Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Деҳоти Роғунро ба Хатлон мекӯчонанд


Санъат Раҳимов - мудири иҷроияи сохтмони нирӯгоҳи Роғун гуфт, дар оғоз сокинон аз ҳафт рустои ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун, ки дар ҳудуди обанбор ҷойгир шуда ва зери об мемонанд, кӯч дода мешаванд. Ҷаноби Раҳимов гуфт, аҳолии деҳоти мазкур огоҳанд, ки онҳоро ба ҷойи дигар кӯч хоҳанд дод. То кунун ҳеҷ кадоме аз онҳо дар ин замина эътироз баён накардааст. Зеро, гуфт ҷаноби Раҳимов, дар ҳамвориҳо шароити мусоиди зиндагӣ ва имконоти рушди бештари хонаводаҳо фароҳам карда мешавад. Ӯ мегӯяд, дар Регар мавозеи хубе барои онҳо дода мешавад, дар Данғара ҳудуди 2 ҳазор гектар замини обӣ ва дар Бешкент шаҳракҳои комилан холӣ интизори ин одамон мебошад.

Мубоҳисоти гарму шадид дар бораи интиқоли ғайриихтиёри сокинони қаламрави обанбори Роғун ба манотиқи дигари кишвар дар авохири солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар арафаи марҳалаи аввали бунёди ин иншоот сурат гирифта буд. Мунаввари Мунавварзод, як рӯзноманигори мустақили тоҷик, ки бо аҳолии ин деҳот борҳо сӯҳбатҳо анҷом дода ва дар робита ба мушкилоти муҳоҷирсозии аҳолии ҳудуди обанбори Роғун матолиб ба нашр расонидааст, гуфт, ба хотири ҷилавгирӣ аз норизоияти мардум ҳукумат бояд тамоми хароҷоти мардумро ҷуброн кунад. Зеро, меафзояд ҷаноби Мунавварзод, аҳолии деҳоти мазкур дар қаламрави зери назари мухолифини собиқи давлат қарор доранд ва хурӯҷи норозигиҳо дар ин минтақа бар манфиати оромии кишвар нахоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки ба таъбири Санъат Раҳимов - мудири иҷроияи сохтмони нирӯгоҳи Роғун, тибқи тавофуқоти ҳосилшуда пардохти ҷуброн барои оилаҳое, ки аз ин деҳот кӯчонида мешаванд, ба дӯши сарпарасти асосии сохтмони нирӯгоҳ - ширкати РусАли Русия вогузор шудааст. Дар ҳамин ҳол, Алексей Соловёв -раиси гурӯҳи тарҳи сохтмони нирӯгоҳи Роғун аз сӯи ширкати РусАли Русия мегӯяд, ширкати олмонии Ламайер, ки арзёбии фаннӣ, иқтисодӣ ва бонкии ин нирӯгоҳро ба анҷом мерасонад, мизони хисорот ва ҳазинаи муҳоҷирати аҳолиро низ мушаххас хоҳад кард. Вай афзуд, ки ширкати мазкур як ширкати мӯътабари ғарбист ва ба ҳангоми мушаххас кардани мизони зарари аҳолӣ ва пардохти ҷуброн аз меъёрҳои ғарбӣ кор мегирад. Ӯ мегӯяд, арзёбии ширкати Ламайер аз сӯи бонкҳои аврупоӣ мавриди санҷиш ва таҳлил қарор мегирад ва маъмулан ин бонкҳо талош мекунанд, ки дар сурати бунёди чунин иншоот аҳолӣ зиён набинад ва манофеи онҳо ҳифз шавад.

Санъат Раҳимов - мудири иҷроияи сохтмони нирӯгоҳи Роғун гуфт, раванди муҳоҷирати сокинони ҳудуди обанбори нирӯгоҳи Роғун бо дарназардошти сохтмони сарбанд ва вусъат ёфтани кӯли маснӯӣ идома ва теъдоди муҳоҷирин ба маротиб афзоиш меёбад.

Ва аммо ин бори аввал нест, ки аҳолии деҳоти ҳудуди обанбори Роғун ба маҳалли дигар кӯч дода мешаванд. Дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар оғози ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин нирӯгоҳ сокинони бархе аз рустоҳо аз ин минтақа ба ноҳияи Данғараи вилояти пешини Кӯлоб муҳоҷир шуда буданд.
XS
SM
MD
LG