Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cатҳи фасодкорӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ


Ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар поёни ҷадвали шумо қарор гирифтаанд.

"Бале, вазъи фасодкорӣ дар Осиёи Марказӣ як манзараи нохуш аст. Вазъият дар ин кишварҳо дар тӯли чанд соли ахир ба ҳамин шакл буд. Дар ҷадвали мо, ки инъикоскунандаи назари ҷомеаи бизнеси байналмилалӣ мебошад, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи поён қарор доранд. Ин ҷумҳуриҳо ба сармоягузории хориҷӣ ва ҳамкории соҳибкорони хориҷӣ зарурат доранд. Густариши фасод боиси кам шудани таваҷҷӯҳи сармоягузорони хориҷӣ мешавад. Аз ин сабаб, кишварҳои Осиёи Марказиро зарур аст, ки барои коҳиши фасод талош кунанд, зеро ин масъала барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо муҳим аст."

Дар муқоиса бо солҳои гузашта оё сатҳи фасодкорӣ дар Осиёи Марказӣ имсол кадом тағйире кардааст?

"Дар он ҷо баъзе пешравиҳо, баъзе беҳбудиҳои хеле хурд, вале умедворкунанда мушоҳида мешаванд. Масалан, дар Қазоқистон як беҳбудии хеле хурд ба назар мерасад. Албатта, назари умумӣ чунин аст, ки дар Қазоқистон дигаргуниҳои демократӣ зиёд мушоҳида намешаванд. Вале ба ҳар сурат, ҳукумати ин кишвар кӯшидааст, ки дар муомила бо ҷомеаи соҳибкорони байналмилалӣ аз баъзе аносири ҳокимияти қонун кор бигирад. Дар Қирғизистон низ вазъият ба як андозаи хеле хурд беҳбуд ёфтааст. Дар Қазоқистону Қирғизистон ҳадди аққал вазъият аз будаш бадтар нашудааст. Вале дар Ӯзбакистон фасодкорӣ дар муқоиса бо соли гузашта амиқтар шудааст. Хулоса, вазъи Осиёи Марказӣ чунин аст, ки дар Қазоқистону Қирғизистон ва як андоза дар Тоҷикистон беҳбудиҳо сурат гирифтаанд, вале дар Туркманистону Ӯзбакистон тамоюл ба сӯи бадшавӣ аст."

Лутфан, дар мавриди вазъи фасодкорӣ дар Тоҷикистон як андоза маълумоти бештар диҳед.

"Дар мавриди вазъи Тоҷикистон мо панҷ пажӯҳиш доштем. Аз баҳодиҳие, ки беҳтаринаш 10 балл аст, Тоҷикистон имсол 2.1 бал гирифт. Ин баҳои паст аст. Тоҷикистон яке аз кишварҳои хеле фасодзада ба шумор меравад. Вале ҳадди аққал, як нуктаи хушнудкунанда дар мавриди Тоҷикистон он аст, ки баҳои ин кишвар як андоза беҳтар шудааст. Масалан, соли 2003-ум Тоҷикистон 1.8 бал гирифта буд. Баҳои имсола, тавре гуфтам, 2.1 бал аст. Ман албатта, беҳбуди вазъи Тоҷикистонро муболиға карданӣ нестам. Танҳо мехоҳам, бигӯям, ки ин кишвар як бор ба нуқтаи поёнтарини худ фаромада, ва ҳоло ба самти боло меравад. "

Вақте шумо фасодкорӣ мегӯед, танҳо фасодкории кормандони давлатиро дар назар доред?

"Вақте мо фасодкорӣ мегӯем, мо табъиз шудани эътимоди мардум бо мақсади ба даст овардани манфиати шахсиро дар назар дорем. Ин шарҳи умумии мафҳуми фасодкорӣ аст. Вале ман бояд эътироф кунам, ки пажӯҳишҳои мо, ки назари мутахассисон, ҷомеаи соҳибкорон ва ҳамчунин назари шореҳони дохилӣ мебошад, ба фасодкорӣ дар сектори умумӣ, асосан дар дафтарҳои давлатӣ тамаркуз мекунад."

Созмони шумо дар Аврупо мустақар аст. Шумо ба чӣ шакл вазъи фасодкориро дар тамоми ҷаҳон, дар кишварҳое мисли Тоҷикистон таҳқиқ мекунед?

"Натиҷагирии мо бар пояи пажӯҳишҳои созмонҳои мӯътабари байналмилалӣ ба даст меояд. Имсол мо 16 баррасии 10 ниҳоди муҳимро истифода бурдем, аз қабили Анҷумани Иқтисодии Ҷаҳон ва маҷаллаи "Экономист". Ин ниҳодҳо бевосита дар дохили кишварҳо таҳқиқот пеш мебаранд. Мо бо эҳтиёти том вазъиятро арзёбӣ мекунем. Масалан, барои баррасии вазъи як кишвар мо ҳадди аққал баррасии мустақили се ниҳоди байналмилалиро истифода мебарем. Ва ин ниҳодҳои эътироф шудаи байналмилалӣ мебошанд, ки меъёрҳои баланди ҳирфаӣ доранд."

Оё шумо танҳо вазъиятро баррасӣ мекунед, ки ё ин ки Созмони Байналмилалии Шаффофият ба кишварҳо барои мубориза зидди фасод машварат низ медиҳад?

"Албатта. Таҳияи гузориши солона дар мавриди вазъи фасодкорӣ дар кишварҳо ин камтарин корест, ки Созмони Байналмилалии Шаффофият иҷро мекунад. Мо васоили зиёд ва тавсияномаҳое дорем, ки ба ҳукуматҳо ва ба ҷомеаҳои шаҳвандӣ медиҳем ва онҳо ба мубориза ба зидди фасодкорӣ мусоидат мекунанд."
XS
SM
MD
LG