Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ян Кубиш: Аврупо хостори фазои бози ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст


. Ян Кубиш-намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи марказӣ ахиран дар Порис бо Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқоте баргузор кард. Ӯ дар ҳафтаҳои пеш мулоқотҳои мушобеҳе бо руасои ҷумҳури Қирғизистон, Туркманистон ва Узбакистон дошт. Дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Маъсумаи Турфа-мудири бахши тоҷикии Родиёи Озодӣ Ян Кубиш нукоти муҳими ин мулоқотҳоро баршумурд. Нахустин суол дар бораи ҷузъиёти гуфтугуҳои ӯ бо президент Раҳмонов буд.

-Ба бовари ман, ин мулоқоти бисёр хубе буд ва дар воқеъ дуввумин мулоқоти мо дар ҳафтаҳои гузашта аст. Албатта, мо дар мавриди масоиле сӯҳбат кардем, ки барои Иттиҳодияи Аврупо муҳим аст ва ҳамкории мо бо Тоҷикистон дар ин заминаҳо зарурист. Ман дар ин сӯҳбат таъйид кардам, ки Иттиҳодияи Аврупо омодаи густариши равобит бо Тоҷикистон аст. Ман машғули баррасии ҷанбаҳои он ҳастам. Аммо бояд дар ин бора посухи Тоҷикистонро бидонем, ки оё ҳамроҳи қобили эътимоде дорем ё на, ба хусус дар заминаи демокросӣ ва ислоҳоти демократик ва иқтисодӣ.
-Ҳангоми сӯҳбат дар бораи демократия дар мавриди масоиле монанди ҳукми 23 соли зиндон барои Муҳаммадрӯзӣ Искандаров-раҳбари Ҳизби Демократи Тоҷикистон тавонистед сӯҳбат кунед?

-Мо дар ин бора сӯҳбатҳои умумӣ доштем. Аммо ман хушҳол будам, ки ҷаноби раиси ҷумҳур дар мавриди ҷузъиёти ин парванда тавзеҳоте чанд барои ман дод, ки ман онҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳам.

-Шумо гуфтед, ки интизороте аз Тоҷикистон доред. Ин интизорот кадоманд?

-Мо хосторе чунон фазое дар кишвар ҳастем, ки метавон дар он ҳамкорӣ ва мушорикати иқтисодии бештар ба вуҷуд овард, яъне фазои дӯстона бо давлатдории муносиб. Мо дар Иттиҳодияи Аврупо, ба хусус дар ин заминаҳо ва дар умури ислоҳоти иқтисодӣ таваҷҷуҳи хосе ба Тоҷикистон дорем. Аммо демократӣ кардани кишвар аз авомили муҳим барои Иттиҳодияи Аврупост. Амният ва субот дар минтақа барои мо муштаракан аҳамият дорад. Ҳамчунин таҳаввулоти Афғонистон ва дигар ҳамсоягони Тоҷикистон, ки субот дар он ҷойҳо барои Тоҷикистон муҳим аст.

-Иттиҳодияи Аврупо ахиран таҳримҳои сангинеро алайҳи Узбакистон мавриди баррасӣ қарор дод. Шумо дар пешниҳодҳои ахири худ ба Иттиҳодияи Аврупо чӣ нукотеро матраҳ кардед?

-Иттиҳоди Аврупо мехост, ки таҳримҳоеро алайҳи Узбакистон эълон кунад, аз ҷумла таҳримҳои судури аслиҳаро. Ин иқдом пешниҳоди ман набуд. Ин тасмими кишварҳои узви Иттиоҳодияи Аврупо аст. Гузориши ман ба онҳо ин буд, ки мо бояд аз Узбакистон бихоҳем дар мавриди ҷузъиёти ҳаводиси Андиҷон тавзеҳ бидиҳад. Аммо мутаассифона, Узбакистон ба ин хости мо ҷавоби мусбат надод ва дар натиҷа Иттиҳодияи Аврупо тасмими марбут ба таҳримҳоро эълом кард.

-Аз Туркманистон хабар расид, ки шумо гуфтаед, раиси ҷумҳур Сафармурод Ниёзов ҳозир шудааст дар мавриди низоми чандҳизбӣ сӯҳбат кунад. Мумкин аст дар ин бора тавзеҳ бидиҳед?

-Бале, боз ҳам бояд бигӯям, ки ин сӯҳбат бо ҷаноби президент бисёр ҷолиб буд. Ва хушҳолам, ки дар мулоқотамон масоили умумиеро, ки мавриди назари Иттиҳодияи Аврупост, ба баҳс гузоштем. Мо дар бораи амнияти минтақавӣ ва истифода аз манобеъи энержӣ, сармоягузорӣ дар Туркманистон ва беҳбуди равобити иқтисодӣ сӯҳбат кардем. Албатта, дар Иттиҳодияи Аврупо мо ҳамеша мавзӯъи бунёди ҷомеъаи шаҳрвандиро низ таъкид мекунем. Ва тавонистем бо ҷаноби президент аз мушкилоте дар ин замина сӯҳбат кунем. Ман хушҳолам, ки раиси ҷумҳур ҳозир буд дар ин маврид гуфтугӯ кунад. Алатта, ин оғози сӯҳбати мост ва умедворем дар оянда битавонем бештар дар мавриди низоми чандҳизбӣ, озодии баён ва фазои бозтари сиёсӣ ба сӯҳбатҳояон идома бидиҳем.
XS
SM
MD
LG