Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Ироқ дар меҳмонии Радиои Озодӣ


Суолҳо ба президенти Ироқ асосан омодагиҳоро ба раъйпурсии 15-уми октобр роҷеъ ба Қонуни Асосии ин кишвар то вазъи зисти аққалиятҳои миллӣ дар ин кишварро дар бар мегирифт. Ҷалоли Талабонӣ - раиси ҷумҳури Ироқ муассис ва Дабири Кулли Иттиҳоди Миҳанпарастони Курдистон низ мебошад. Вай 50 сол дар замони режимҳои мухталиф, аз ҷумла режими Саддом Ҳусейн аз ҳуқуқи ақаллиятҳои миллии Ироқ, ба вижа аз ҳуқуқи курдҳои ин кишвар дифоъ мекард.

Аз оқои Талабонӣ пурсида шуд, оё курдҳо, ки суннимазҳаб ҳастанд, бо шиъаҳо метавонанд иттиҳод бошанд ва баъд аз интихобот низ ин иттиҳоди худро ҳифз кунанд? Оқои Талабонӣ дар посух чунин гуфт:

"Албатта, курдҳо бо шиъаҳо дар иттиҳоди қавӣ боқӣ хоҳанд монд. Мо бар зидди диктотурии Саддом Ҳусейн дӯстиву ҳамкории торихӣ дорем. Баъзе ихтилофи назарҳое, ки дар миёни аъзои кобина ба вуҷуд омадааст, ба иттиҳоди стротегии курдҳову шиъаҳо халал ворид нахоҳад кард".

Аз оқои Талабонӣ дар бораи сарнавишти Саддом Ҳусейн пурсида шуд. Вай дар ин бора гуфт:

Ҷалоли Талабонӣ: "Саддом дар Ироқ ба мурофиаи одилона кашида мешавад. Ҳоло вай аз ҳамаи озодиҳои зиндон бархурдор аст. Вай телевизион ва радио дорад, китоб дорад, мехонад, менависад ва метавонад бо ҳар кас дар тамос бошад. Вале вай ҷинояткори ҷангист. Вай бар зидди мардуми Ироқ ҷиноят содир кардааст, бар зидди ҳамсояҳои мо, бар зидди ирониҳо, кувайтиҳо. Ман фикр мекунам, ки вай чун ҷинояткори ҷангӣ барои ин бояд дар додгоҳ ҷавоб диҳад. Вақте ки барои ин ҷиноят ҳукм содир шуд, бояд ба ҳукми додгоҳ эҳтиром гузошт."

Забони модарии Ҷалоли Талабонӣ курдӣ аст ва раҳбарии як кишвари арабизабонро бар ӯҳда дорад. Вале дар нишасти хабарие, ки дар Радиои Озодӣ дар Прага баргузор шуд, вай аслан инглисӣ суҳбат мекард. Ба суоле дар бораи муносиботи кунунии Ироқ бо Эрон вай ба форсӣ сӯҳбат кард.

Дар робита бо муносиботи Ироқу Эрон масъалаи ҳузури гурӯҳи Муҷоҳидини Халқи Эрон дар хоки Ироқ матраҳ шуд. Оқои Талабонӣ гуфт, давлати имрӯзи Ироқ аз онҳо ҷонибдорӣ намекунад, онҳо бо режими Саддом Ҳусейн ҳамкорӣ дошатнд, вале давлати кунунӣ онҳоро аз Ироқ нарондааст. Аз оқои Талабонӣ пурсида шуд, ки чӣ тавр Ироқ ҳам бо Ирон ва ҳам бо амрико метавонад муносиботи хуб дошта бошад, дар ҳоле, ки Ирону Амрико ду кишвари ба ҳам мухолиф мебошанд?

Посухи Раиси ҷумҳури Ироқ чунин буд:
"Мо, масалан замоне, ки дар оппозисиюн будем ва бо давлати Ироқ меҷангидем, ҳам дӯсти Амрико будем, ҳам дӯсти Эрон будем. Ин далели рушди раҳбарии варзидаи Ироқ аст, ки метавонад дар айни ҳол бо ду қутби мутазод дӯстии худро ҳифз кунад. Мо ҳоло ҳамин корро мекунем. Ҳам бо Амрико дӯст ҳастем ва ҳам бо ирониҳо дуст ҳастем"

Ҷалоли Талабонӣ изҳор дошт, ки баъд аз анҷоми раъйпурсӣ дар мавриди Қонуни асосии Ироқ заминаи воқеъӣ барои таъмини ҳуқуқи баробари ҳамаи миллиятҳои сокини Ироқ, демукросӣ ва озодии баён фароҳам хоҳад шуд. Вале вай афзуд, бо анҷоми раъйпурсӣ ҳамаи мушкилиҳо аз миён намеравад. Аз ҷумла, Ироқ мубориза бар зидди терроризмро ҳамчунон давом хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG