Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафаси сарди зимистон меояд...


«Садои Мардум», нашрияи Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо ишора ба суханронии раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷмаъи умумии Созмони Милал навиштааст, Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки дар марҳалаи кунунӣ рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии он аз кӯмакҳои беруна сахт вобаста мебошад. Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни итминон додани ҷомеаи байналмилал ба масрафи ҳадафманди кӯмакҳои ироагашта гуфтааст, фишори қарзи хориҷии ин кишвар ҳамакнун монеъаи аслӣ дар роҳи рушди иқтисодии Тоҷикистон гардидааст.

«Народная Газета» набуди танзим ва назорати давлатиро аз омили аслии боло рафтани нархи сабзавоту мева ва маводи ғизоӣ дар бозорҳои кишвар номидааст. Ҳафтанома бо интиқод аз бетаваҷҷӯҳӣ ва амалкарди мақомоти масъул навиштааст, дар Тоҷикистон, ки кишвари аграрӣ ва тамоми сабзавоту меваи он маҳсули худист, айни ҳол, қиммати як килограмм картошка ва помидор аз як сомонӣ ҳам боло рафтааст. «Народная Газета» таъкид намудааст, агар вазъ дар фаровонтарин фасли сол - тирамоҳ чунин аст, пас номаълум аст, ки дар зимистон моро чӣ интизор аст.

«Модоме, ки вазорати энергетикаи Тоҷикистон аз рӯи меъёр додани барқро ҷорӣ кардааст, чаро мардумро бо ангиштсанг таъмин наменамояд.» Дар матлабе, ки ҳафтаномаи «Тоҷикистон» зери ин исм дар мавзӯъи вазъи таъмини мардум бо ангишт нашр кардааст, омадааст, бо вуҷуди истихроҷи ҳамасолаи кофии ангишт дар Тоҷикистон мардум имкон надорад, барои зимистонгузаронӣ ангишт харидорӣ намояд.

«Азия Плюс» аз коҳиши ҳаҷми воридоти маводи сӯхт ба кишвар ибрози нигаронӣ намудааст. Ба навиштаи «Азия Плюс» захоири маводи сӯхти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ночиз аст ва он ҳатто имкон намедиҳад, ки мавсими ғунучини ҳосил дар кишвар ба таври муқаррарӣ анҷом гирад. Ҳафтанома тавзеҳи мақомоти вазорати иқтисодро, ки иқтисоди бозаргониро омили пеш омадани чунин мушкил хондаанд, бемасъулиятӣ унвон намудааст.

«Миллат» навиштааст, Тоҷикистон ҳамчун кишвари ақибмонда ба бозори колоҳои бесифати чинӣ табдил мегардад. Далели равшани ин матлаб, афзудааст ин нашрия, баргузории намоишгоҳи серӯзаи колоҳои чинӣ дар Душанбе гардид. Ба навиштаи «Миллат» дар ин намоишгоҳ маҳсулоте пешкаш буд, ки ҳеҷ гуна тамға ва ё нишонаи сифат надошт. «Миллат» афзудааст, кишварҳои ҳамсоя кайҳо боз барои ҷилавгирӣ аз вуруди колоҳои пастсифати чинӣ ба қаламрави худ аз иқдомоте пеш гирифтаанд. Ва Тоҷикистон низ бояд аз як чунин сиёсати ҳисобӣ кор бигирад. Ва аммо беҳтарин роҳи ҳал, ишора менамояд ҳафтавор, ин аст, ки иқтисоди кишвар рушд ёфта ҳамзамон бекориву камбизоатӣ рафъ ва қобилияти баланди харидории мардум таъмин гардад.
XS
SM
MD
LG