Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзуву умедҳо аз Теҳрон


Шаҳноз Раҷабова раҳбари ҳайати варзишгарони тоҷик номбар менамояд.
«Каратэ-до, таэкван-до, варзиши сабук, тенниси рӯи миз, тенниси калон, теннис барои варзишгарони маълул, камонварӣ, тирандозӣ, волейбол, баскетбол ва дзюдо»

Вале Тоҷикистон ба пирузӣ дар кадом намуди варзиш бештар умед дорад? Сулаймон Абдулвоҳидов, раиси кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон ба ин суол чунин посух дод:
«Мо албатта ба ҳамаи намудаш умед дорем, лекин зиёдтар ба варзиши сабук ба каратэ, таэквандо ва тенниси рӯи миз. Умед дорам, ки албатта бо медалҳои нуқраву тилло ба Тоҷикистон бармегарданд.»

Наргис Абдулова, варзишгари тими таэквандо, ки дар ин мусобиқа ба ҳайси довар ширкат менамояд, мегӯяд, таи ним сол аст, ки ба ин бозиҳо омодагӣ мебинад ва мутмаин аст, ки пирӯзӣ насибаш хоҳад гашт.
«Духтарони тоҷик, яъне, варзишгарони мо омодагӣ дар ҳамин шаҳр диданд, барои дар берун аз ҷумҳурӣ омодагӣ дидан имконият надоштем. Аммо боварии комил дорем, ки омода ҳастем ва дар ин мусобиқа ҷои аввалро ишғол мекунем.»

Зулфиниссо Саидолимова, бозингари тенниси рӯи миз аст ва дар ду бозии қаблии бонувони кишварҳои исломӣ ширкат доштааст. Зулфиниссо мегӯяд, имрӯз духтарон бояд бештар ба тенниси рӯи миз рӯ оранд.
«Дигар намудҳои варзиш бисёр мушкилиҳо дорад, захм меорад ва барои занон вазнинтар аст, намуди спорти мо бисёр намуди базеб ва нозук аст ва барои фикрронӣ ва қувваи босира манфиат ҳам дорад.»

Дар ин риштаи варзиш, яъне тенниси рӯи миз ҳамчунин 4 варзишгарзани маълули тоҷик низ дар бозии бонувони кишварҳои мусалмон ширкат хоҳанд кард. Ҷамилаи Юсуф, мураббии варзишгарони маълул омодагии шогирдонашро чунин баҳо дод:
«Ман боварӣ дорам, ки мо аз ӯҳдаи ин кор мебароем, духтарони мо фаъоланд ва омодагии хуб дидаанд.»

Шаҳодат Саидова дар мусобиқаи мазкур ҳамчун тирандоз Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Ӯ мегӯяд, барои омодагӣ ба ин мусобиқа духтарони тирандоз на он қадар шароити хуб доштаанд. Ва умуман ҷалби ҷавондухтарон ба ин навъи варзиш имрӯз хеле кам ба назар мерасад.
«Аз намуди тирандозӣ духтарон хеле каманд ва камтар шароитҳо барои тайёрӣ дидан мушкилтар буд, масалан, бо пулки тир норасоӣ доштем. Мо аз кумитаи миллии олимпӣ ва тарбияи ҷисмонӣ хоҳиш мекунем, ки дар оянда кӯмаки худро расонанд, то духтарон дар ин навъи варзиш бештар ширкат намоянд»

Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин аксари духтарони тоҷик умед доранд, ки аз Теҳрон бо медал бармегарданд.
XS
SM
MD
LG