Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухҳои вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов


Салом, ҷаноби вазир. Пӯшида нест, ки соҳаи маорифи Тоҷикистон дар тӯли 10 - 15 соли гузашта коҳиши сахт ёфтааст. Ва пӯшида нест, ки ҳукумати ҷумҳурӣ аз сабаби нарасидани маблағи лозимӣ барои беҳтар намудани вазъи ҳол, кӯшиши зиёд ба харҷ надодааст.
Савол, Шумо ҳамчун вазир, барои беҳтар намудани ин соҳа чӣ чораҳо меандешед ё худ корро аз куҷо оғоз менамоед?


--Яке аз муҳимтарин вазифаҳои ман ҳамчун Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ба сатҳи дониши хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ таваҷҷӯҳи хоса намудан аст. Назари аввали ман ба мактабҳои шаҳри Душанбе буд, зеро ҳолати таълим дар мактабҳои пойтахт бояд нисбати дигар минтақаҳо фаъолтар бошад. Қариб аксарияти мактабҳои пойтахт ҳам аз тарафи ман ва ҳам аз тарафи муовинони ман, ки гурӯҳҳои кории вазорати маорифро роҳбарӣ мекарданд, аз ҷиҳати саводнокӣ, таҷҳизот, синфхонаҳо, ташкили ҷараёни таълим, риояи сару либоси мактабӣ, иҷрои барномаҳои таълимӣ, назорати дохилимактабӣ мавриди санҷиш қарор гирифтанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки гарчанде назари мардум имрӯзҳо ба таълим шакли дигарро гирифтааст ва падару модарон ҳаракат мекунанд, ки фарзандони онҳо дар литсею гимназияҳо, мактабҳои пешқадам таълим гиранд, аммо дар ҳақиқат, дар маҷмӯъ, саводнокии хонандагон дар миқёси ҷумҳурӣ дар сатҳи паст қарор дорад.

Бо мақсади муайян кардани саводнокии хонандагон ҳамин гуна санҷишҳо дар шаҳрҳои Нораку Кӯлоб, ноҳияҳои Данғараю Восеъ, Рӯдакӣ, Бохтар гузаронида шуд.
- сарбории омӯзгорон аз 30 то 32 соатро ташкил медиҳад;
- давомоти хонандагон ба талабот ҷавобгӯ нест;
- назорати дохилимактабӣ дар мактабҳо дуруст ба роҳ монда нашудааст;
- аз 40 то 70 % - и хонандагон аз навиштани диктант ва корҳои хаттӣ аз фанҳои математика, физика баҳои ду гирифтанд.
- роҳбарони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аксарият аз ҳисоби кадрҳои белаёқат интихоб мешаванд ва дар натиҷа ба ҷараёни таълим таъсири манфӣ мерасонанд;
- дар кулли мактабҳои шаҳри Душанбе дар синфхонаҳо то 40 - 45 нафар хонанда таҳсил менамояд. Дар мактабҳое, ки барои 700 - 900 хонанда пешбинӣ шудааст, аз 1500 то 2800 нафар хонанда таълим мегирад.
Ҳамаи ин ҳолатҳо ба паст шудани саводнокии хонандагон оварда расонидааст.

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти ҷараёни таълим дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ нақшаҳои худро дорад. Пеш аз ҳама зарур аст, ки минбаъд бештар ба сифати таълиму тарбия дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ, таъминоти онҳо бо омӯзгорон ва маводи хониш, беҳтар кардани шароити таҳсил, кор, зиндагии шогирдон ва омӯзгорон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намоем. Шавқу рағбати шогирдонро ба таҳсил боз ҳам афзунтар гардонем. Шогирдонро дар рӯҳияи анъана, расму оинҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ҳаққу ҳақнигорӣ, шарафу шарафнокӣ, ҷустуҷӯ ва эҷодкорӣ, некию некбинӣ, ҳимматбаландӣ, омӯзиши илму маърифат, эҳтироми худшиносии миллӣ, тарбия намудан вазифаи асосии Вазорати маориф, Идораю шӯъбаҳои маориф, мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти давлатии идораи маҳаллӣ мебошад.

Мӯҳтарам, вазир! Оё ба назар чунин намерасад, ки шумо ва умуман вазорат, асосан ба мактабҳои қисмати ҷануби Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бештар медиҳед ва шимолро дӯст намедоред?
Бо эҳтиром, Аслам Мӯъминов.


--Ҷавоб не! Ба назар намерасад, гарчанде, ки дар ин вазифа аз кор кардани ман вақти зиёде нагузашта бошад ҳам, қариб ба ҳамаи минтақаҳои ҷумҳури сафар карда, аз фаъолияти идораю шӯъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии алохида шинос гаштам. Коркунони Вазорати маориф бошанд, дар давоми ҳар як сол мувофиқи нақша аз фаъолияти мактабҳои шимол шинос шуда, барои беҳбудии кори онҳо тавсияҳо медиҳанд. Агар масъалаи барқарор намудани мактабҳоро дар қисмати ҷануб дар назар дошта бошед, ин ба ҳама маълум аст, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ қисми зиёди муассисаҳои таълимӣ хароб гаштааст, барқарор намудани онҳо вазифаи ҳамаи мо аст. Ҷиҳати таълиму тарбияро агар дар назар дошта бошед, пас дар ҳамаи чорабиниҳо, олимпиадаҳо дар қатори хонандагони минтақаҳои дигар хонандагон аз ин минтақа мувофиқи сатҳи дониш сазовори медали тиллою нуқра ва ҷойҳои аввал гардидаанд.

Чаро ба мактаби таҳсилоти умумии рақами 26 -и ноҳияи Панҷакент ягон нафар аз масъулин намеояд ва аз ҳоли хонандагони ин мактаб, ки на парта доранду на муаллим, ҳатто талабаҳои бесаводи мактаб бо дарёфти маълумотномаҳои қалбакӣ муаллим мешаванду касе ба онҳо кордор намешавад?

--Дар ҷумҳурӣ 3724 адад мактаб фаъолият мекунад. Барои он ки ба ҳамаи он як ба як шинос шавем, чанд сол лозим мешавад. Намояндаҳои вазорат дар ноҳияи Панҷакент, идораи маорифи вилояти Суғд, шӯъбаи маорифи ноҳияи Панҷакент мебошанд. Ваъзияти соҳаи маорифро вазорат аз онҳо талаб мекунад. Аз рӯи масъалаҳои пешниҳодкардаи онҳо вазорати маориф чораҳои мушаххас мебинад. Соли ҷорӣ ба ноҳияи Панҷакент 340 комплект мизу курсӣ фиристонида шуд. Тақсим намудани онҳо ба мактабҳо, вазифаи мудири шӯъбаи маориф аст. Дар бораи таъмин кардани мактабҳо бо муаллимон аз тарафи вазорати маориф чораҳои мушаххас андешида шудааст. Ҳар сол шумораи мӯайяни мутахассисон ба ноҳияхо фиристонида мешаванд. Соли ҷорӣ 45 нафар мутахассисон ба ин ноҳия фиристонида шудаанд, ки мутаассифона 24 нафари онҳо ба ҷойи кор ҳозир шудаанду халос. Вазифаи ҳукумати маҳаллӣ аст, бо ҷои кор таъмин намудани онҳо. Дар ноҳияи Панҷакент барои таъмин кардани мактабҳо бо кадрҳои педагогӣ, омӯзишгоҳи педагогӣ, Донишгоҳи озоди Панҷакент таъсис дода шудааст.

Мо медонем, ки тақрибан 65 дарсади аҳолии ҷумҳурӣ камбизоат мебошад. Ақидаи Шумо оид ба мактабҳои пулакӣ ва сифати таҳсил дар ин мактабҳо? Ва оё пулакӣ намудани мактаб сабаби фосила байни аҳолии доро ва нодор намешавад?
Бо эҳтиром, Нозир


--Таҳсили пулакӣ дар мактабҳо тибқи моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Низомномаи хизматрасонии пулакии муассисаҳои таълимӣ ва усули ҳисобу китоби нархҳои хизматрасонии пулакии муассисаҳои давлатии Тоҷикистон бо хоҳиши падару модарон дар асоси шартнома ташкил карда мешавад, ки он дар Оинномаи мактаб дарҷ карда мешавад. Барои ба низом даровардани кори ин мактабҳо Низомнома аз тарафи Вазорати маориф таҳия гардида, бо Вазоратҳои иқтисод ва савдо, адлия ва молия мувофиқа карда шудааст ва мактабҳо метавонанд дар асоси он фаъолияти худро ба роҳ монанд. Таҳсил дар баъзе мактабҳои типи нав пулакӣ буда, тибқи шартнома ба роҳ монда мешавад. Санҷиш ва иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмунҳо нишон медиҳад, ки сифати дониши хонандагон дар ин намуди мактабҳо нисбатан беҳтар аст. Таҳсил дар ин гуна мактабҳо бо хоҳиши падару модар дар асоси озмун сурат мегирад, ки ин ба табақаи доро ва нодор тақсим кардани аҳолӣ ягон мансубияте надорад.

