Олим Бобоев, раиси ҳизби «Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон» дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи аслии ин ҳизб коҳиши мизони фақр, танзими дурусти хусусигардонӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Ба гуфтаи ҷаноби Бобоев, аксари аҳолии кишвар бояд соҳиби моликияти ғайриманқул бошанд, зеро ба қавли вай, ҳар қадар дороии аҳолӣ бештар шавад, ҳукумат низ барои таҳкими барномаҳои ҷамъиятӣ имконоти васеъ пайдо мекунад. Раиси муваққати Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ мегӯяд, ҳамзамон, дар самти идораи мақомоти иқтисодӣ бояд дигаргуниҳо ворид шаванд. Ҷаноби Бобоев дар ин робита бо интиқод аз фаъолияти феълии вазороти иқтисодии кишвар гуфт:
"Ман қонеъ нестам аз он фаъолияте, ки имрӯз сохторҳои идораи иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба амал меоранд. Чунки ин ҷо такрор иҷрои бисёр масъалаҳо ҳаст, баъзе дастурҳо ба ҳамдигар мухолиф ҳастанд. Ҳамин чизҳо як монеа дар роҳи ҳаллу фасли оперативии масъалаҳои инкишофи иқтисодӣ мегардад. Сохтори идораи иқтисодии давлат як соддакуниро талаб мекунад. Бисёр функсияҳои вазоратҳое, ки марказонида шудаанд, бояд ба функсияи бозор гузаронида шавад. Баъзе вазоратҳое ҳастанд, ки ҳам функсияи идоракунӣ ва ҳам вазифаи хоҷагидориро иҷро мекунанд. Функсияҳои хоҷагидориро мо бояд пурра боварӣ карда супорем, идораи давлатӣ - вазоратҳо бояд фақат танзими давлатии иқтисодиётро ба роҳ монанд."
Ҷаноби Бобоев мегӯяд, анҷумани таъсисотии ҳизб 19-уми сентябр баргузор шуд. Зимнан ҷонибдорони ин ташаккули сиёсӣ аз кулли манотиқи кишвар оинномаи ҳизб ва раҳбарияти онро тасдиқ ва интихоб намуданд. Вай мегӯяд, тайи ҳафтаи равон ҳамаи асноди лозимаи ҳизб ҷиҳати сабтином ба вазорати адлияи кишвар пешниҳод хоҳад шуд. Ба гуфтаи ҷаноби Бобоев, айни замон беш аз ҳазор нафар аз тарафдорӣ ба ин ҳизб изҳор доштаанд ва аксари афроди ҷонибдори ин ҳизбро ҷавонони таҳсилкарда, донишомӯзон ва олимони ҷавон ташкил медиҳанд.

Салом радиои озоди агар бовар кунед е на дар нохияи Рудаки замин фуруши дар дарачаи аваласт боваркунед ....
Бра кори хта кун Бозори Безори..
Аввало латукуби хабарнигоронро чонибдор нестам, АММО маълум аст ки ин гузориши Шумо як дассисабозие беш нест. Афзоиши нархи сузишворй дар Точикистон мутаасифона як амри чоизаст, зеро мо истеъмолкунандаем на истехсолкунанда! Дуввум ин, ки агар бегараз гузориш карданй мешудед, пас рафта Бинед, ки бо кадом нарх дар мо ворид мешавад ва баъди супоридани бочхо бо кадом нарх фурухтанаш мумкин аст. Холо дар Россияву Казокистон низ афзоиши нархи сузишворй дида мешавад,ки инро Шумо намебинед. То ба кай игвогарй мекунед?????
Холи гам натен сомон эйра як се сол бизнес мекунад бад рохои замини кушода мешавад. Бечора камбагало монен ягон миллион доллар кор кунанд аз хисоби мухочирои миллиардер
Ин худ холати Бади режима нишон метия..