Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафаси баробар ба сол


Як сол пеш дар шоми рӯзи панҷуми октябри соли 2004-ум аввалин бор барномаи Ҳамнафас дар радиои Озодӣ садо дод.
Дар ин як сол дар 52 барнома даҳҳо мавзӯъи гуногун мавриди сӯҳбат қарор гирифт, садҳо порча садо нашр гардид. Вале аз ҳама муҳимаш, ҳузури шумо, ҳамнафасони арҷманд, чи ба воситаи нашри садои шумо ва чи бо нашри номаҳои электрониатон дар радиои Озодӣ ба маротиб густариш ёфт.

Пеш аз он ки ин барнома садо диҳад, ҷаласаҳои тӯлонии кормандони бахши тоҷикии радиои Озодӣ бо сарварии мудири бахш, Маъсумаи Турфа, ҷараён доштанд, дар ҷустуҷӯи симои хоси як барномаи нав, шеваи кор, доираи мавзӯъҳо, номи барнома, иҷрокунандагон ва ғайра. Ҳоло дигар мешавад, рости гапро гуфт, ки дар қатори бисёр номҳои хубу зебо, монанди "Заррабин" ва ё "Аржанг", банда, аз чи бошад ба номи "Ҳавои тоза" ошиқ шудам ва хеле мехостам, ин номро гузорем. Як тарона ба ёд мерасид, ки дар он хонда мешуд: Зиндагӣ -- пур шудан аз ҳавои тоза. Ва воқеан агар ҳар лаҳза ҳавои тоза нагирем, зиста наметавонем. Бе об, бе ғизо мешавад чандин рӯз зист. Ва ё ана дар моҳи мағфират, бе ин чизҳо рӯзи дароз тоқат мекунем. Аммо тасаввур кунед, ки нафас кашидан манъ бошад.
Номи "Ҳавои тоза" ба ҳамкорон зиёд писанд наомад ва тасмим гирифтем, боз фикр кунем. Ва ҳамон шаб пирмарди нуроние дар хоби ман омад, табассум кард ва гуфт, номи барномаро "Ҳамнафас" гузоред. Ин ҷо на танҳо ишора ба ҳавои тоза ҳаст, балки ишора ба зиндагист.

Ҳамин тавр ба барномаи нав Ҳамнафас ном гузоштем. Бархе аз мухолифатҳои камубешро ин далели ман аз байн бурд, ки гуфтам, дӯстон, ман ин номро дар хобам дидам ва шояд ин ҷо ягон мӯъҷизае ҳаст. Сипас, сабки барномаи ояндаро ба таҳқиқ гирифтем ва хулоса кардем, ки бояд ана ҳамин гуна сӯҳбати озод, ошкоро ва дӯстона бошад. Зеро ҳамнафас маънии наздик буданро ҳам дорад. Он қадар наздик, ки аз як ҳаво нафас мегирем. Чи хел мешавад дар ин ҳолат сабки хушку расмиро интихоб кард. Ин сабк ҳатто дар мусоҳибаҳои мо ҳам шунида мешавад, бигзор ҳатто дар мушкилтарин мавзӯъҳо. Ҳангоме ки ҳамкорони ҳамнафас бо мардум сӯҳбат мекунанд, вазифа ин аст, ки аввал ба беҳтарин дараҷаи самимият бирасанд, ҳамсӯҳбати худро ба як шахси наздик ва дӯсти худ табдил диҳанд ва он гоҳ сухани ӯро шунаванд. Ва бояд ба ҳар нозу нузи ҳамнафаси худ сабр пеша намоянд.

Дар солгарди таъсиси барномаи Ҳамнафас, ҳамкорам дар Душанбе, Ҳумоюни Шаҳриёр аз гузоршгари асосии Ҳамнафас дар Душанбе, Раҳматкарими Давлат пурсид, оё кор дар барномаи Ҳамнафас чигуна аст? Вай гуфт, "...Ээээ, ин қадар сахт аст. Пайдо кардани одамони зарурӣ ва сӯҳбат бо онҳо бисёр сахт аст. Вақте гузоришро омода мекунаму ба Прага мефиристам, ҳамииииииин хел сабук мешавам, ки гӯё нав таваллуд шуда бошам, аммо ин хурсандӣ ҳамагӣ чанд рӯз давом мекунад, то шурӯи кор барои барномаи навбатӣ."
Бале, бале, аммо мушкил шояд ҷои дигар аст, ки дар гузоришҳои мо ва порчаҳои садои мардум бояд бархӯрди мавқеъ, андеша ва ақидаҳо ба амал ояд. Бояд ҳар шахс озодона фикри худро баён кунад ва дар муқобили фикри шахси дигар далел бигузорад.
Ҳамкори дигари мо Абдураҳими Умарзод, ҳанӯз донишҷӯ аст ва шартномаи мо бо ӯ ин аст, ки дар вақтҳои холӣ аз таҳсил ба барнома кӯмак кунад. Аммо вай мегӯяд, бо барнома саргарм шуда, дарсро аз ёд мебарад. Умедворем, устодони Абдураҳим дар бахши журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бархе аз гузоришҳои хуби ӯро ба сифати баҳо қабул кунанд.
Аммо мудири дафтари радиои Озодӣ дар Душанбе Мирзонабии Холиқзод мегӯяд: Баъд аз нашр шудани барномаи "Ҳамнафас" ба ӯ занг зада изҳори сипос мекунанд ва барномаро муваффақ меноманд. Барои ҳамин боре Мирзонабӣ маҷбур шудааст, аз ҳисоби худаш навор харидорӣ кунад, то бачаҳои ҳамнафас вазифаи худро иҷро карда тавонанд.

Бисёре аз шунавандагони мо, ки бо гӯши, ба истилоҳ танқидӣ, барномаро мешунаванд, ҳузури мардумро дар он аз муҳимтарин дастовардҳо медонанд.
Шахсан барои ман ҳам ингуна аст ва ҳатто бештар аз ин аст, зеро вақте ки ин порчаҳоро мешунавам, фикр мекунам, дар миёни раҳгузарон дар кӯчаҳои сабзи Душанбе қадам мезанам.
Масалан, ҳамкорам Абдураҳими Умарзод ба муносибати солгарди Барномаи Ҳамнафас аз онҳо пурсид, Ҳамнафас кист ва ё чист ва чи маънӣ дорад? Посухи онҳо:
-- шахси ба дил наздик
-- модар
-- падар
-- ҳамсар
-- духтари дӯстдошта
Фақат 1 нафар шинохт, ки бо ин ном барномаи радиое вуҷуд дорад ва гуфт, камбудии барнома дар ин аст, ки ним соат вақти ӯро мегирифтааст.


Гуфтем, ки дар ҷараёни кор рӯйдодҳои хандаовар низ садо медиҳанд. Масалан банда боре ҳамнафаси мо, меҳмони гӯшаи "Занги телефон" Муҳаммадраҳим Гадоевро дар соати 3:30 шаб аз хоби ширин бедор карда буд. Ва як ҳамнафаси дигаре дорем, ки ба иллати тафовути замонӣ ҳамеша маҷбур аст ними шаб аз занги мо бедор шавад. Монанди имрӯза. Салом ба Латифи Латифӣ дар Ню Йорк, назари шумо ба ҳамкорӣ бо барномаи Ҳамнафас. Латиф хоболудона мегӯяд, ҳар гузориш барои ин барнома дониши ӯро дар ин ё он самт густариш медиҳад, зеро маҷбур аст, бо мутахассисон ҳамсӯҳбат шавад, аз он бисёр пурсуҷӯ кунад.

Ин ҷо мехостем баъзе мавзӯъҳои Ҳамнафасиҳои яксоларо номбар кунем.
- Ислоҳот дар СММ
- Конститутсияи Тоҷикистон
- Инқилоб чист
- Ормони миллии мо
- Гуфтугӯи динҳо ва тамаддунҳо

Ва як силсилаи дигари барномаҳо кӯшишҳое мебошанд, ки чеҳранигории умумии миллати тоҷикро ба вуҷуд оранд. Ба монанди баҳсҳое аз худшиносиҳои миллӣ ва динӣ, изҳори назарҳо дар бораи мафҳумҳои озодӣ, бовар, орзу, забон, ҳамсоядорӣ, таъом ва либоси миллӣ, тарс, арҷ ба ҳаёт ва ғайра.
Шумо ин ҳама вақт шоҳид будед, ки барномаҳои мо на аз мавқеъи омӯзгор ё донишманд ҳарф мезананд, балки дар паҳлуи шумо баробари шумо нишаста, сӯҳбат мекунанд ва гоҳе бо шӯхию ханда, мавзӯъҳои душворро сабукиҳо илова мекунанд.
Дар барномаи оянда аз инсоф ва аз мазорҳои Тоҷикистон ҳарф мезанем ва шояд посухҳои вазири маорифро, ки дар саҳифаи интернетии мо имкони савол додан ба ӯ барои ҳар яки шумо муҳайёст.
Дар оянда мавзӯъи мо мафҳуми инсоф хоҳад буд. Оё ҳоло инсоф вуҷуд дорад? Бузургтарн намунаҳои инсоф ва беинсофӣ фикру андешае дошта бошед, ба ҳамкорони мо дар кӯчаҳои Душанбе баён кунед ва ё ба воситаи почтаи электронӣ ба мо нома нависед.

Садои ман, Салими Аюбзод, ба сифати коргардон ва шиноскунандаи матолиби барнома як сол пеш, вақте ҳамнафасиро сар мекардем, аз имрӯз дида заъифтар буд ва бовари камтар дошт, ки барнома муваффақ хоҳад шуд.
Ҳатто мусиқӣ ва оғозномаи мо дигар буд.
Аммо ҳоло мо дигар яксола шудем. Яъне акнун ҳарф заданро ёд мегирем.
Худо нигаҳдор ва ҳамаро ба муродаш расонад
XS
SM
MD
LG