Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишастҳои хабарии мақомоти Тоҷикистон


Пиромуни нишастҳои хабарие, ки ин ҳафта дар Тоҷикистон шурӯъ шуданд, рӯзноманигорон ду назари мухолиф доранд. Иддае аз хабарнигорон бар онанд, ки нишастҳои матбуотӣ барои пур кардани халои иттилоотӣ дар кишвар мусоидат мекунад, аммо ба гуфтаи гурӯҳи дигар, нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо танҳо ба як маъракаи ҳисоботдиҳии масъулин табдил ёфтааст ва аз ин ҷаласаҳо ба сахтӣ метавон хабари тозае пайдо кард.

Қурбони Тӯсафӣ, хабарнигори телевизиони давлатии Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти кишвар дар ин нишастҳо вақти зиёдеро барои гузориши ҳисоботиашон ҷудо мекунанд ва аз ин лиҳоз на ҳамаи рӯзноманигорон ба саволҳои худ посух мегиранд:

"Дар бархе идораҳо ин нишастҳо танҳо ба хотири ҳисобот додан ва иҷрои амр баргузор мегарданд ва азбаски ин нишастҳо танҳо як соат идома мекунанд ва дар онҳо хабарнигорони зиёде ҳастанд, аксарият наметавонанд ба суолҳои худ ҷавоб бигиранд."

Дар дастгоҳи раёсати ҷумҳур низ аз шеваи баргузории нишастҳои хабарӣ дар баъзе вазорату идораҳо ва алалхусус дар ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ гиламанд шудаанд, аммо норозигии онҳо бештар аз рӯзноманигорон аст.

Кароматулло Мирзоев, мудири шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистонг мегӯяд, бархе аз расонаҳои хабарӣ ва рӯзноманигорон аз худ камҳавсалагӣ ва камтаваҷҷӯҳӣ зоҳир намуда, дар нишастҳои хабарӣ ширкат намеварзанд. Ба гуфтаи оқои Мирзоев, инчунин на ҳамаи рӯзноманигорон ба ин нишастҳо бо омодагӣ ҳозир мешаванд, агарчӣ маҳз бо дархости онҳо чунин нишастҳо баргузор мегарданд.

Ба иддаои оқои Мирзоев, бархе аз рӯзноманигорон пиромуни масоили иқтисодӣ ҳеҷ тасаввурот надоранд ва аснои нишастҳои матбуотии мақомоти иқтисодии кишвар суолҳои бемаврид ва ноогоҳона медиҳанд. Ба андешаи ӯ, ин гуна далелҳо гувоҳи бетаҷрибагӣ ва дараҷаи пасти касбияти рӯзноманигорон аст.

Дар ҳамин ҳол Ҳулкар Юсуфов, муҳаррири оҷонсии иттилоотии «Варорӯд» дар вилояти Суғд низ бар ин назар аст, ки хабарнигорони тоҷик ва масъулини идораву муассисаҳои маҳаллӣ ҳанӯз вазоифи аслии худро дуруст дарк накардаанд ва ҳар ду ҷониб низ дар нишастҳо ба иштибоҳҳои зиёд роҳ медиҳанд.

Ба гуфтаи оқои Юсуфов, хабарнигорони маҳаллӣ ҳатто дар нишастҳои хабарӣ аз нафарони масъул наметавонанд ба суолҳои худ посухи дақиқ бигиранд, зеро масъулини идораю муассисаҳои вилоятӣ бидуни иҷозаи ҳукумати вилоят аз пешниҳоди ҳар гуна ахбор худдорӣ меварзанд. Оқои Юсуфов мегӯяд, хеле кам воқеъ мешавад, ки нафарони аввали мақомоти вилояти Суғд шахсан дар нишастҳои хабарӣ иштирок намоянд ва гузашта аз ин, ҳатто дар бархе аз идораҳо ва ҳукуматҳои навоҳии вилояти Суғд нишастҳои матбуотӣ умуман доир намешавад.

Ҳамзамон Саидраҳмон Назриев, хабарнигори оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» дар водии Вахш мегӯяд, хабарнигорон дар вилояти Хатлон ҳам мушкилоти мушобеҳ ба ҳамкасбони суғдии худ доранд. Ба гуфтаи оқои Назриев, бо вуҷуди ин ки нишастҳои матбуотӣ дар минтақа қиёсан бо чанд моҳи қабл беҳтар сурат мегиранд, аммо ҳанӯз вазъи дастрасӣ ба иттилоъ дар баъзе аз навоҳии вилояти Хатлон хеле мушкил боқӣ мемонад:

"Масалан то имрӯз дар ноҳияи Ҷилликӯл, Бешкент нишастҳои матбуотӣ доир накардаанд, дар Шаҳритус, Қубодиён, Панҷу Қумсангир ва Бохтар фақат як маротиба нишасти матбуотӣ баргузор шудааст."

Ва аммо оқои Назриев мегӯяд, Амиршо Миралиев, раиси вилояти Хатлон зимни як нишасти матбуотӣ ҳамаи раисони шаҳру навоҳӣ ва идораҳои вилоятиро муваззаф кардааст, барои хабарнигорон тамоми ахбори лозимаро пешниҳод намоянд. Оқои Назриев аз он изҳори умедворӣ мекунад, ки шояд пас аз ин амри раиси вилоят дар муассисаҳои ин минтақа дастрасӣ ба иттилоъ бештар мешавад.

Дар ҳамин ҳол Кароматулло Мирзоев, мудири шӯъбаи таҳлилию иттилоотии Дастгоҳи раёсати ҷумҳур мегӯяд, аммо пас аз ин ки мутобиқи амри президенти Тоҷикистон вазорату идораҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар ҳар се моҳ нишастҳои матбуотӣ доир мекунанд, баъзе аз ин мақомот то нишастҳои оянда дарҳои худро барои хабарнигорон мебанданд.

Ба ҳар навъ рӯзноманигорон аз нишастҳои хабарие, ки мақомоти Тоҷикистон барои сеюмин бор доир мекунанд, дар маҷмӯъ қаноатманданд. Онҳоро танҳо ҳамин далел мутаваҷҷеҳ кардааст, ки аксари нишондиҳандаҳои мақомот бетағйир боқӣ мемонанд, яъне он маълумоте, ки вазорату идораҳо ҳанӯз дар нахустин нишастҳои худ барои расонаҳои хабарӣ пешниҳод карда буданд, ин дафъа низ такрор ёфтанд.
XS
SM
MD
LG