Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Замин аз осмон


Дар намоишгоҳ 115 акс ба маърази тамошо гузошта шудааст ва онҳо дар худ манзараҳои ҷолибу аҷиби кишварҳои мухталифи оламро, ки аз осмон ба онҳо нигариста шудааст, инъикос мекунанд. Ян Артюс Бертран мегӯяд, намоишгоҳи ӯ дар 70 кишвари олам барои беш аз 600 000 нафар бо ҳадафи ошноии одамон бо офаридаҳои табиат ва ҳифзи муҳити зист баргузор гардидааст.

«Ман парвоз кардан ва аз баландӣ акс гирифтанро дӯст медорам. Чунки аз осмон манзараҳо пурра ва хеле ҷолиб менамоянд. Ҳамчунин ман мехоҳам ба одамон як чизи ғайриоддиеро нишон диҳам, ки каси дигар онро накарда бошад. Ман ба Тоҷикистон барои нахустин бор омадам, воқеан ҳам манзараҳои зеборо мушоҳида кардам. Албатта дар солҳои оянда дар нақша дорам, ки омада аз манзараҳои ин кишвар низ наворбардорӣ кунам.»

Манзараи заминларзае, ки дар Туркия соли 1999 ба вуқӯъ омада боиси қурбонии 20 000 нафар гардида буд, устохона ва ҳавзҳои рангрезии Мароккаш, корвони шутур бо сояи онҳо дар регзор, лолазори рангаи Ҳолланд ва садҳо дигар манзараҳои зебои табиату зиндагии одамони кишварҳои мухталиф дар аксҳои Ян Артюс Бертран таҷҷасум ёфтааст.

Аксҳои намоишгоҳи «Замине, ки аз осмон дида мешавад» дар панҷараҳои оҳанини боғи марказӣ овехта шудааст ва аксари роҳгузарон дар назди аксҳо ҷамъ омада бо шавқ онҳоро тамошо мекунанд. Мо низ дар баробари тамошои аксҳои ҷолиб бо чанде аз меҳмонони намоишгоҳ мусоҳиб мешавем.

«Бисёр ҷойҳои ҷолибро дидам, бо тарзи зиндагии одамон шинос шудам. Ба хусус ба ман замини шолӣ писанд омад, ки занҳо бо сатилҳо онро об медоданд.»
«Дар маҷмӯъ ин намоишгоҳ ба ман писанд омад. Дар инҷо як ҷаҳон таассуроти хуб бардошта дар бораи бисёр чизҳои аҷиб маълумот мегирӣ. Дар рӯи замин чунон ҷойҳои зебо будааст, ки бо дидани онҳо дил мехоҳад, ки ҳама корро партофта ба дидани онҳо биравӣ. Мана ман дар назди аксе истодаам, ки он дар яке аз ҷангалҳои Фаронса ба навор гирифта шудааст. Дар ин акс манзараи аҷиби яке аз ҷангалҳои Фаронса аст, ки табиатан аз рег дар миёни он расми дил пайдо шудааст. Хеле муассиркунанда ҳастанд ин расмҳо.»


Дар намоишгоҳ барои тамошобинон дар бораи акс ва таърихи мавзеъи ба навор гирифташуда бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардида буд. Аммо истилоҳу ибора ва маълумотҳои аксари аксҳо ба забони тоҷикӣ ғалат тарҷума шуда буданд. Бино ба иттилои маркази фарҳангии Бохтариён Ян Артюс Бертран пеш аз ба ватан баргаштанаш аз Тоҷикистон муддати 1 рӯз ба Бадахшон сафар намуда аксҳои табиати Тоҷикитсонро низ ба навор гирифтааст. Намоишгоҳи аксҳои «Замине, ки аз осмон дида мешавад» то 21 ноябри соли равон идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG