Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмонов


Беш аз 80 % - и пурсидашудаҳои як назарсанҷии интернетии «Азия - Плюс» дар рӯзи зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмонов, президенти Тоҷикистон ба ӯ таманно кардаанд, то атрофиёни худро иваз намояд ва маддоҳӣ ба номашро манъ кунад. Нашрия дар ин матлаби худ навиштааст, норизоияти мардум аз атрофиёни президент дер ё зуд метавонад ба сӯи худи ӯ нигаронида шавад. Ба ақидаи муаллиф, дар ҳоли ҳозир, мардум танҳо аз ҳамсафони президент норозӣ ҳастанд, ки исми президентро ба худ сипар карда бо маоши панҷоҳ доллара қасрҳои ним миллион доллара бунёд мекунанд. Дар мавриди маддоҳон нашрия навиштааст, агар нафаре бо ҳадафи худро ширин кардан аз президент бут метарошад, нафари дигаре шояд бо ин роҳ миёни мардум вокуниши акс мехоҳад ба бор оварад.

«Вечерний Душанбе» аз вокуниши ҷомеашиносон ба рафторҳои бади нерӯҳои интизомии Русия нисбат ба мардикорони тоҷик навиштааст. Нашрия мисоли зиндае овардааст, ки ду пулис ба кисаи як шаҳрванди Тоҷикистон ҳероин андохта баъдан талаби даҳ ҳазор доллар ришва кардаанд. Додгоҳҳои Русия оид ба парвандаҳои марбут ба мухаддирот ба нудрат ҳукми сафед мебаровардааст. Нашрия суханони як масъули вазорати дохиларо меорад, ки ӯ мегӯяд, муҳоҷирон ҳар сол маблағи се - чор маротиба бештар аз бӯҷаи Тоҷикистонро вориди кишвар месозанд ва ҳуқуқ ва ҷони ин манбаъи муҳими даромад бояд ҳимоя шавад.

Як матлаби «Миллат» сатҳи тарғиби сиёсати давлатро тариқи расонаҳои давлатӣ зери тозиёнаи танқид гирифтааст. Мисол оварда шудааст, ки вақте гузоришҳои якранг аз сафарҳои президент пахш мегардаду ҳамаи шабакаҳои дигар қатъ шуда танҳо ТВТ-ро мемонанд, тамошобин ё оинаи нилгунро хомӯш мекунад ё ба тамошои видео рӯ меорад.

«Миллат» дар матлаби дигаре 484 зани маҳбус дар зиндони занонаи Норакро шумурдааст. Бештари занони маҳкумшуда барои даллагӣ, фоҳишагӣ ва қочоқи мухаддирот паси панҷара кашида шуда будаанд.

Ягона нашрияи варзишии Тоҷикистон, «Варзиш-Спорт» аз конфронси матбуотии Сӯҳроб Қосимов, раиси Федератсияи Футболи Тоҷикистон гузорише ба табъ расонидааст. Сӯҳроб Қосимов заъфи ҷисмонии футболбозон ва набуди маблағро аз мушкилоти умдаи футболи тоҷик унвон кардааст. Раиси ФФТ гуфтааст, имрӯз бархе дастаҳо ҳатто қудрат надоранд, ки ба Хуҷанд парвоз намоянд.
XS
SM
MD
LG