Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедҳо амалӣ шуданд?


КӢ ҒОЛИБ ОМАД?

Албина Ҳабибулина аз дастаи Узбакистон дар рақобатҳои инфиродӣ байни духтарон дар ҳарду давраи мусобиқот мақоми аввалро касб намуд. Ҳамватани ӯ Саша Колесниченко мақоми дуввумро ишғол кард. Боз ду варзишгари узбак - Шаҳноза Қориева ва Лола Азимова дар давраҳои якуму дуввум муваффақ ба дарёфти мақоми севвум шуданд. Таҳмина Бурҳонова, теннисбоздухтари тоҷик дар давраи аввал мақоми ҳаштум ва дар давраи дуввум мақоми ёздаҳумро ишғол намуд.

Давраи аввали рақобатҳои инфиродӣ байни писарон бо пирӯзии Азиз Юлдошеви узбак ба поён расид. Ҳамдастаҳои ӯ Христорс Кисиди ва Санҷар Файзиев мутаносибан мақоми дуввуму севвумро соҳиб гаштанд. Дар давраи дуввуми мусобиқот Денис Евсеев аз Қазоқистон ғолиб омад. Санҷар Файзиев мақоми дуввум ва Азиз Юлдошев мақоми севвумро ишғол карданд. Аҳмадҷони Муҳаммад, теннисбози тоҷик ва Дониёр Дулдаев, теннисбози қирғиз дар рақобатҳои инфиродӣ мақоми чаҳорумро бо ҳам диданд.


ДАР РАҚОБАТҲОИ ҶУФТӢ ЧӢ?

Албина Ҳабибулина ва Олга Колесниченко дар ҳарду давраи рақобатҳои ҷуфтӣ байни духтарон мақоми аввалро ишғол намуданд. Лола Азимова ва Шаҳноза Қориева дар зинаи дуввум қарор гирифтанд. Давраҳои якуму дуввуми рақобатҳои ҷуфтӣ байни писарон бо ғалабаи Азиз Юлдошев ва Артём Тарасов хотима ёфт. Денис Евсеев ва Санҷар Файзиев дар давраи аввал соҳиби мақоми дуввум шуданд. Аҳмадҷони Муҳаммад ва Санҷар Файзиев дар давраи дуввуми мусобиқот мақоми дуввумро касб карданд.


БА ҲИНДУСТОН КӢ МЕРАВАД?

Ба ин тартиб, ҳашт нафар зӯртарин теннисбозони мусобиқоти интихобии минтақавӣ - чаҳор писар ва чаҳор духтар барои ширкат дар марҳалаи дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки соли оянда дар Ҳиндустон баргузор мешавад, роҳ ёфтанд. Танҳо соҳиби роҳхати охиринро Суреш Мемнон, намояндаи Федератсияи байналмилалии теннис ( ITF) аз байни ду муддаӣ - Аҳмадҷони Муҳаммад ва Дониёр Дулдаев то охири соли равон муайян хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG