Пайвандҳои дастрасӣ

Инсон 1000 сол хоҳад зист?


Пажӯҳишгарони Донишгоҳи Кембриҷ мегӯянд, ба кушодани банде наздик шудаанд, ки пизишк ва файласуфи машҳури тоҷик Абӯалии Сино аз боз накардани он шиква дошт. Ирсшинос Обри Ди Грей ба хабаргузориҳо гуфт, пас аз 20 соли дигар, мушкили фавти одам бо марги табиӣ ҳал ва банди аҷал кушода хоҳад шуд. Ди Грей дар маркази Сенси Кемрбриҷ (Бритониё) якҷо бо даҳҳо олими зистшинос, пизишк ва мутахассисони ҳандасаи ирсӣ ба натиҷае расид, ки бо роҳи дахолат дар таҳаввулоти ирсии ҷисми инсон онро метавон абадӣ кард. Ба ҳар ҳол, тӯли умр то ҳазор сол хоҳад шуд, мегӯяд ӯ.
Гурӯҳи олимон гени митохондрияро кашф карданд, ки як навъ коргоҳи тавлиди ҳуҷайраҳои бадан буда, дар ҳоли тақвият ва идораи амали он, метавонад, бо навсозии беохири ҷисм машғул бошад. Ҳамчунин онҳо мегӯянд, бо нусхабардорӣ ва нашри 13 навъи сафеда дар ДНА-и инсон метавон ба рушди давомдор мусоидат кард. Ва бета-брекерҳои берун аз ҳуҷайра, ба истилоҳ "фаррошони бадан" унвон шудаанд, ки ба поксозии ҷисм машғул будаанд. Ба гуфтаи Ди Грей ҳанӯз ҳеҷ гоҳ ҳамаи иттилоъ дар ин бора дар як ҷо ҷамъ оварда нашуда буд ва таҷрибаҳои маҷмӯъӣ аввалин амалӣ шудаанд.
Аммо устоди Донишгоҳи Иллинойси Чикаго Ҷей Олшански дафъатан ба ин изҳороти Ди Грей посух дода, онро беасос номид ва гуфт, аз пизишки қарни дуи пеш аз милоди юнонӣ Гален, файласуфи чиноӣ Ко Ҳуан ва пизишки ҷаҳонӣ Ибни Сино гирифта то имрӯз орзуи бемаргӣ ҳамаро ба ҳаяҷон меорад, вале ин орзу ҳамоно дастнорас боқӣ мемонад. Олшански гуфт, назарияи Ди Грей пояи устувори илмӣ надорад.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG