Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои умедворкунандаи мусобиқоти Бишкек


Дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҳашт медал ба даст овард. Бино ба иттилоъи Ғайрат Неъматов, мураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Алишер Эшбеков дар ҳаво додани гулӯла бо натиҷаи 14 метру 70 сантиметр соҳиби медали тиллои мусобиқа шуд. Вай ҳамчунин дар гурзандозӣ бо натиҷаи 49 метру 57 сантиметр бо медали нуқра сарфароз гардид.

Олга Герасимова дар давидан ба масофаи 400 метр бо натиҷаи 58,68 сония байни занон мақоми аввалро касб намуда, бо медали тилло қадрдонӣ шуд. Сироҷ Низомов дар давидан ба масофаи 800 метр бо натиҷаи 2 дақиқаю 11,06 сония ва дар давидан ба масофаи 1500 метр бо натиҷаи 4 дақиқаю 33,09 сония муваффақ ба дарёфти ду медали нуқра гашт.

Шаҳноза Зиёева дар давидан ба масофаи 800 метр бо натиҷаи 2 дақиқаю 29,62 сония байни занон мақоми дуввумро ишғол кард ва соҳиби медали нуқра гардид. Надежда Риоева масофаи 1500 метрро дар муддати 4 дақиқаю 59,19 сония тай намуда, байни занон дуввум шуд ва медали нуқра гирифт. Дилафрӯз Додобоева дар ҷаҳидан ба дарозӣ бо натиҷаи 5 метру 10 сантиметр миёни бонувон мақоми севвумро касб намуд ва соҳиби медали биринҷӣ гашт.

Ва як хабар барои мухлисони футбол. Дар як конфронси ҳисоботию интихоботии федератсияи футболи шаҳри Душанбе, ки рӯзи чоршанбеи 12 октябр дар пойтахти Тоҷикистон доир гашт, Мадвалӣ Исоев, сардори раёсати кадрҳои Додситонии Кулли Тоҷикистон раиси ин федератсия интихоб шуд. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди баъзе пешравиҳо футбол дар пойтахти ин кишвар ҳанӯз дар сатҳи поин қарор дорад ва ба хотири рушди футболи тоҷик таҳияи як барномаи стратегии давлатӣ зарур аст.
XS
SM
MD
LG