Дар ҳоле, ки маҳофили журналистӣ аз озодии Ҷумъабой Толибов рузноманигори тоҷик истиқбол карда ва онро як навъе тамоюл дар ҷиҳати эҳтироми қонун арзёбӣ кардараанд, сиёсатмадорон мегӯянд, раҳоии Толибов як қадами сиёсии мақомот дар остонаи сафари Кондолиза Райс - вазири умури хориҷаи Амрико ба Тоҷикистон аст.
Шокирҷон Ҳакимов - муовини раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон мегӯяд, давлат наметавонист, дар як вақт ҳам Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократро маҳкум кунад ва ҳам шикояти Толибовро қонеъ насозад. Он ҳам дар дар ҳоле, ки хонуми Райс ҳадафи сафарашро ҷонибдорӣ аз ҳаракатҳои демократӣ эълон кардааст.
Аммо дар ҳамин ҳол Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон зимни баёнияе бо изҳори хушҳолӣ аз раҳоии Ҷумъабой Толибов ин иқдомро хушбинона ва як гуна тамоюле ҷиҳати иҷрои қонун арзёбӣ кардааст.
Ба гуфтаи оқои Қаршибоев, ин иқдом метавонад, журналистонро хушбин кунад, ки истиқлоли амали додгоҳҳо ҳадди аққал вуҷуд дорад ва ин як нав руй овардан ба эҳтироми қонун ва ҳаққи шаҳрвандон аст. Аммо раҳоии Тлибов дар воқеъ чӣ таъсире аз нигоҳи равонӣ болои журналистон метавонад дошта бошад. Дар ҳоле, ки тайи як соли охир матбуот ва дар маҷмӯъ журналистон таҳти фишори равонӣ қарор доштаанд. Баста шудани чор рӯзнома, муҳокимаи нашрияҳо ва маҳкумияте се рӯзноманигор рӯиҳамрафта як фишори сахти равонӣ ва зарбаи сахте ба пайкари журнализм буд.
Аммо табраа шудани Толибов оё журналистонро ба идомаи фаъолият ва риояи қонун дар нисбати онҳо мутмаинтар мекунад. Раҷаби Мирзо сардабири нашрияи «Рӯзи Нав», ки як сол боз аз нашри он ҷилавгирӣ шудааст: "Ин вобаста аз он аст, ки худи Ҷумъабой Толибов аз ин пас чӣ гуна мавқеъро ишғол мекунад, яъне ӯ воқеан ҳам нишон медиҳад, ки шахси ҷабрдидаи бегуноҳ дар маҳбас нишастааст. Бо ин ҳукумат ва бо ин гуна система муросо мекунад ва ё баръакс муборизаи худро тезутунд мекунад ва барои ҷомеа имконе фароҳам меорад, ки хулоса карда тавонад."
Оқои Мирзо низ ба ин назар аст, ки озодсозии Толибов бештар ранги сиёсӣ дорад. Ва ин тасмими мақомот ба дидори хонум Райс аз минтақа бастагие дорад. Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода - раиси дастгоҳи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегӯяд, лағв шудани ҳукми додгоҳи Суғд аз ҷониби Додгоҳи Олӣ умедворкунанда аст ва тоҷое ба ояндаи мустақили додгоҳҳо умед мебахшад.

Соли 2019....Ивазкунии шиноснома...Гаронии интернет...Бакайдгирии симкорт...Баландшавии нархи гашт... Киматшавии орд... Билохира нагирифтани маблаги бо азобу машакат коркардашуда дар гариба ва равон карда шуда ба ватан чи азобхо... Чуноне барои киматшавии интернет дастачамона шикоят намудем барои орду гушт бояд шикоят намуд.....
Sababho: 1) davlati islomi, 2) duri as Islom.
Чаро ин масъаларо 10 рӯз пеш нагуфтед то мардум пулҳояшонро намефиристоданд ин чигуна тасмим аст.... Дараки пули мардумро йобед пойятонро аз курпаатон дароз накунед оқибаташ хуб нест
Мухтарам Шавкат Мирамонович мо мардуми точик Шуморо дуст медорем. ЗИНДА БОД ДУСТИИ ТОЧИКИСТОНУ УЗБЕКИСТОН.ЗИНДА БОШАНД ЭМОМАЛИ РАХМОН ВА ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ. УСПЕХА ВАМ ПРЕЗИДЕНТЫ
бехтарин намоишнома буд.имруз гайриихтиёр бо дустам ба театри чавонон рафтем. аввалхо намехостам ба театр биравам вале баъди тамошои ин намоишнома хавсманд гаштам ва холо мехохам хар як намоиши театриро тамошо кунам. ТАРМА БЕХТАРИНУ ЧОЛИБ