Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теннисбозони Осиёи Марказӣ дар Душанбе


Дар мусобиқоти интихобии байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон, ки дар шаҳри Душанбе оғоз шуд, варзишгарони синнашон то сездаҳсола аз кишварҳои Осиёи Марказӣ - Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ширкат доранд. Ба гуфтаи Фарид Солеҳов, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ғолибони рақобатҳо байни писарон ва духтарон барои ширкат дар марҳилаи дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ меёбанд.

Ва дигар ин ки давраи дуввуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бо дидори пешсафони ҷадвали бозиҳо оғоз шуд. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа , ки дар майдони худ бар ҳарифи аслиаш «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо натиҷаи 2 бар 1 ғалаба кард,бо 25 имтиёз ба зинаи аввали ҷадвал баромад. «Регар»ТадАЗ бо 23 имтиёз ба зинаи дуввум фуромад.

Дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров , ки дар майдони худ «Данғара»- и Данғараро бо натиҷаи 3 бар 0 шикаст дод, бо 17 имтиёз мавқеашро дар зинаи севвум нигаҳ дошт. Дар се бозии дигари даври даҳуми мусобиқа CSKA-и Душанбе бар дастаи меҳмон- «Равшан»-и Кӯлоб бо натиҷаи 2 бар 1, «ХИМА»-и Душанбе дар варзишгоҳи марказӣ бар СКА «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 2 ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ бар «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 3 бар 0 пирӯз гаштанд.

Шӯҳрат Шамсиев, ҳамлагари дастаи «Хуҷанд», ки ба дарвозаи ҳарифонаш ҳашт гол задааст, дар рақобатҳои беҳтарин нишонзанҳои мусобиқа мақоми аввалро ишғол мекунад.Даври ёздаҳуми мусобиқа рӯзҳои 17 ва 18 сентябр баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG