Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ТадАЗ ва Роғун


«Азия - Плюс» дар матлабе ба таҳлили мавзӯъи партовҳои корхонаи алюминиюми ТадАЗ пардохтааст. Муаллифи он, Салим Маҳкамбоев, собиқ раҳбари ТадАЗ ва дар ҳоли ҳозир, мушовири раҳбар, эътирозҳои ахири Узбакистонро беасос дониста навиштааст, ин эътирозот ҳанӯз аз соли 1964, аз оғози бунёди корхона шурӯъ шуда буд, ки чаро ин корхона дар Тоҷикистон, на дар Узбакистон сохта мешавад. Ҷаноби Маҳкамбоев навиштааст, таҷҳизоти софкунандаи корхона муосир буда 98 % моддаҳои зараррасонро аз хурӯҷ ба ҳаво бозмедоштааст. Мушовири раҳбари ТадАЗ навиштааст, зарари партобҳои корхонаҳои Узбакистон ба Тоҷикистон даҳҳо маротиб бештар будааст. Ӯ аз омори расмии Узбакистон мисол овардааст, тибқи он 1,7 % партобҳои умумии минтақа ба Тоҷикистон ва 31, 4 % ба Узбакистон рост меомадааст. Пас аз тасмими ширкати РусАл ҷиҳати таҳкими иқтидори ТадАЗ, порлумони Узбакистон як комиссияи вижа ташкил кард, то масъалаи зарари экологии ТадАЗ-ро ба Узбакистон биомӯзад.

Нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон, «Ҷумҳурият», аз ҷаласаи нахустини машваратии мутахассисони иншооти азими дигаре, ки бо маблағгузории РусАл дар Тоҷикистон эҳё мешавад, гузориш чоп кардааст. Дар мизи гирд, мутахассиони ҷониби Тоҷикистон ва ширкати русии РусАЛ масъалаи бунёди сарбанди нерӯгоҳи Роғунро баҳс кардаанд. Тоҷикистон хостааст, сарбанд бо истифода аз хоку шағал, ки дар бунёди ҳамаи нерӯгоҳҳои азими дунё истифода мешавад, сохта бишавад. РусАЛ пешниҳод кардааст, сарбанд аз аркаҳои бетонӣ бунёд гарда два бад-ин васила ҳам вақт ва ҳам маблағ сарфа мешудааст.

«Ҷумҳурият» ҳамчунин аз иҷрои 50 % нақшаи пахта дар кишвар хабар додаст. Ва аммо ин миқдор дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта кам будааст.

«Садои Мардум» аз ҳоли ба тасвири матлаб даҳшатбори боғоти Рашт бонги изтироб задааст. Дар навишта омадааст, беш аз 500 гектари боғоти Рашт ба касалиҳои гуногун ва ҳуҷуми кирмакҳои зараррасон гирифтор шудааст. Нархи як литр заҳрхимикати лозима мавсум ба «Вектра» 100 $ будааст ва ин гаронӣ имкони коркарди боғотро намедодааст. Нашрия хостааст, таваҷҷӯҳи ҳукумати кишварро ба себу нокзорҳои дар ҳоли нобудшавӣ қарордоштаи Рашт ҷалб созад.

«Чархи Гардун» нархи маҳсулоти ниёзи аввалияи мардумро дар Рамазону пеш аз Рамазон муқоиса кардааст. Тибқи ин феҳрас, арзиши кули маводи ғизоия дар як шабонарӯзи пас аз шурӯъи моҳи шарифи Рамазон гарон шудааст. Муаллиф навиштааст, тоҷикистон танҳо кишвари исломӣ дар дунёст, ки дар бозорҳояш арзиши маҳсулот дар Рамазон гарон мешавад ва ҳол он ки дар дигар кишварҳо баръакс нархҳо ҷиҳати дарёфти ризои мардуми соим поин меравад.
XS
SM
MD
LG