Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Об - ганҷи равони Тоҷикистон


Омӯ - бузургтарин дарё дар Осиёи Марказист, ки ба он тамомии дарёҳои ҷануби кишвар бо шумули Панҷ, Вахш, Кофариниҳон ва Бартанг мерезанд. Омӯ беш аз 50 миллиард метрии мукааб об дорад. Сирдарё, ки ба он дарёи Исфара, Зарафшон, Исфана мерезанд, 700 миллион метри мукааб об дорад. Сирдарё усулан ба обанбори Қайроққум, маъруф ба «Баҳри Тоҷик» мерезад. Аз ин обанбор заминҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон обшор мешавад. Обанбори Норак дуввумин бузургтарин махзани об дар кишвар аст, ки аз он ду нирӯгоҳи барқӣ -обии Норак ва Бойғозӣ истифода мебарад.

Ва аммо дар мавриде ки миллиардҳо метри мукааб оби кишвар тавассути Омӯ ва Сирдарё ба кишварҳои ҳамҷавор ройгон мерезанд, ин наҳрҳо ҳамасола ба кишвар миллионҳо сомонӣ зарар меоранд. Сироҷиддин Муллоев, сардори ситоди вазорати изтирории кишвар мегӯяд, паёмади селҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ ва рафъи офатҳои табиӣ ҳамасола бар дӯши Тоҷикистон аст.

Ин дар мавридест, ки аз дарёҳои кишвар дигар давлатҳо ҳам истифода мебаранд. Коршиносон мегӯянд, ҷониби Тоҷикистон муваззаф аст, соле то 36 маротиба сатҳи оби ошомиданиро дар поёноби дарёҳо, ки аз кишвар хориҷ мешаванд, бисанҷад ва обро соф карда, ба талаботи беҳдоштӣ мутобиқ кунад. Ва ин дар ҳоле, ки ба иттилоъи як масъули обанбори Исфара кишварҳои ҳамҷавор, аз оби ин дарё бештар истифода мебаранд:

«Аз якуми октябр то якуми апрел ҳар сол оби дарёи Исфараро ба пуррагиаш Қирғизистон мегирад. Ба мо фақат якуним куб об барои хӯрокаи шаҳри Исфара медиҳанд. Баъд аз якуми апрел, аз ҳамин сарбанде, ки мо дар болояш истодаем ва он ҳудуди Тоҷикистон аст, ин об байни ӯзбакҳо, тоҷикҳо ва қирғизҳо тақсим мешавад. 44 фоизи обро Ӯзбакистон мегирад, 22 фоизро Қирғизистон ва танҳо 34 фоизашро Тоҷикистон. Инро танҳо мо таъмир мекунем. Аз ин рӯ мо хоҳиш дорем, ки Ӯзбакистону Қирғизистон ҳам ба мо ёрдам кунанд»

Мусоҳиби ман гӯяд, тақсимоти оби наҳри Исфара тибқи қарордоди шӯравии собиқ сурат мегирад, ки дар он даврон Қирғизистон дар таъмири он даст доштааст. Ва аммо имрӯз таъмир ва поккории ин наҳр бар дӯши танҳо Тоҷикистон будааст. Ва аммо Ҳикматулло Насриддинов, вазири оби вақт мегӯяд, дар замони шӯравӣ дар таъмири обанбору наҳрҳои кишвар ягон ҷумҳурӣ даст надоштааст:

«Онҳо дар ягон давру замон маблағ ҷудо намекарданд ва таъмир ҳам намекарданд. Ҳамаи корҳои тармимӣ аз ҳисоби буҷаи давлати шӯравии Тоҷикистон мешуд. Ҳоло намедонам. Ба фикрам аз буҷа пул ҷудо намекунанд. Интизори кӯмакҳо, гранти хориҷаанд»

Ва аммо Сироҷиддин Муллоев мегӯяд, соҳилмустаҳкамкунӣ ва рафъи харобаҳо дар мавсими баландравии об дар ин дарё низ бар дӯши Тоҷикистон будааст: «Ҳамсоякишварҳо бояд донанд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон мо агар соҳилҳоро бандем бар фоидаи онҳо ҳам ҳаст. Вале агар мо таъмир накунем ба онҳо ҳам зарар мерасад»


ВА АММО ДАРЁИ ИСФАРА МОЛИ КИСТ? Посух ба ин суол ва идомаи ин мавзӯъ дар матлаби баъдист. Мутаваҷҷеҳи www.ozodi.org бошед!
XS
SM
MD
LG