Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишгоҳи молҳои чиноӣ дар Душанбе


Аввалин намоишгоҳи ихтисосии колоҳои чинӣ дар Тоҷикистон дар пойтахти ин кишвар - шаҳри Душанбе гушоиш ёфт. Дар ин намоишгоҳ 150 ширкату воҳидҳои тавлидии вилояти Қошғари Чин мушорикат доранд ва беш аз 350 навъ фаровардаҳои худ дар бахшҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон ва мошинолоту фановариҳои компютериро ба маърази тамошо гузоштаанд.

Асадулло Ғуломов муовини нахуствазири Тоҷикистон баргузории аввалин намоишгоҳи молҳои чинӣ дар Тоҷикистонро гоми муассир ҷиҳати тақвияти равобити тиҷории байни Чину Тоҷикистон номид. Оқои Ғуломов афзуд, аз соли 2000-ум то кунун миёни Тоҷикистону Чин дар бахшҳои мухталиф 30 шартномаи муштараки ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Асадулло Ғуломов рушди муносиботи тиҷорӣ миёни Чину Тоҷикистонро ба нафъи ҳар ду кишвар хонд ва гуфт, танҳо дар панҷ соли охир равобити тиҷории тарафайн миёни ду кишвар 20 баробар афзудааст. Муовини нахуствазири Тоҷикистон ҳамчунин иброз дошт, табодули мол миёни ду кишвар дар соли 2004 70 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Ню - мушовири иқтисодии сафорати Чин дар Тоҷикистон гуфт, намоишгоҳи молҳои чинӣ дар Тоҷикистон заминаи ҳамкориҳои бештари тиҷориву иқтисодӣ миёни ду кишвар фароҳам мекунад. Ӯ афзуд, ҳадаф аз ташкили ин намоишгоҳ пеш аз ҳама тақвияти доду ситад ва муносиботи иқтисодӣ миёни ширкату соҳибкорон ва муассисоту корхонаҳои ду тараф ба ҳисоб меравад. Намоишгоҳи молҳои чинӣ то 18 сентябр идома ёбад.
XS
SM
MD
LG