Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дугонаи мусалмони Барби


Фулла моҳи ноябри 2003 дар Сурия «таваллуд» шудааст ва имрӯз дар ҳар дӯкони Сурияву Миср ва ё Урдуну Қатар дар кӯча ҳатман духтарчаеро мебинед, ки савори велосипеди «Фулла» аст ва сақичи «Фулла» зери лаб дорад. Акнун волидоне, ки дирӯз ҳатто фикр ҳам кардан намехостанд, ки барои духтарчаашон Барби бихаранд, имрӯз хушҳоланд, ки барои фарзандашон лӯхтаке мехаранд, ки ҳатто ҷойнамози хурдакак дорад. Ва акнун ҳар чизе, ки Фулла дорад, миёни духтарчаҳои кишварҳои арабӣ мӯд гаштааст.

Фулла на нахустин лӯхтакест, ки ҳиҷоб ба сар кардааст. Дар бархе аз кишварҳо Барбии Мағрибӣ ва Лайлӣ ва дар Ирон Соро фурӯхта мешавад вале ягоне аз инҳо дар шӯҳрат бо Фулла баробар шуда наметавонистаанд. Фулла лӯхтаке будааст ростқавлу ростгуфтор, рағбат ба донишандӯзӣ дорад ва арҷи волидонашро ба ҷо меорад. Ва ин хислатҳо аз сабабҳои аслии маҳбубияти Фулла будааст.

Ҳарчанд, Фулла ба ҳеҷ ваҷҳе дӯстписари худро пайдо нахоҳад кард, ба мисли дугонаи ғарбии худ, ки Кен дорад, вале, ба наздикӣ Фулла - духтур ва Фулла - муаллима «ба дунё меомадаанд». Интизор меравад, бо ин васила шавқи духтаракони араб ба ин касбҳо бештар гардад.

Ҳарчанд Фулла бо вуҷуди нархи гаронаш дар рафи дӯконҳо гард гирифта намехобад, аммо на ҳама ӯро дӯст медоштаанд. Бархе назаре доштаанд, ки Фулла - баёнгари тафаккури консервативии ҷомеа аст ва ҳам касро аз тифлӣ пойбанди ин ақоид мегардонидааст.
XS
SM
MD
LG