Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуҷанд - барандаи ҳамаи медалҳои тиллоӣ


Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз, ки дар толори варзишии донишгоҳи техникии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии дастаҳои мунтахаби мардонаю занонаи вилояти Суғд ба поён расид.

Ҳамаи медалҳои тиллоро варзишгарони шаҳри Хуҷанд соҳиб шуданд. Дар рақобатҳои инфиродӣ Акбар Яҳёев мақоми аввалро касб намуд. Зулфинисо Саидолимова байни занон ғолиб омад. Дар рақобатҳои ҷуфти мардона Хуршед Солибоев ва Афзал Маҳмудов пирӯз шуданд. Рақобатҳои ҷуфти занона бо ғалабаи Азиза Қориева ва Парвина Расулматова хотима ёфт. Акбар Яҳёев ва Зулфинисо Саидолимова дар рақобатҳои ҷуфти омехта муваффақ ба дарёфти медалҳои тиллои мусобиқот шуданд.

Воқеан, чаҳор теннисбоззани тоҷик - Зулфинисо Саидолимова, Азиза Қориева, Катя Ишенко ва Зебо Шарифова дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар чаҳорумин давраи бозиҳои варзишии бонувони кишварҳои исломӣ бегоҳи рӯзи 22 сентябр ба Теҳрон сафар карданд.
XS
SM
MD
LG