Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин сулолаи шонатарош дар кишвар


Ва аммо шонаҳое, ки шуарои мо месутуданд, аз шонаҳои ҷадиди плостик тафриқаи назаррасе доштаанд. Шона дар ҳунари ороишии тоҷикони аҳди қадим мавқеъи хос доштааст ва ин ҳунар реша ба қаъри асрҳои то мелодӣ дорад. Шона барои абрӯвон, барои риш, барои зулф, барои мӯйи дарозу кӯтаҳ, мӯйлабу турраву кокулони фаттону зангӯладор ва дигару дигар вуҷуд доштаанд, ки мирӯз ҳамаи онҳо ба шонаи плостик иваз шудаанд. Дар ин зимн шона ва ҳунари шоннатарошӣ низ дӯкону бозорҳоро барои якумр тарк мегӯяд. Ва аммо то ҳанӯз ангуштшумор хонаводаҳое ҳастанд, ки ин ҳунари нодирро ҳифз кардаанд ва аз ҳисоби ин касб маъоши рӯзгор мегиранд.

Ва маъруфтарин табори шонатарош- хонаводаи Усто Гаффури Истаравшанист, ки мунодии ин касб сулолаи охири ин зот - Усто Икромҷон боқӣ мондааст. Ва аммо то сари сӯҳбат кашидани устои гулдаст, мо тасмим гирифтем, бо шогирдони ин мактаби нодир ошно гардем. Икромҷон Ғафуров тибқи ин ривоят, ки устоди бе шогирд батар аз бе намоз аст, се шогирдро тарбия дорад. Вижагии мактаби шонатарошӣ ин аст, ки шогирд боистӣ шомили хонадони устод шавад, аз як хон бо ӯ нон хӯрад ва шабу рӯз касб омӯзад. Содиқ Зарипов соли 5 аст, ки камари тадрис ба ин мактаб бастааст ва аммо мегӯяд, тӯли 5-10 сол комилан аз бар кардани ин ҳунар номумкин аст. Чаро? Илҳомҷон Ғафуров шогирди дигари ин мактаб мегӯяд, зеро ин ҳунар хеле заҳматталаб будааст. Ба унвони мисол, барои сохтани як шонаи кӯчак аз 22 амал кор мегиранд:

«Аввал дарахтро меғалтонем, баъд мебурем, хушк мекунем, дар офтоб мемонем, баъд онро қалам мекунем, хомтарош мекунем, баъди пухтатарош сарбур мекунем, равған мекунем, мебуррем, дурушту маҳин мебуррем, баъд нӯк мебарорем, баъд аз нӯк пардоз мекунем, кандакорӣ мекунем, гул мепартоем, равған мекунем баъд тайёр мешавад»

Шонаи чӯбин, ки аз дарахти чанор, себ, анор, нок ва шамшод месозанд, аз шонаи плостик тафриқаи ҷиддӣ дорад:

«Фарқияташ бисёр калон: аввал ин ки бисёр хизмат мекунад. Барои мисол модаркалони маназ даврони арӯсӣ як шона аз домод ёдгор дорад, ки беш аз 60 сол то ҳанӯз бо ҳамонсар шона мекунад,баъдан ин шонаи чӯбин рӯҳи одамро ором мекунад.Барои кӯдакон бисёр хуб аст ки ҳар фишору барқи сарро хунсо мекунадва аз ҷиҳати экологӣ тоза аст.Баъд ягон химикат надорад, танҳо равқани махсуси набоботот рӯи он мекашем.Дар об вайрон намешавад»

Устоди устоҳои шонатароши Истаравшани бостонӣ, Икромҷон Ғаффуров, ки ба ҳунари ӯ дар Аврпуову Осиё каф куфтаву ангушти таҳаййур газидаанд, меафзояд: «ИН шона бисёр фарқият дорад: дар нахуст ин шона сарро маҳс мекашад,дуюм сабӯсакро мерезонад. Шона аслан рамз аст-рамзи дӯстиву бародарӣ. Пеш агар дастурхон рост мекарданд, албатта ба дастурхон шона мегузоштанд ва ба меҳмон бо ин мефаҳмонданд, ки мо бо ту дӯстем! Зери болини кӯдаки навзод ҳатман шона мегузоштанд, ки соҳиби дӯстони зиёд гардад»

Усто Икромҷон мегӯяд, то нимаи асри 20 дар Истаравшан гузарҳои шонатарошон будаанд, ки мутаассуф аз байн рафтанд.Ба иттилоъи усто Икромҷон анвоъи шонаи мардумӣ, ки ҳам аз ҷиҳати экологӣ поканд ва ҳам ба саломатӣ муфид, хеле гуногунанд:« Шонаҳои яктарафа, дутарафа, барои занҳо, барои духтарони хурдсол, барои навболиғон, барои арӯсон, барои мардон, барои ҷавонон, барои риш, мӯйлаб , барои қош ва ҳатто барои шона кардани каҷаки зулфи арӯсон месозем»

Маҳсули дасти табори шонатароши шояд охирони тоҷик хушбахтона то ҳанӯз муштарӣ дорад: «Қиммати шонаҳои мо аз 1 сомон то беохир аст! Мо шонаҳои фармоишӣ ҳам месозем, ки хеле гаронанд»

Ва аммо шонаҳои пастсифати плостики чиноӣ, ки қиммати арзон доранд, замони ахир мавқеъи шонаҳои мардумиро, ки саду ҳазорсолаҳоро тай карда, то ба даврони мо расидаанд, танг ва доираи фаъолияти косибони ин ҳунари нотакрорро маҳдуд мекунанд.
XS
SM
MD
LG