Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ориёно» - дар садри ҷадвал


Дастаи «Ориёно»-и Душанбе дар варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон бар тими «Меҳнат»-и Колхозобод бо натиҷаи 6 бар 0 ғалаба кард. Тими «Гвардия»-и Душанбе низ дар майдони худ дастаи «Ваҳдат»-и ноҳияи Ваҳдатро бо натиҷаи 2 бар 1 шикаст дод.
Дастаи «Фархор»-и Фархор дар меҳмонӣ тими «Ҳулбук»-и Восеъро бо натиҷаи 1 бар 0 мағлуб сохт. Ба ин тартиб дастаи «Ориёно», ки дар 12 бозӣ 28 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст.

Носир Ҳамидов, сармураббии «Ориёно» ба Радиои Озодӣ гуфт, дастааш имконоти хуб дорад, ки дар мусобиқоти лигаи аввал пирӯз шавад. Вай афзуд, дар ду бозии охирин - 14 октябр дар майдони худ бо «Гвардия» ва 18 октябр дар меҳмонӣ бо «Фархор» танҳо баҳри ғалаба кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа, ки нисбати рақиби аслиаш «Ориёно» як бозӣ камтар кардааст, бо 25 имтиёз мақоми дуввумро ишғол мекунад. Ин даста низ барои дарёфти мақоми аввал шонси хуб дорад. Дастаи «Фархор» , ки дар даҳ дидори худ 19 имтиёз ба даст овардааст, дар зинаи сеюм ҷойгир аст.

Фозил Сатторов, ҳамлагари «Тоҷиктелеком», ки ба дарвозаи ҳарифони худ 14 гол задааст, дар рақобатҳои беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот дар ҷойи аввал мебошад. Самад Шоҳзуҳуров аз дастаи «Ориёно» бо 12 голи задааш дар ҷойи дуввум қарор гирифтааст.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТ
ТО 12 ОКТЯБР

Бозӣ Хол
1. «Ориёно» 12 28
2. «Тоҷиктелеком» 11 25
3. «Фархор» 10 19
4. «Динамо» 10 17
5. «Ваҳдат» 11 16
6. «Меҳнат» 11 10
7. «Гвардия» 11 7
8. «Ҳулбук» 10 3

Ва як хабари дигар ин аст, ки CSKА-и Душанбе - тими лигаи олӣ дар охирин бозии даври чордаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар дастаи «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 4 бар 1 пирӯз шуд. Ва аммо натиҷаи ин дидор ба мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот тағйирот ворид накард. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 37 имтиёз мақоми аввал, «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 32 имтиёз мақоми дуввум, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо 24 имтиёз мақоми севвумро ишғол мекунанд. «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо 21 имтиёз дар зинаи чаҳорум ва CSKA бо 19 имтиёз дар зинаи панҷум қарор доранд.
XS
SM
MD
LG