегӯяд, дар пайи ҳамкории мақомот, ба вижа дар маҳалҳо, бо созмонҳои ғайридавлатӣ сатҳи камбизоатӣ ва қашшоқӣ дар кишвар коҳиш хоҳад ёфт. Вай гуфт, созмонҳои ғайридавлатӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва ба иҷро гузоштани барномаҳои мухталиф бо мусоидати сармоягузорони дохилӣ ва беруна тавонистаанд барои аз байн бурдани қашшоқӣ саҳм бигузоранд. Вале, афзуд ӯ , интиқоди фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ дар пайи ҳаводиси маълуми ба истилоҳ инқилобҳои ранга дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ бетаъсир тамом нашудааст.

Сайфулло Сафаров - муовини раиси Маркази таҳқиқоти стротегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки равобити мақомот дар робита ба иҷрои барномаи коҳиши сатҳи камбизоатӣ хуб роҳандозӣ шудааст. Ҷаноби Сафаров мегӯяд, аз тарафи созмонҳои ғайридавлатӣ тарҳҳои зиёде дар заминаи ин барнома таҳия ва татбиқ шудааст ва ҳеҷ мушкиле дар муносиботи мақомот бо онҳо мушоҳида намешавад.

Дар ҳамоиши мазкур Тоҷикистон дар радифи кишварҳое ном бурда шуд, ки рушди ноустувори иқтисодӣ ва иқтисоди ҳамоно осебпазир доранд. Ба ақидаи ширкатдорони ҳамоиш, сарчашмаи таъминоти буҷаи давлатӣ алюминий ва пахта буда, кишвар сахт вобастаи нархи ин ду маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонист. Ва ҳамин тавр, ҷилави раванди муҳоҷирати кории, ки ҳоло як омили муҳимми суботи иқтисодӣ ва ҳатто сиёсӣ гуфта мешавад, низ дар ихтиёри кишварҳои дигар буда ва Тоҷикистон аз лиҳози ҷуғрофӣ низ дар инҳисори иртиботӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG