Пайвандҳои дастрасӣ

Гиряи Ҳинд аз таъсири пиёз


Ду баробар афзудани нархи пиёз дар Ҳиндустон, ки яке аз хабарҳои аслии рӯзномаҳои ин кишвар буд, сиёсатмадоронро аз он нигарон кардааст, ки истеъмолкунандаҳои хашмгини ҳиндӣ аз нав ба раҳпаймоӣ мебароянд. Пиёзро дар Ҳиндустон муҳимтарин "ҳосили сиёсӣ" низ меноманд ва ин сабзавоти тундтаъм қариб дар таркиби ҳамаи он ғизоҳое ҳаст, ки дар рӯи мизи ҳиндуҳо мегузоранд. Бинобар он ки аксарияти 800 миллион нафар мардуми Ҳиндустон камбизоатанд ва рӯзона 2 доллар барои худ масраф мекунанд, боло рафтани нархи пиёзро ба зудӣ эҳсос кардаанд.

Нашрияи "Hindustan Times" сармақолаи худро "Ашкҳои Пиёз" номидааст ва рӯзномаи маъруфи дигар "The Asian Age" ба мақолаи худ доир ба қиммати пиёз чунин унвон гузоштааст, "Парвози нархи пиёз ва ашки резони Ҳиндустон".

Афзоиши якборагии маҳсулоти дӯстдоштаи ҳиндуҳо сиёсатмадорони Ҳиндро тарсонида ва асабӣ низ кардааст, чаро ки дар гузашта норасоии пиёз дар бозорҳо сабаби тазоҳурот ва дуздиву тороҷ дар хиёбонҳои кишвар шуда буд. Ва ҳатто гуфта мешавад, дар он вақт раисони ду иёлати Ҳиндро низ ба сабаби боло рафтани қиммати пиёз аз вазифа барканор карданнд.

Гароншавии шабеҳи пиёз дар соли 1998 дар Раҷастан ва Деҳлии Нав як масъалаи асосии мубориза дар интихоботи маҳаллии ин ду минтақа буд ва ҳизби ҳокими Бҳаратия Ҷаната дар интихобот шикаст хӯрд.

Аммо сабаби нокифоятии феълии пиёз дар бозорҳои Ҳиндустон, обхезиҳои моҳи август дар Маҳараштра аёлати асосии пиёзпарвари ин кишвар будааст. Барои ҳалли бӯҳрони феълии бозори пиёз мақомоти ин аёлат хостори баргузории ҷаласаи мақомоти вазорати кишоварзии Ҳиндустон шудаанд.

Рӯзи шанбе дар шаҳри Деҳлӣ як кило пиёзро 30 рупия баробар ба тақрибан 1 сомониву 700 дирам мефӯрухтаанд, ки назар ба ҳафтаҳои гузашта ду баробар гаронтар будааст. Мақомоти шаҳр ҳисоб кардаанд, ки тақрибан 4 ҳазор тонна пиёз дар бозор кифоят намекунад.

Дар аёлати Маҳараштра сиёсатмадорони мухолифи давлат талаб кардаанд, дар робита ба норасоии пиёз дар бозор таҳқиқот сурат бигирад ва содироти пиёз аз Ҳиндустон муттавақиф шавад. Аммо вазири кишоварзии Ҳиндустон Шард Повар гуфтааст, содирот манъ нахоҳад шуд, агарчӣ ин корро ҳукумат дар гузашта карда буд.

Ӯ ҳамчунин ба рӯзномаи "Press Тrust of India" гуфтааст, воридоти пиёз ба Ҳиндро иҷоза нахоҳанд, чаро ки воридоти пиёз аз хориҷ аз ҷиҳати иқтисодӣ муфид нахоҳад буд. Шард Повар изҳори умедворӣ кардааст, ки норасоии пиёз дар бозор шояд то ду ҳафтаи дигар, идома мекунад, зеро дар ин муддат ҳосили пиёзи манотиқи аз обхезиҳо осеб надидаи Ҳинд вориди бозор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG