Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кулл: "Бо маоши мо мошини хориҷӣ харида намешавад!"


Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов зимни як нишасти матбуотӣ дар пойтахти кишвар аз рӯзноманигорон даъват кард, то дар ифшои маълумот пиромуни ҷой доштани ришвату фасод миёни кормандони масъули мақомоти давлатӣ ба додситонӣ кӯмак расонанд. Оқои Бобохонов гуфт, бо музди моҳонаи кормандони вазоратҳо ва ҳатто кормандони додситонии кулл, имкон надорад, мошинҳои хориҷӣ ва манзилҳои чандошёна харидорӣ шавад. Вай мегӯяд, ахиран 12 корманди масъули вазорати умури дохилӣ бо ҷурми ришваситонӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шудаанд. Аммо ҳанӯз миёни масъулини вазоратҳои интизомӣ қонуншиканиҳо ҷой дорад, ки ба гуфтаи додситони кулл, бояд расонаҳо дар ифшои ин ҳолатҳо мусоидат намояд:

«Мо мӯҳтоҷи ҳамкорӣ ҳастем. Қонуни нав «Дар бораи коррупсия» мазмуни онро дорад, ки ҳар яки шумо ҳақ доред бо мо ҳамкорӣ кунед. Агар аз шумо, аз шаҳрвандон мо маълумот нагирем, муроҷиатҳо, арзу шикоятҳо нашавад, мо ҳам ду даст пеши бар мешинем бекор. Ҳамин хел арзу шикоят, ки ё коркуни прокуратура, ё коркуни милиса ё дигар вазиру соҳибмақом аз кадом маблағ хонаҳои 2-3-ошёнагӣ сохтааст, дар мо нест. Аз ин рӯ, биёед маслиҳат мана ҳамин: агар гап дар бораи кадом сохтмоне, хонае равад, ки вайро ягон чиновник ё корманди органҳо ба маблағҳои ғайриқонунӣ сохтааст, равад, маълум кунед, ба мо асос шавад, мо месанҷем онро.»

Оқои Бобохонов мегӯяд, агар рӯзноманигорон маълумоти мушаххас дар мавриди ришвахорӣ ва манбаъҳои ғайриқонунии даромади мансабдорони баландпояи кишвар дошта бошанд, метавонанд ба додситонии кулл муроҷиат намоянд. Вай гуфт, аснои санҷиши далелҳои пешниҳодшуда номи хабарнигор ифшо нахоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, Хилватшоҳи Маҳмуд, масъули бахши хабарии «Русское Радио-Ориёно» мегӯяд, гумон аст, ки рӯзноманигорон аз даъвати додситони кулл пазироӣ кунанд, зеро барои онҳо кафолати амният ҳангоми ифшои маълумот дода намешавад:

«Асолати рӯзноманигор он нест, ки ифшо кунад, коррупсионерҳо ва умуман ҷиноятҳоро дар ҷомеа, онҳо камбудиҳои ҷомеаро фош кунанд. Аммо расонаҳои хабарӣ ягон агентии тобеи додситонӣ нестанд. Чизи дигар ин аст, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз қонуне қабул нашудааст, ки шоҳидон ва он нафаронеро, ки маълумотро ба мақомот пешкаш мекунанд, ҳимоя кунад. Имрӯз рӯзноманигоре, ки мансабдореро, ки даст ба ҷиноят задааст, ё кӯшки бошукӯҳеро барои худаш бунёд кардааст, манбаъҳои даромади вайро нишон диҳад, фикр намекунам, ки фардо ӯро ором гузоранд.»
XS
SM
MD
LG