То ду соли оянда ворид намудани ислоҳот ба сохтори иттиҳоди гумрукии мамолики узви Созмони Ҳамкории Иқтисодии АвруОсиёӣ як амали душвор ва ғайриимкон хоҳад буд. Григорий Рапота, дабири кулли ин созмон зимни ширкат дар нишасти 32-юми комиссияи намояндагони доимии созмони мазкур дар Душанбе гуфт, тибқи нақшаи қаблӣ ин масъала бояд дар соли 2006 ҳалли худро меёфт, аммо ду омил боиси тӯл кашидани ҷараёни ислоҳоти иттиҳоди гумрукӣ шудааст. Ҷаноби Рапота мегӯяд:
«Нахуст ин ки сохтори иттиҳоди воҳиди гумрукӣ бояд дигаргун гардад ва қавоиди ягонаи тиҷорӣ таъин шавад. Масъалаи дуюми муҳим ин аст, ки бояд як мақоми миллӣ таъсис ёбад ва ин мақом тарифҳои ҷадиди гумрукиро таъин кунад. Бояд гуфт, ин барои кишварҳои узви созмон натанҳо як мушкили иқтисодист, балки равонӣ ҳам ҳаст, зеро мамолики узви иттиҳод тайи 15 соли ахир ҷиҳати ба даст овардани истиқлоли комил дар талош буданд, аммо феълан онҳоро лозим омадааст, то масоили гумрукиро якгуна ва дар ҳамбастагӣ мавриди муҳокима қарор бидиҳанд.»
Ҳамзамон, ширкатдорони ин нишаст пиромуни таъсиси як сохтори ҷадиди мавсум ба шӯрои созмони ҳамкории иқтисодии АвруОсиёӣ оид ба сиёсати иқтисодию молиявӣ табодули назар карданд. Ба гуфтаи Владимир Никоноров, мушовири дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодии АвруОсиёӣ, интизор меравад, аснои нишасти сарони кишварҳои узви ин созмон лоиҳаи низомномаи ин мақоми навбунёд, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ дар Маскав тартиб дода шудааст, ба тасвиб расад.
Нишасти сарони ҳукуматҳои мамолики узви ин созмон рӯзи сешанбеи 27-уми сентябр дар Душанбе баргузор мешавад ва дар он аз ҷониби Тоҷикистон нахуствазири кишвар Оқил Оқилов ширкат меварзад. Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Белоруссия аьзои Созмони Ҳамкории Иқтисодии АвруОсиё буда, Арманистон, Молдова ва Украина дорои мақоми нозири ин ташкилот мебошанд.

Дар мазҳабатон зулм ба ин халқ гуноҳ нест? Ё ин, ки фақат ҳарфи шумо ҳарфи ҳисоб аст? Аз оҳи дили мардуми бечора битарсед, Нафрини ҳамин халқ худаш авҷи азоб аст.
Буз дар ғами ҷону қасоб дар ғами чарбу. Дар Афғонистон 5400 толиб озод шуду 3035 ғайринизомӣ кушта ва 5758 нафар захмӣ шуд. Вале хориҷиён қурбонӣ надоштанд. Тавофуқи аҷиб...
Хукуматдорон хаел мекунан хар кадаре хоханд дуруг ва ноадолати мекунанд. Вале намедонанд, ки Худо онхоро назорат кардаистодааст ва хар кадаре бештар имконият ислох шудан медихад. Аммо ин хукуматдорон, чое ки дуруг хаст, рост намегуян.
Эрон батар аз Исроил аст.....?
Хизмат ба Ватан камоли мардист. Гуфтахои шумо буйи ватанбадбини мекунад.