Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон - 2005: Бурдҳои аввалин, бохтҳои аввалин


Мадина Эргашева, варзишгардухтари тоҷик дар чаҳорумин давраи бозиҳои варзишии бонувони кишварҳои исломӣ дар Теҳрон соҳиби медали биринҷӣ шуд. Вай масофаи се километрро дар зарфи 19 дақиқаю 31,60 сония тай намуд. Зимнан, ин аввалин медали дар ин бозиҳо ба даст овардаи дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон мебошад.

Бино ба иттилои Фарид Солеҳов, сухангӯи кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳамчунин теннисбози тоҷик Орой Махтумова, ки дар аввалин дидори худ бар ҳарифаш аз Кувайт пирӯз гашт, барои дарёфти медали мусобиқот талош мекунад. Гуштигири маъруфи тоҷик Сабоҳат Исмоилова низ дар аввалин рақобати худ бар дзюдочии эронӣ дастболо шуд. Дастаи мунтахаби занонаи волейболи Тоҷикистон тими Қатарро бо натиҷаи 3 бар 0 шикаст дод. Тими ҳандболи Тоҷикистон низ бидуни бозӣ бо дастаи Сенегал ғолиб дониста шуд, зеро ки ҳариф аз зӯрозмоӣ даст кашид.

Вале дастаи тенниси Тоҷикистон дар аввалин дидори худ аз тими Арманистон шикаст хӯрд. Дастаи баскетболи Тоҷикистон низ нахустин бозиашро ба тими Малайзия бо натиҷаи 46 бар 84 бохт.

Бозиҳои варзишии бонувон дар Теҳрон бо ширкати варзишгарони беш аз 40 кишвари ҷаҳон дар 18 риштаи варзиш то рӯзи чаҳоршанбеи 28 сентябр идома мекунад.
XS
SM
MD
LG