Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умеде барои рассомони ҷавони тоҷик


Дар пойтахти Тоҷикистон намоишгоҳи нави рассомии хусусӣ мавсум ба "Моделяни" шурӯъ ба фаъолият кард. Чун дар ҳоли ҳозир вазъи кунунии иттифоқи рассомони ҷумҳурӣ дар шароити ногувор аст, мо қарор додем бо таъсиси чунин як намоишгоҳ, ҳунари рассомони ҷавони тоҷикро муаррифӣ намоем, гуфт сарвари "Моделяни" рассоми тоҷик Мизроб Холов.

Дар намоишгоҳ ҳамагуна мусаввараҳои рассомони ҷавон, мисли наққошӣ ва қалламкорӣ ҷой дода мешаванд ва ҳар як тамошобин имкони харидорӣ намудани расми писандидаашро дорад:
"Талош мекунем пайваста намоишҳоро доир намоем, чун ин як кӯмаке хоҳад буд барои рассомони ҷавон. Дар ҳоли ҳозир бо хоҳиши фарҳангиёни австраягӣ, ки дар Тоҷикистон қарор доранд як намоиши вижаро омода намудем."

Илёс Маҳмадҷонов рассоми ҷавон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир, ки ҳунармандони ҷавон аз ҷониби ҳукумати кишвар анқариб ҳеҷ дастгирие намебинанд, таъсиси намоишгоҳи хусусӣ барои онҳо мисли шӯълае дар торикист, ки барои офаридани асарҳои наву ҷолиб ҳавасманд месозад:

«Барои ҷавонон хеле мушкил аст, чун аз ҷониби давлат нисбати онҳо кам аҳмият дода мешавад. Барои ташкили намоишу сафари хориҷӣ хеле азоб мекашанд. Рӯзи 29 октябр бо як рассоми ҷавони дигар ба Австрия сафар дорем, ки сафари моро ин кишвар ба ӯҳдаи худ гирифтааст. Дар он ҷо мо кор хоҳем кард.»

Ба гуфтаи Илёс, миёни ҷавонони тоҷик рассомони боистеъдод зиёданд, аммо сермушкиливу камхаридории ин навъи ҳунар боиси дилсардии онҳо мегардад: «Мушкилии рассомонро дида, онҳо тиҷорату гумрук, умуман фаъолияти сердаромадро ихтиёр намудаву дар бобати санъат андеша ҳам намекунанд.»

Мусоҳибони ман мегӯянд, рассомони ҷавон бештар ба жанри мусаввара бартарият додаву асарҳои онҳо мавзӯъҳои ишқ, зебоии табиат ва унсурҳои миллиро дар бар мегирад. Аммо Мизроб Холов гуфт, онҳо мехоҳанд, диққати ҷавононро ба жанри дигари санъати рассомӣ ҷалб созанд. Бо ин мақсад дар давоми ҳафта, симпозиуми байналмиллалии рассомон гузаронида мешавад, ки дар он рассомони Австрия, Олмон, Швейтсария ва Қирғизистону Қазоқистон ба рассомони ҷавони тоҷик кор бо графикаи дастгоҳиро меомӯзанд. Граффикаи дастгоҳӣ, асарҳои қаламкориест, ки қиммату аҳмияти хос доранд. Ба гуфтаи Мизроб Холов пас аз пошхӯрии иттиҳоди Шӯравӣ аз ин самти рассомӣ дар Тоҷикистон истифода намекарданд.

Умед Аҳмадов - узви ҷавони Иттиҳоди рассомон мегӯяд, гумон аст, ки онҳо дар солҳои наздик бемушкил тавонанд ин навъ расм бикашанд: «Ман афсӯс аз он мехӯрам, ки барои бо ин графика кор кардан мо асбобҳои заруриро надорем. Аз ин сабаб мо ҷавонон наметавонем, ки ин намуди санъатро дар Тоҷикистон истифода кунем."

Вале Мизроб Холов, итминон бар он дорад, ки новобаста ба ҳеҷ як мушкил дар ояндаи наздик ҳунармандони ҷавони тоҷик бо санъати рассомии худ ҷаҳониёнро тасхир хоҳанд кард ва ширкат дар симпозиумҳхои байналмиллалӣ, гомҳои нахустинест дар ин роҳ.
XS
SM
MD
LG