Боз намудани мактаб барои муҳоҷирон? Таҳсил дар ин мактаб бо кадом забон ба роҳ монда мешавад?
Бо эҳтиром, Нозир


--Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани мактаб барои муҳоҷирон дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Миқдори синфҳо аз рӯи шумораи хонандагон муайян карда мешавад. Забони таҳсил дар ин гуна мактабҳо забони давлатӣ аст.

Дар шаҳри Хуҷанд чандин духтаронро ба пӯшидани либосҳои мактабӣ маҷбур кардаанд, ки оқибат онҳо мактабро куллан тарк кардаанд.

--Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон № 480 аз 07. 08. 2000 дар ҳамаи намуди мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ карда шудааст. Ҳамзамон барои тағйир додани тарҳи либосҳои мактабӣ (духтарон ва писарон) аз тарафи падару модар, хонандагон ва муассисаю ташкилотҳои дахлдор ба унвони Вазорати маориф таклифу пешниҳодҳо ворид гардида буд, ки хамаи инро Вазорати маориф ба инобат гирифт. Вазорати маориф фикру таклифҳои мазкурро ба назар гирифта, тавсиянома оид ба тарҳи либоси мактабӣ таҳия ва ҳамзамон дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба чоп расонид. Тибқи фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 381 аз 13.06.2003. озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба тарҳи либоси мактабӣ гузаронида шуда, ҳамзамон натиҷагирии он дар ҷаласаи назоратии назди Вазири маориф - 576 аз 06.08.2003. «Дар бораи либоси мактабӣ» содир гардид, ки имрӯз падару модарон, хонандагон ва аҳли ҷомеа аз ин намудҳои либоси мактабӣ розианд

Ассалом! Мехостам, нисбати деҳаҳои ноҳияҳо дар бораи компютеркунонии мактабҳо равшанӣ андозед.
Оё мактаби мо метавонад соҳиби технологияи муосир гардаду хонандагони ин таҳсилот ҷаҳонбинии худро васеъ гардонанд? Мӯҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонов, ногуфта намонад, ки бо амри тақдир ин деҳаи на он қадар калон соҳиби мутахассиси соҳаи технологияи муосир гардидааст. Ӯ саҳми худро дар бисёр марказҳои компьтерии минтақаи Кӯлоб гузоштааст, аммо дар ҷои истиқоматии худ бошад компютере нест, ки вай ба хонандагону омӯзгорони мактаби худ омӯзонад.
Ноҳияи Мӯъминобод, деҳаи Ғарабдара!


--Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои Шумо мерасонад, ки дар соли таҳсили 2005 тавонист ба идора ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, мактаб - интернатҳои ҷумҳуриявӣ, мактабҳои миёна ва олии касбӣ, муассисаҳои тобеи худро бо теъдоди 11194 комплект мизу курсии талабагӣ барои 22388 ҷои нишаст таъмин намояд. Аз он ҷумла, идораи маорифи ВМКБ бо 630 комплект мизу курсӣ барои 1260 ҷоий нишаст, идораи маорифи вилояти Суғд бо 1220 комплект барои 2440 ҷои нишаст, идораи маорифи вилояти Хатлон бо 5300 комплект мизу курси барои 10600 ҷои нишаст, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бо 2176 комплект мизу курсӣ барои 4352 ҷои нишаст, мактаб - интернатҳои ҷумҳуриявӣ бо 660 комплект мизу курсӣ барои 1320 ҷои нишаст, литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқат 50 комплект мизу курсӣ барои 100 ҷои нишаст, Донишкадаи давлатии забонҳо бо 150 комплект мизу курсӣ барои 300 ҷои нишаст, Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба номи Қ. Ҷӯраев бо 100 комплект мизу курсӣ барои 200 ҷои нишаст, Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб бо 200 комплект мизу курсӣ барои 400 ҷои нишаст таъмин намуд. Бо дастгирии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон 300 дона комплектҳо бурда, расонида шуд.

