Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари варзишгарони тоҷик ба Теҳрон


Корвони варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумули 87 варзишгар барои ширкат дар чаҳорумин Бозиҳои бонувони кишварҳои исломӣ шоми панҷшанбеи 22 сентябр вориди Эрон мегардад. Дар ин бора Сулаймон Абдулвоҳидов, раиси кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 20 сентябр дар сӯҳбат бо хабарнигорони дохилию хориҷӣ иттилоъ дод.

Вай гуфт, бозиҳои бонувони кишварҳои исломӣ аз 22 то 28 сентябр дар пойтахти Эрон - шаҳри Теҳрон баргузор мешавад. Дар рақобатҳо ширкати занони варзишгари беш аз чиҳил кишвари дунё дар назар аст. Онҳо дар чаҳордаҳ риштаи варзиш рақобат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ҷаноби Абдулвоҳидов, варзишгарзанони тоҷик дар риштаҳои мухталиф, аз ҷумла баскетболу волейбол, варзиши сабук, камонварӣ, каратэ, таэквондо, дзюдо, тенниси майдонӣ, тенниси рӯи миз, тирандозӣ ва шиноварӣ ширкат меварзанд. Ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон аз варзишгарони маъруфи ин кишвар, ба мисли тирандоз Сурайё Ҷумъаева, камонварон Наргис Набиева ва Фирӯза Зубайдова, гуштигир Сабоҳат Исмоилова, давандаҳо Владислава Овчаренко ва Олга Герасимова, таэквондочиён Парвина ва Таҳмина Исомоваҳо, каратечиён Нигора Тӯраева ва Нигина Хайруллоева, шиноварон Катерина Измайлова ва Наталя Тушева иборат аст.

Раҳбари кумитаи варзиши Тоҷикистон дар идома иброз дошт, дар чаҳорумин бозиҳои бонувони кишварҳои исломӣ ҳамчунин варзишгарони маълули тоҷик дар риштаи тенниси рӯи миз ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG