Донишгоҳи давлати Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо таъсиси беш аз 5 факултаи ҷадид, шурӯъ аз соли нави таҳсил дар як маврид аз рӯи ду касб мутахасис омода месозад. Ин факултаҳоро дар донишгоҳ факултаҳои дугона ном мебаранд, ки муҳассилинро аз рӯи ихтисосҳои забонҳои англисӣ, олмонӣ, физика, математика, тоҷикӣ русӣ, тайёр менамояд.
Омода намудани чунин мутахасисони дорои ду касб дар 10 соли ахир аввалин таҷрибаест, барои донишгоҳҳои Тоҷикистон, ки ба роҳ монда шудааст - мегӯяд Бобоҷон Турдиев сардори шӯъбаи таълими ин донишгоҳ ва меафзояд:
"Донишҷӯён баъди хатми донишгоҳ метавонанд бо 2 забон озодона дарс гӯянд."
Бар замми ин соли равон дар система ва шароити таҳсили донишгоҳ низ дигаргуниҳо ворид шуданд. Акнун ба фарқ аз аксари дигар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, муҳассилини ин мактаби олӣ имтиҳону санҷишҳои худро тариқи системаи компютерӣ месупоранд. Ин таҷриба дар Донишгоҳи Носири хисрав аз соли гузашта шурӯъ гардида, дар соли нави таҳсил ҳам зиёда аз 2000 довталабон тариқи ин системаи ҷадид ба донишгоҳ қабул шуданд. Аммо дар маҷмӯъ имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа беш аз 8 ҳазор донишҷӯ аз рӯи 28 ихтисос таълим мегиранд.
Бобоҷон Турдиев мегӯяд, ин системаи нави қабули имтиҳон ҳам барои омӯзгорон ва ҳам барои донишҷуён додану гирифтани ришваро маҳдуд месозад.
Донишгоҳ имрӯз дорои 130 компютер аст ва гуфта мешавад, аз ин ба баъд тамоми имтиҳонҳои донишгоҳ тариқи ин системаи ҷадид сурат мегирад. Муҳиба ном донишҷӯи курси дуввуми донишгоҳи Қӯрғонтеппа, соли гузашта аввалин бор тариқи компютер имтиҳон супурда буд. Ӯ мегӯяд ин система имрӯз барои тамоми донишгоҳҳо зарур аст:
«Фикр мекунам ин хубтар аст, чунки тариқи компютер танҳо донишҷӯ ва компютер асту муаллимон дахолат намекунанд ва устод наметавонад, аз донишҷӯ пул гирад, барои имтиҳонот. Бо гузашти солҳо агар чунин идома ёбад, фикр мекунам, дигар донишҷӯ ба устод такя намекунад, танҳо ба дониши худ такя мекунад.»
Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин пешрафту навовариҳо аксари донишҷӯёни Қӯрғонтеппа аз даъват ба пахтачинӣ дар ташвишанд, зеро имрӯз аллакай муҳассилини бархе аз донишгоҳу донишкадаҳои Қӯрғонтеппаро ба пахтачинӣ сафарбар менамоянд ва дигар донишҷуён ҳам, ки шароити пахтачиниро хуб медонанд, аллакай дар ҳаросанд.
Аммо масъулини донишгоҳи Носири Хусрави Қӯрғонтеппа мегӯянд, ҳоло супориши ба пахтачинӣ бурдани донишҷӯён наомадааст, вале дар ҳоле, ки фармон шавад ҳатман донишҷӯён сафарбар мешаванд. Ва ба гуфтаи донишҷӯён, ҳар нафаре, ки ба пахтачинӣ намеравад аз донишгоҳ хориҷ мегардад. Бинобарин бархе аз муҳассилин роҳи дигари гурез аз пахтаро пайдо кардаанд:
"Меравем 100 сомонӣ медиҳем, як варақаи беморӣ мегирем, намеравем пахта барои он ки ҷои хоб нағз нест, шароит хуб нест, нағз нигоҳ намекунанд. Шароитро беҳтар кунанд меравем, накунанд не. Порсолам як моҳ бурда буданд, ғизои бад буд, пул ҳам намедоданд."
Ҳамин гуна донишҷӯён омодаанд, ҳатто варақаи қалбакии бемориро бо нархи гарон бихаранду дигар чанд моҳи худро дар пахтазорҳо нагузаронанд. Дар ҳоле, ки тибқи як супориши раисҷумҳур истифодаи қувваи донишҷӯён ва дур кардани онҳо аз таҳсил манъ карда шудааст.

Аз нозири барқ сар карда то мансабдорони ин соҳа миллионер шудаанд. Қарзи душманонро нагиреду бигзор мақомоти коррупсия кори ширкатҳои барқиро хуб назорат кунад. Фоидааш ҳам ба давлат мерасад ҳам зарурати баланд бурдани нархи беинҳам гарони барқ аз байн меравад!
Бонки Осиёии Рушд (Asian Development Bank) душмани Тоҷикистон ва тоҷикон аст? Ҳармоҳа то 250-300 сомонӣ пули барқ месупорем дар ҳоле, ки маошамон 1000 сомонӣ аст. Бонки Осиёии Рушд вазъи иқтисодии мардумро ба назар намегирад? Мо об намехарем, ки нархи барқро баланд кунем. Нархи барқ барои мардум бояд арзон карда шуда, аз ҳисоби барқе, ки содирот мешавад фоида бигиранд. Ҳамчунин ширкатҳои бузург, ки аз пардохти пул барқ озоданд бояд онро пардозанд! Мансабдороне, ки чунин қарор қабул мекунед дониста бошед, ки шумобарин сарватмандон ҳамагӣ 5-10%-и аҳолӣ аст. Боқи 90% аҳоли камбизоат аст. Шояд бас аст ғорати халқи бе инҳам камбағал.
Ин рохбарони ҳукумат миллатро ба ғуломии русҳо фурухтаву аз худ қаҳрамону пешвову асосгузор тарошида мардумро сарсону хору зори аҷнабиён кардаанд аммо худ дар кайфу сафо!
Барои чори кардакни системаи билинги аввал бояд мардума бо чои кору маоши на кам аз 2000 сомон таъмин кунан. Баъдан маоши камтарина 1000 сомони кунан. Вакилон бояд дигар харочотхои мардума ба назар гиран. 1. нархи орда аз 200 сомони боло набардоран. 2. нархи равгани 5 литраш аз 60 сомони боло набошад. 3. тухм 1 донаш аз 70 дирам боло набошад. 4. нархи шакар 1кг аз 6 сомони боло набошад. хулас бисёраст номгуи махсулоте, ки бояд нархаша поин фароран. Вакилони халк инашам ба назар гирифтен. Охир шарм кунен бечора мардак 1 мох кор мекуна 1000 сомони маош мегира ба ин нарху наво аз кучо пешпардох мекуна пули барка и систематон намешава то маоша хар сол 20 % - и боло набардорен
Ба охранники "Соро ойл". Машав гарра бо зури бозуи хеш, Ки бошанд зурбозухо аз ин беш.