Вазири мӯҳтарам!
Мавқеи шахсӣ ва ниҳоии Шумо нисбат ба иштироки духтароне, ки бо ҳиҷоб ё ба қавле рӯймоле, ки рӯйи духтарро пӯшонидааст, чӣ гуна аст? Дар ҳоле, ки ҳама кас барои пӯшидани ҳама гуна либос ҳуқуқ дорад. Гузашта аз ин, ҳамагӣ мардуми мо мусалмонем. Ман барои чӣ ин суолро медиҳам? Барои он ки шахсан дар шаҳри Хуҷанд нисбати ин масъала хеле бепарвоӣ зоҳир намуда, чандин нафар духтаронро ба пӯшидани либосҳои мактабӣ маҷбур карданд, ки оқибат онҳо мактабро куллан тарк карданд. Қаблан сипосгузорам.
Гуразми Тоҷикфар

Ҷумҳурии мо демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Чӣ тавре ки ҷаноби олӣ, президент Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов гуфтаанд: " МО ДЕМОКРАТИЯРО ДАР ЧАҲОРЧӮБАИ ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ ХУД МЕСОЗЕМ". Вале мутаассифона дар бисёре аз мактабу донишгоҳҳо ба ин нигоҳ накарда баъзе аз омӯзгорон худсарона монеъи пӯшидани либосҳои миллӣ, алалхусус, рӯймол мешаванд, ки боиси дилсардии шаҳрвандон аз фиристодани фарзандонашон ба марокизи илмӣ мегардад. Ва ин боиси боз ҳам бесавод мондани ҷавонон, алалхусус духтарон мешавад.
Саволи ман ба ҷаноби Вазири Маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов ин аст, ки лутфан бигӯед, ки омӯзгорон аз рӯи кадом қонун ин муносибати зиштро анҷом медиҳанд? Назари Шумо нисбати ин проблема чист? Ва дар оянда чӣ чораҳоеро хоҳед андешид?
Қодирчон Шехов
Донишҷӯи забони олмонӣ дар Олмон

Салом бар Шумо.
Чаро шумо рӯмол бастани шогирдони мактаб ва донишгоҳҳоро бад мебинед? Ҳол он ки модари шумо вабибиву бибикалонатон рӯмол доштанд. Рӯмол доштан барои хондан чӣ мушкил эҷод мекунад? Чаро шумо аз духтарони лучу урён, ки фарҳанги миллати тоҷикро таҳқир мекунанд, ҳарфе намезанед?
Барои пешравии соҳаи маорифи Тоҷикистон пешравӣ орзу дорем. Бо эҳтиром, як гурӯҳ шогирдон аз чанд донишгоҳи олии Тоҷикистон


--Тибқи моддаи 1-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ҳамчунин дар сарсатри 4-уми дар моддаи 8-и Конститутсия омадааст:
- Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонад.
Ин нуқта дар сарсатри 5-и моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ки аз Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст, чунин арзёбӣ шудааст: «Дар мақоми идораи маориф, дар муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, иттиҳодияҳои (ассотсиятсияҳо, иттифоқҳо)-и онҳо таъсис ва фаъолияти сохторҳои ташкилию ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсии ҷамъиятӣ ва динӣ манъ аст.» Чӣ тавре, ки маълум аст, демократияи ҳақиқӣ ин волоияти қонун аст. Аз ин ҷиҳат, вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунҳои дар боло овардашуда такия намуда, дар макотиби миёнаи умумӣ ва миёнаву олии касби танҳо сару либосеро, ки тарғиб ва ташвиқи идеологияи динист, манъ карда шудааст. Аз тарафи дигар, то ба ҳол аз масъулини вазорат ҷиҳати cару либоси миллӣ, махсусан рӯмол бастани духтарон ҳарфе назадааст. Мо ба cару либоси миллӣ, ки як ҷузъи фарҳанг ва арзиши милливу таърихиамон мебошад, эҳтиром мегузорем ва пос доштану истифодаи онро дастгирӣ менамоем.

Вазири маориф дар мусоҳибаи мустақими телевизионии худ қайд намуд, ки донишҷӯёне, ки бо баҳои аъло дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил менамоянд ва аз оилаҳои камбизоатанд, ба гурӯҳҳои бӯҷавӣ гузаронида шаванд. Ин гуфтаҳои вазири маорифро қонуни маориф низ тақвият медиҳад. Ман дар соли саввуми факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб таҳсил менамоям. Чун ман ба гуфтаҳои вазири маориф мувофиқам, арзамро ба маъмурияти донишгоҳ расонидам, аммо дар ҷавоб масъулин гуфтанд, ки ба арзат танҳо вазири маориф расида метавонад, яъне ҳалли ин масъала ба дӯши вазири маориф мебошад. Дар хусуси арзанда будани ман ба ин фармон тасдиқи хаттии декани факулта ва аризаи пешниҳоднамудаи ман ба ректори донишгоҳ мавҷуд аст. Ба ин савол посухи вазири мӯҳтарамро интизорам. Зеро мавсими супоридани шартнома фаро расидаасту ман қудрати супоридани онро надорам.
Бо эҳтиром, Абдулмӯъмин Шерхонов.


--Ба иттилои Шумо мерасонем, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи сарсатри 13-и банди 39-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ аз гурӯҳҳои ғайриройгон ба гурӯҳҳои ройгон»-ро омода намудааст. Ин Низомнома албатта дар мушовараи навбатии вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ хоҳад гардид. Дар он тарғиби гузаронидани донишҷӯёни аълохон, ятимон ва бепарасторону камбизоатон нишон дода шудааст. Шумо метавонед, ки баъди тасдиқи он бевосита ба вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо маълумоти заруриро дастрас намоед.

Салом, ҷаноби мӯҳтарам, Абдуҷаббор Раҳмонов.
Бо умеди сиҳҳатмандии шумо.
Ман ба вазири мӯҳтарам барои иқдомоти хубаш аввалан изҳори ташаккур намуда ба ӯ муваффақиятҳои нав ба нав орзумандам ва дигар ин ки ман як суоле мехостам аз ҷаноби вазир бипурсам, чаро шаҳодатномаву дипломҳои донишҷӯёне, ки дар хориҷ аз кишвар мехонанд, хусусан, донишҷӯёне, ки дар Покистон (дар донишгоҳҳо, на дар мадрасаҳо!) на фақат дар риштаҳои улуми динӣ балки дар риштаҳои мухталиф мехонанд, ба расмият шинохта намешавад? Умед дорам, ки дипломҳои он донишҷӯён, ки дар хориҷ аз кишвар мехонанд ба расмият шинохта бишавад, то онҳо битавонанд дар бозсозии Тоҷикистони нав саҳми хешро бигзоранд. Ташаккур.
Фарорудӣ.


Бо салом, хидмати шумо дастандаркорони Радиои Озодӣ ва ҷаноби Вазир, ин суоли мо донишҷӯёни тоҷики машғул ба таҳсил дар донишгоҳҳои Иронро ба вазири мӯҳтарам бирасонед, ки оё мадорике, ки мо аз ин кишвар мегирем, мавриди таъйиди вазорати маорифи Тоҷикистон ҳаст ва онро дар кишвар чигуна арзёбӣ мекунанд?
Бо ташаккур.


Савол ба вазири маориф.
Аввалан, аз ин ки суолу ҷавобро матраҳ кардед, аз шумо ҷаноби вазир ташаккур мекунем ва як хурсандии мо ин аст, ки дар сиёсати нави вазорат, яъне, шумо вазири мӯҳтарам, таваҷҷӯҳ ба фарҳанг ва тамаддуни ТОҶИКӢ бештар ва ҷиддитар шуд. Чаро диплом ё маълумоти олии донишгоҳҳои Иронро қабул надоред дар ҳоле, ки сатҳи омӯзиш ва илм дар Ирон нисбат ба Тоҷикистон ба маротиб болост? (Ин воқеъияте аст, инкорнопазир)Ҳарчанд, ки замони Шӯравӣ шояд сатҳи илмии мо беҳтар аз Ирон буд.
Агар посухи шумо ин аст, ки Тоҷикистон дипломҳои Иронро расман қабул дорад, пас чаро ба ҳар идора ё вазорат ё ҳар муассисаи давлатӣ муроҷиат кунанд, мегӯянд, «ин дипломро бурда дар таги сандуқат мон»?
Лутфан, посухи муфассал диҳед.


--Бояд изҳор намоем, ки тамоми дипломҳои донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил намудаанду барои нострификатсия (эътирофи сатҳи диплом) ба вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, аз ҷониби комиссияи нострификатсионии вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, сатҳи онҳо муайян карда мешавад. Муайян намудани сатҳи ин гуна дипломҳо мухталиф аст. Масалан, донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳуриҳои Россия, Белорус, Украина, Қазоқистон ва Қирғизистон таҳсил намудаанд, тибқи созишномаи Евразес, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои он аст, ба онҳо «таҳсилоти олии пурра» дода мешавад. Ҳамчунин, донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳуриҳои дигар, аз ҷумла, Эрон, Покистон ва дигар давлатҳо таҳсил намудаанд, дар асоси мувофиқат намудани фанҳои омӯхташуда тибқи банди 3.1 моддаи 3-юми стандарти давлатии таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-уми феврали соли 1996, таҳти N 96) ба онҳо «таҳсилоти олии нопурра» дода мешавад. Дар ин замина онҳо метавонанд дар курси сеюми муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар сурати мувофиқат намудани санҷишу имтиҳонҳо барои идомаи таҳсил қабул гарданд. Аммо дипломҳое, ки (вобаста аз он аст, ки риштаи динӣ аст ё ғайридинӣ), ки фанҳои таълимиашон бо стандартҳои давлатии таълими мувофиқат намекунанд, эътироф карда намешавад.

Чаро ба сари вазифа омаданатон ҳамзамон мудирони маорифҳои ноҳияҳои дурдастро аз вазифа бесабаб аз кор озод кардед? Бисёри онҳо таҷрибаи бой доштанд ва ҳатто номзадҳои илм ҳам буданд ва ё аз ин кор бехабаред? Ба қадри мутахассис ки мерасида бошад?

--Тибқи моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод намудани мақомотҳои маҳаллӣ, аз ҷумла, сардорон ва мудирони идораю шӯъбаҳои маориф дар сaлоҳияти ҳукуматҳои маҳаллӣ мебошад. Дар фаъолияти кори ман бо супориши ман бесабаб ягон мудири шӯъбаи маориф аз вазифааш озод карда нашудааст. Дар ин муддат аз вилояти Суғд 3 нафар, шаҳру ноҳияҳои Ашт, Панҷакент, Хуҷанд. Сардорони идораи маорифи вилоятхои Хатлон ва Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Восеъ, Хуросон, Мӯъминобод, Ҷилликул ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ин мудирони маориф аз сабаби ба кори дигар гузаштан, бад будани саломатӣ ё ниҳоят суст будани кори соҳаи маориф аз вазифа озод карда шудаанд. Рӯйхати мудирони нав барои мувофиқа ба вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Саволи ман ба ҷаноби Абдуҷаббор Раҳмонов.
Мӯҳтарам Раис, бигӯед, ки барои чӣ дар донишгоҳҳои олӣ, дар назар дорам факултаҳоро, на телефон дида мешавад ва на интернет?


--Дар ДДМТ дар aйни замон 15 факултет амал менамояд, ки ҳамаи садорати факултаҳо бо телефон таъминанд. Танҳо дар вақтҳои охир баъзе нуқтаҳои телефонӣ дар шаҳраки донишҷӯён бо сабабҳои техникӣ аз фаъолият мондааст, ки ин муваққатӣ мебошад. Илова бар ин, аз моҳи сентябри соли ҷорӣ ҳамаи деканҳо бо телефонҳои мобилӣ таъмин карда шудаанд, ки дар aйни замон кор карда истодаанд. Дар aйни замон, дар донишгоҳ шабакаи интернет мавҷуд аст, ки дар бинои марказии Донишгоҳ ба 48 компютер ва факултаи физика воқеъ дар бинои 3-юм бо 13 компютер пайваст аст. Дар факултаи ҳуқукшиносӣ 1 синфхона, ки аз 10 компютер иборат аст, бо шабакаи Интернет пайваст аст. Илова бар ин дар ояндаи наздик ният дорем, ки 2 синфхонаи факултаи механикаю риёзиёт ва кафедраҳои он, 1 синфхонаи факултаи молиявию иқтисодӣ, бaҳисобгирию иқтисодӣ ва кафедраҳои он, садорат ва кафедраҳои факултаҳои кимиё ва геологияю маъдан бо шабакаи Интернет пайваст шавад.

Оё хобгоҳ барои донишҷӯён ҳозиразамон карда мешавад? Ва нисбати таъмини хобгоҳ чӣ кореро анҷом медиҳед ва чӣ анҷом доданӣ ҳастед ҳамчун раиси маориф?
Бо салом, як шаҳрванди тоҷик аз шаҳри Душанбе,


--Дар ДДМТ дар aйни замон 2 хобгоҳ, N 5 воқеъ дар кӯчаи Борбад 48/16 ва хобгоҳи N3 воқеъ дар кӯчаи Репина 3 амал менамояд, ки онҳо нисбатан ҷавобгӯи талаботи замон мебошанд. Дар хобгоҳи N5 265 нафар ва дар хобгоҳи N3- 160 нафар донишҷӯён истиқомат менамоянд. Илова бар ин, хобгоҳи воқеъ дар кӯчаи Нахимова 64/7 барои 260 ҷой таъмири капиталӣ шуда истодааст ва баъди таъмири пурра дар он донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, ҷой дода мешавад.

То кай муаллимон аз хонандагони мактаб пули таъмир, моҳона ва ё пардаи синфро мегиранд? Оё фаромӯш кардед, ки замоне Шумо ҳам омӯзгор будед?
Сайидамини Қутфиддин

--Мувофиқи моддаи 41-и Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад». Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидои касбӣ ва олии касбӣ гирад. Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад. Чӣ тавре, ки маълум гардид, муассисаҳои таълимии давлатӣ аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи имконияти буҷет маблағгузорӣ карда шуда, барои таъмир ва таҷҳизонидани онҳо ҳар сол аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағи муайяне ҷудо карда мешавад. Ҳамзамон, хотиррасон менамоем, ки мувофиқи моддаи 47-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ бо хоҳиши падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд), таълими иловагии пулакӣ дар асоси шартномаи тарафайн ташкил карда мешавад. Таълими иловагии пулакӣ берун аз нақшаи таълимӣ ва аз рўи самтҳои зерин амал мегардад:
- Барномаҳои алоҳидаи таълимӣ ва фанҳое, ки дар стандарти давлатии таҳсилот пешбинӣ нашудаанд;
- омўзиши амиқи мавзўи дарсҳо агар чунин омўзишро намуди дахлдори муассисаи таълимӣ муайян накарда бошад;
- дигар намудҳои таълим берун аз стандарти давлатии таҳсилот ва ғ. Маблағҳои таълими иловагиро падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) тибқи тартиботи муқарраргардида ба суратҳисоби муассисаи таълимӣ мепардозанд. Ҳеҷ кас хилофи қонунгузорӣ мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъ кардани маблағ барои таъмири муассисаҳои таълимӣ ба маъмурияти мактабҳо супориш надодааст. Агар чунин кор вуҷуд дошта бошад, пас ин хилофи қонунгузорӣ буда, онҳо дар назди қонун бояд ҷавоб гўянд. Агар маблағе месупоред, аз муассиса квитанция талаб намоед.

Cуоли ман ин аст, ки воқеан вазири кабири мо дар панҷ соли минбаъд оё метавонад ягон такони ҷиддиеро барои рушди маорифи мо пеш бигирад? Яъне, манзур ин аст, ки метавонад, бо дахолат ва кӯшиш ҳукумати ҷумҳуриро водор созад, ки бе баланд бардоштани ҳаққуззаҳмаи маорифчиён дигар чораҳо кора намекунад?

--Дар ин давра, агар дар соли 2000 - 17 мактаб сохта ба истифода дода шуда бошад, пас дар соли 2005 - 94 мактаб бо дастгирии бевоситаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукуматҳои маҳаллӣ мақоми иҷрояи давлатӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ сохта ба истифода дода шуд. Музди маоши омӯзгорон тайи солҳои охир якчанд бор баланд бардошта шуд. Дар соли 2000-ум маоши миёнаи омўзгорон агар барои як ставкаи корӣ 7 сомонию 83 дирамро ташкил диҳад, пас дар соли 2005-ум музди миёнаи омўзгорон барои як ставкаи корӣ 58 сомониро ташкил медиҳад. Бо супориши ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи гурўҳи кории Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии стратегияи миллии таҳсилот барои солҳои 2006-2015» таҳия гардидааст, ки дар он самтҳои асосии пешрафти соҳа мушаххас нишон дода шудааст. Умед аст, ки ин ҳуҷҷати муҳим аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмиллалӣ дастгирӣ ёфта, барои инкишофи минбаъдаи соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон такони муҳим мебахшад. Вобаста ба беҳтар гардидани вазъи иқтисодии кишвар ва зиёд шудани ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маориф сол аз сол тамоюли афзояндаро дорад. Мисол, агар дар соли 2000 барои нигоҳдорӣ ва рушди соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат 41 млн. 606 ҳаз. 610 сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас соли 2005 -ум мн нишондиҳанда ба 250,1 млн. сомонӣ расонда шуд. Танҳо дар зарфи ду - се моҳи охир аз фонди захираи президенти кишвар иловатан барои инкишофи соҳаи мориф зиёда аз 12 млн сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Оё Шумо медонед, ки хатмкунандагони донишгоҳу донишкадаҳо аз сабаби музди пасти меҳнат намехоҳанд дар мактабҳо кор кунанд ва майл ба Русия рафтан доранд?

--Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлатро дар марҳилаи ҳозира давра ба давра зиёд намудани музди меҳнати кормандони буҷетӣ, махсусан омӯзгорон ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки ҳар сол бо андозаи 30-40 % маоши кормандони соҳаи маориф зиёд карда мешавад. Танҳо аз 1- январи соли 2005 маоши омўзгорон 60-70 % зиёд карда шуд. Ҳоло омўзгорон барои як ставкаи корӣ бо иловапулиҳо, яъне санҷиши дафтар - 15%, роҳбарии синф - 20%, барои чопи маводҳо - 10%) ҷамъ 71,29 сомонӣ маблағ мегиранд. Ҳамзамон, хотиррасон менамоем, ки аксари омўзгорон аз 1,5 то 2,0 ставка дарс медиҳанд. Дар ин ҳолат маоши омўзгорон аз 90 то 110 сомониро ташкил медиҳад. Маоши омўзгорони синфҳои ибтидоӣ аз ин ҳам зиёд аст. Илова ба ин, мутахассисони ҷавон ва омўзгорон мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андози назди ҳавлигӣ озод ҳастанд. Дар деҳот барои мутахассисони ҷавоне, ки ба кор мераванд, замин ҷудо карда мешавад. Ва ҳамчунин, дигар омӯзгорон аз супоридани андоз аз замин озод мебошанд. Дар назар аст, ки мувофиқи «Барномаи давлатӣ тайёр кардани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ барои солҳои 2005-2010», ки бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии -N 425 аз 1 ноябри соли 2004 қабул шудааст, боз барои мутахассисони ҷавон як қатор имтиёзҳо ҷорӣ карда мешавад. Ҳамаи ин чорабиниҳо барои беҳтар кардани шароити омўзгорон равона карда шудааст.

Ҷаноби вазир, лутфан бигӯед, ки бо ҳамон 50 сомонӣ маош агар худатон ба ҷои муааллими мактаби миёна мебудед, оё дарс медодед?

--Музди миёнаи маоши омўзгорон ҳоло 58 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати соли 2004-ум 54% зиёд мебошад. Ин нисбат ба музди миёнаи кормандони соҳаи тандурустӣ 2 (ду) баробар зиёд мебошад. Мувофиқи супориши ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло аз тарафи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар якҷоягӣ бо дигар вазоратҳо масъалаи музди меҳнати тамоми соҳаҳои буҷетӣ аз нав дида баромада мешавад.

Мо аз ҷаноби вазир хоҳишмандем, ки ба ин савол рӯшанӣ андозад.
Низоми стипендиалӣ дар макотиби олии ҷумҳурӣ чӣ гуна аст ва чаро дар ДДМТ стипендияи донишҷӯ аз ҳадди ақалли маош паст аст?
Як гурӯҳ донишҷӯёни ДДМТ


--Мувофиқи банди 2 зербанди 6-уми қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, N472 «Дар бораи тадбирхои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2004, N1403» андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷўёни донишгоҳҳои олӣ, хонандагони коллеҷҳо, муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ ва дигар гурўҳҳои хонандагон, мутаносибан ба андозаи баландшавии музди меҳнати ҳадди ақал зиёд карда шудааст»
Бинобар ин аз 1 январи соли 2005 стипендияи донишҷӯён ба таври зайл пардохт карда мешавад:
Дар мактабҳои олӣ:
- Агар донишҷўён бо баҳои аъло таҳсил кунанд - 12 сомонӣ (як ҳадди ақал)
- бо баҳои хуб - 8, 40 сомонӣ (70% як ҳадди ақал)
Дар коллеҷҳо ва техникумҳо:
- бо баҳои аъло - 8,40 сомонӣ (70% аз ҳадди ақал)
- бо баҳои хуб - 6,0 сомонӣ (50% аз ҳадди ақал) дода мешавад.
XS
SM
MD
LG