Новобаста аз он ки ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байнламиллалӣ дар самти беҳгардондани вазъи беҳдошти ҷавонон тадобири мухталиф меандешанд, аммо ба гуфтаи аксарият, боз ҳам саломатии ҷавонони тоҷик нигаронкунанда боқӣ мемонад. Ин омил боиси эҷоди барномаи давлатие гардид, ки ба ҳифзи беҳдошти ҷавонон нигаронида шудааст.
Қиёмиддин Миралиев - раҳбари маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонони кумитаи кор бо ҷавонон гуфт, ҳанӯз дар соли 2003 барои таҳияи ин барнома гурӯҳи корӣ иборат аз мутахасисини вазорати беҳдошт, маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ таъсис дода шуд ва барномаи давлатиро барои солҳои 2006 2010 тарҳрезӣ кард, ки барои тасдиқ ба ҳукумати кишвар пешниҳод мегардад.
Ҳадафи аслии он паст кардани хатари гирифтории ҷавонон ба бемориҳои ҷинсӣ бахусус HIV (вируси маснӯияти баданд) ва нашъамандӣ аст. Вазифаҳои барномаи мазкурро Қиёмиддин Миралиев шарҳ медиҳад:
«Ин стратегияе аст, ки рафтору кирдори ҷавононро нисбат ба саломатии худ, бурдани тарзи ҳаёти солим инкишоф медиҳад. Аз ҷумла рушди хадамоти хизматрасонӣ дар соҳаи саломатӣ дар системаи маориф. Мутаасифона ин имрӯз дар қисми зиёди таълимгоҳҳо мавҷуд нест. Вазифаи дигар ин рушди боз ҳамин гуна хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустӣ.»
Солҳои қаблӣ мегӯяд Қиёмиддин Миралиев, анқариб дар кулли муассисаҳои таълимӣ бунгоҳҳои тиббӣ мавҷуд буд, ки ҳар як донишҷӯву хонанда дар сурати беморӣ бемамоният метавонист аз табобат ва машварати табибон истифода кунад.
Тибқи иттилои ахири Маркази ҷилавгирӣ аз маризии СПИД аз 385 нафар мубталоёни бемории HIV 117 нафарашро ҷавонони аз синни 15 то 29-сола ташкил медиҳанд. Тибқи як таҳқиқоти иттиҳодияи «Факт Активности» сабабҳои асосии афзоиши ин беморӣ дар миёни ҷавонон танфурӯшӣ, муҳоҷирати корӣ ва алоқаи нодурусти ҷинсӣ мебошад. Оид ба бемории нашъамандӣ бошад, омори расмӣ ҳамоно муътодонро зиёда аз 7000 нишон медиҳад, аммо тибқи иттиллоъи ғайрирасмӣ, ин теъдод 10 маротиб зиёдтар аст. Дар ҳамин ҳол, оқои Миралиев сабаби рушди ин тамоюлро дар камамаълумотӣ ва дастрасӣ надоштан ба табобати саривақтӣ медонад:
«Мо имрӯз ҳуҷраҳои беҳдошти наврасон дорем. Чунин ҳуҷраҳо дар марказҳои солимии репродуктивӣ низ амал мекунад, вале мутаасиффона таҳқиқотҳо нишон додаанд, ки на ҳама наврасону ҷавонон ба ин ҳуҷраҳо муроҷиат мекунанд. Мувофиқи барнома дар заминаи ин ҳуҷраҳои наврасон, хадамоте таъсис медиҳем, ки дар он ҷо на танҳо хизмати тиббӣ, балки машваратҳои ройгон низ дода мешавад.»
Барномаи мазкур куллан аз 6 соҳаҳои афзалиятнок аз қабили сиёсати барномаи давлатии саломатии ҷавонон, омӯзиши малакаҳои ҳаётӣ дар самти беҳдоштӣ, мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи гурӯҳҳои ҷавонони осебпазир, ширкати ҷавонон дар қабули қонунгузории марбут ба беҳгардонии саломатии ҷавонон ва рушди стратегияи коммуникатсиониву гузаронидани мониторинг иборат аст. Ба гуфтаи Қиёмиддин Миралиев, дар Осиёи Марказӣ ин нахустин барномае хоҳад буд, ки комилан ба ҳифзи беҳдоштии ҷавонон равона шудааст.